АФЗОИШИ ГИРАНДАГОНИ ДИПЛОМИ АЪЛО
- Details
- Published on Wednesday, 03 August 2022 14:03
- Соли 2014 миқдори донишҷӯён дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд 3651 нафарро ташкил медод, ки имрӯз теъдоди онҳо ба 4121 нафар расидааст.
Донишҷӯён баъди хатми донишкада соҳиби ҷойҳои кории муносиб ва арзанда мегарданд. Сифати таҳсил низ дар ин давра зиёд гардида, миқдори хатмкунандагони дипломи аъло 4 маротиба афзудааст. Соли хониши ҷорӣ 34 нафар донишҷӯ соҳиби дипломи аъло шуданд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ.
Қайд гардид, ки дар чор факулта, аз ҷумла информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ – технологӣ ва муҳандисӣ иқтисодӣ аз рӯи 29 ихтисоси зинаи бакалавриат, 5 ихтисоси шакли таҳсилашон фосилавӣ ва аз рӯйи 18 ихтисоси бакалавриатура таҳсилоти олии дуюм тариқи фосилавӣ, 18 ихтисоси зинаи магистратура, 9 ихтисоси зинаи докторантура, инчунин 13 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ донишҷӯён бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Аз миқдори умумии донишҷӯён 6 нафар шаҳрванди хориҷӣ мебошанд. Доир ба таҳсилоти фосилавӣ Дилафрӯз Саидӣ гуфт, ки алҳол дар донишкада 330 нафар тариқи фосилавӣ аз 15 давлати ҷаҳон таҳсил карда истодаанд, ки аксари онҳо бо ҷойи кории доимӣ таъмин ҳастанду аллакай дар коргоҳҳои бузург фаъолияти корӣ доранд. Таҳсилот тариқи фосилавӣ натиҷаи хуб дода истодааст. Дар соли 2021‐2022 дар донишкада 5 озмоишгоҳи нав ва як маркази таълимӣ, аз ҷумла се озмоишгоҳ дар самти зеҳни сунъӣ, як озмоишгоҳи технологияи молиявӣ, озмоишгоҳи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, як маркази таълимӣ, ки аз озмоишгоҳи дӯзандагӣ ва синфхонаи компютерӣ оид ба лоиҳакашии автоматикунонидашудаи либос иборат мебошад, ташкил шудаанд.
Қайд гардид, ки донишкада бо зиёда аз 20 донишгоҳи Федератсияи Русия доир ба омода намудани мутахассисони илмӣ – педагогӣ шартнома ба имзо расонидааст. Аз ҷумла, дар соҳаи энергетика бо Донишгоҳи давлатии Чувашистон, дар соҳаи сохтмон бо Донишгоҳи давлатии сохтмонию меъмории Қазон, дар соҳаи саноати хӯрока бо Донишгоҳи давлатии истеҳсолоти хӯрокаи Москва, дар соҳаи саноати сабук бо Донишгоҳи давлатии дизайн ва технологияи шаҳри Москва ва ғайраҳо мебошанд.
Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба фаъолияти кунунии хобгоҳҳо, сохтмони бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон, маблағи таҳсили донишҷӯён, талаботи корхонаву муассисаҳои вилоят ба хатмкунандагони донишкада, омодагӣ ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сифати таҳсилоти фосилавӣ, сабабҳои аз донишкада хориҷ гардидани донишҷӯён ва амсоли ин суолҳо пешниҳод карда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”