Раиси вилоят дар шаҳри Истиқлол собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории худ ба шаҳри Истиқлол собиқадорони меҳнат Баҳриддин Нишонов ва Назира Каримоваро аёдат кард.

Аснои суҳбат бо собиқадорон роҳбари вилоят аз саҳми онҳо дар рушди соҳаи саноат ёдовар шуда, ба онҳо саломативу саодати рӯзгорро таманно намуд.

Боиси зикр аст, ки Баҳриддин Нишонов соли 1949 таваллуд шуда, солҳои зиёд дар корхонаи воҳиди давлатии «Нури ховар» (собиқ корхонаи «Заря востока») фаъолият бурдааст. Мавсуф айни замон дар иҳоати фарзандону наберагони худ зиндагии хуш дошта, соҳиби 12 набера мебошад.

Назира Каримоваи 89 сола бошад соҳиби 5 фарзанду 38 набера аст. Ӯ низ солиёни зиёд дар корхонаи воҳиди давлатии «Нури ховар» меҳнат намудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh