Дар шаҳри Истиқлол кӯдакистони замонавӣ бунёд мешавад

4 майи соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истиқлол ба бунёди кӯдакистон санги асос гузошт.

Иншооти томактабӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” бунёд карда мешавад.

Тибқи лоиҳа кӯдакистон бо тарзу усули меъмории муосир барои 170 нафар сохта шуда, барои иҷрои корҳо 20 миллион сомонӣ сарф хоҳад гардид.

Масоҳати умумии кўдакистон 11 ҳазор метри мураббаъ ва масоҳати зери сохтмон 1400 метри мураббаъ буда, дар он таълиму тарбия бо ду забон - русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh