Спитамен: бунёди мактабҳои нав

Соҳаи маориф ҳамчун таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа маҳсуб ёфта, мактаб макони муқаддасе мебошад, ки фарзандони мо дар он соҳиби саводу маърифат ва илму дониш мегарданд. Мероси гаронбаҳои таърихи халқамонро аз азхуд мекунанду сабақи ватандӯстиву оини ватандорӣ мегиранд, байни кишвар ва ҷомеа мақоми арзанда пайдо менамоянд.

Солҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маорифчиёни ноҳияи Спитамен дар амалӣ шудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои умедбахш ноил гардидани кормандони соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи фарзандони мардум саъю талош варзиданд. Дар ин замина, имрӯз дар ноҳия 33 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, як литсей, ду муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ ва 11 муассисаи томактабӣ амал менамояд. Инчунин, интернати наздимактабӣ, маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият дошта, дар баланд бардоштани тарбияи насли наврас саҳми беандоза доранд. Теъдоди умумии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2020-2021 ба 30839 нафар расидааст, ки нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 10 500 нафар зиёд аст.

Дар ноҳия шумораи муаллимони соҳибтаҷриба ва пешқадам афзуда, донишу таҷрибаи хешро барои тарбияи ватандӯстонаишогирдон сарфменамоянд. Давоми солҳои мустақилият дар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамчунин, Муассисаи таҳсилоти ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат, Литсейи № 1, МТУҒ «Мактаби Акрам» сохта, ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ синфхонаи иловагӣ бунёд ёфтаанд, ки самари Истиқлолият аст.

Боиси хурсандии маорифчиёни ноҳия аст, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 12 - уми Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев барои 320 хонанда сохта ба истифода дода шуд, ки дорои тамоми шароити замонавист. Кормандони соҳаи маорифи ноҳия аз ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумат миннатдор буда, тамоми қувва, дониш ва маҳорату малакаи худро сарфи он менамоянд, ки сифати таълиму тарбия беҳтар гардад, зеро маҳз заҳматҳои аҳли маориф, муносибати ҷиддиву эҷодкоронаи онҳо, робитаи хуб бо падару модарони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ имкон доданд, ки толибилмону устодон ба дастовардҳои хуби меҳнатӣ ноил шуда, дар олимпиадаҳои ноҳиявию вилоятӣ,ҷумҳуриявӣвабайналмилалӣ фаъолона ширкат карда, соҳиби мақом ва ҷоизаҳои ифтихорӣ гарданд.

Баҳодур МАМАДАЛИЗОДА,

мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен

Add comment


Security code
Refresh