Маросими қадршиносии ғолибону ҷоизадорони олимпиадаву озмунҳо

15 июн дар тарабхонаи “Тоҷи Канд”-и шаҳри Конибодом маросими қадршиносии ғолибону ҷоизадорони олимпиадаву озмунҳо баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин маросим ба 30 нафар ғолибону ҷоизадорони олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ ва аҳли эҷоди Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозилова туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Роҳбари вилоят дар суҳбат бо наврасону ғолибони озмунҳо қайд кард, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаҳои маорифу фарҳанг таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, барои дарёфти чеҳраҳои нав мунтазам озмунҳои гуногун гузаронида мешавад. Аз ҷумла, ташкилу баргузории озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», Илм-фурӯғи маърифат”, фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» ва дигар чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки чеҳраҳои нав дарёфт ва рушди соҳаҳои илму маориф ва фарҳангу маданият таъмин гардад.

Ёдовар бояд шуд, ки Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозилова Шоҳҷоизаи фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ - «Парасту - 2021» - ро барои намоиши «Садои қу» соҳиб шуда буд. Ин ҷоиза натиҷаи заҳматҳои аҳли эҷоди театр буда, минбаъд гуруҳи эҷодиро барои таҳияи намоишҳои пурмазмун раҳнамун месозад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh