ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОН ДАР ОЛИМПИАДАҲО

- Дар ҳудуди вилоят 283 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 206 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 14 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо, 63 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият дошта, 43 ҳазору 342 нафар кӯдакро ба тарбия фарогир аст. Шумораи муассисаи томактабӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар шаҳру навоҳии вилоят 6 адад афзудааст, иброз дошт дар нишасти матбуотӣ сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода.

Қайд гардид, ки соли таҳсили 20212022 дар вилоят 944 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, 39 ҳазору 523 омӯзгор ба толибилмон дарси ватандориву хештаншиносӣ омӯхтанд. Бояд гуфт, ки дар назди Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо 172 маҳфили фаннӣ бо ҷалби 2 ҳазору 86 нафар хонандаи болаёқат фаъолият дорад.

Дар назди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят бошад, 2 ҳазору 892 маҳфили фаннӣ бо ҷалби 35 ҳазору 765 нафар хонандаи боистеъдод фаъолият намуда истодаанд. Соли таҳсили сипарӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ барои хонандагони синфи 11, олимпиадаи даставӣ (синфҳои 9‐10), олимпиадаи фаннӣ барои наврасон (синфҳои 5,6,7,8) 1 ҳазору 372 нафар хонанда аз муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳӣ иштирок намуда, 672 нафарашон ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ комёб гардиданд. Дар олимпиадаҳои мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Спитамен, Конибодом ва Ҷаббор Расулов бештар ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд.

Ҳамчунин 4 ҳазору 917 нафар хонандаи массисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва фосилавии кишварҳои Туркия, Қазоқистон, Озорбойҷон, Британияи Кабир, Италия, Чин ва Федератсияи Русия ишитрок намуда, 933 нафар ғолибият ба даст оварданд. Хушбахтона, хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо дарки муҳимияти хондану дарки мазмуни китобу китобхонӣ, баҳри иҷрои Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» корбарӣ намуда, 602 хонанда, 39 омӯзгор ва 162 донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» ва 900 нафар ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳҳат гирифтанд, гуфт сардори раёсат.

Шоистаи тазаккур аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят марҳалаи бақайдгирии асосӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба мактабҳои олию миёнаи махсуси касбӣ дар соли 2022 ба охир расида, 20 ҳазору 248 хатмкардаи муассисаҳои таҳсилотӣ аз қайд гузаштанд, ки 59,6 фисади шумораи умумии хатмкардагон мебошад. Дар шаш моҳи соли 2022 муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимии вилоят бо 724 компютер ва бо 116 тахтаи электронӣ таъмин гардиданд.

Ҳамчунин дар ин давра муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо бо 31 кабинети фанни физика, 34 кабинети фанни химия, 31 кабинети фанни биология, 33 кабинети фанни география, 40 кабинети фанни метематика, 22 кабинети фанни технологияи информатсионӣ, 28 кабинети фанни суруд ва мусиқӣ муҷаҳҳаз гардонда шуданд.

Шоира САЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh