Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Шаҳристон

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафти бунёди иншооти соҳаи маорифро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Роҳбари вилоят нахуст дар маркази ноҳия бо вазъи иҷрои корҳои сохтмонӣ дар Гимназияи рақами 1 шинос гардид. Бинои гимназия бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохта шуда, дорои 12 синфхона ва 2 утоқи омӯзгорон аст. Гимназия барои 390 нафар дар як баст бунёд шуда, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор гирад.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Ободии ноҳия бо сохтмони бинои замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 барои 770 ҷой ошно шуд. Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин деҳа барои хонандагон бинои муҳташами таълимӣ қомат афрохта истодааст, ки дорои тамоми шароити зарурӣ мебошад. Мактаб аз ҷумла дорои ошхонаву майдончаҳои варзишӣ буда, бо тарҳи хоси меъморӣ бунёд гардида истодааст.

Раиси вилоят зимни шиносоиҳо аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, сохтмончиёнро ба иҷрои босифати корҳо ҳидоят намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Шаҳристон 21 мактаб фаъолият дошта, дар онҳо наздик 10 ҳазор нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh