Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 дар ноҳияи Айнӣ
- Details
- Published on Wednesday, 15 November 2023 14:25
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 мавриди истифода қарор дода шуд.
Бояд гуфт, ки дар ин деҳа то кунун барои таълиму тарбияи хонандагон шароиту имконоти мусоид фароҳам набуд.
Бинобар ин ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия барои насли наврас ва ҳамзамон саҳмгузорӣ дар ободонӣ фарзанди ҳамин диёр Зубайдулло Зубайдзода бо аҳли пайвандонаш тасмим гирифт, ки дар деҳаи Каздон бинои таълимии замонавӣ сохта, ба истифода диҳад.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти таълимӣ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2022 оғоз ёфта, лоиҳаи иншоот аз тарафи мутахасисони КФ КВД “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Айнӣ таҳия шудааст.
Муассисаи навбунёд барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, он аз ду ошёна иборат мебошад.
Дар ошёнаи якуми муассиса 5 синфхонаи таълимӣ, як синфхонаи таълимии касбу ҳунар, маҷлисгоҳ, китобхона ҷойгир буда, дар ошёнаи дуюм утоқҳои таълимии фанҳои биология, химия, физика, математика, технологияи компютерӣ, забонҳои русиву англисӣ ва утоқҳои корӣ барои кормандони муассиса воқеъ мебошанд.
Барои ҷалби ҳарчи бештари насли наврас ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҳудуди муассисаи таълимӣ толори варзишӣ низ бунёд гардидааст, ки хонандагон метавонанд ба намудҳои гуногуни варзишӣ машғул шаванд.
Зимни ифтитоҳ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароиту имконоти фароҳамгардида дар муассиса баҳои баланд дода шуда, ифтитоҳи чунин бино туҳфаи арзандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони деҳаи дурдасти Каздони ноҳияи Айнӣ маънидод гардид.
Маврид ба тазаккур аст, ки ҳамасола аксари хатмкунандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ба донишгоҳу донишкада ва дигар муассисаҳои олии касбии мамлакат дохил шуда, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ фаъолона иштирок менамоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд