Устод, олим ва ихтироъкор
- Details
- Published on Monday, 10 June 2024 12:27
Устод мафҳумест хеле зебо, азиз ва муқаддас дар ҳаёт. Устод нафареро гӯянд, ки муваффақ аст дар ҳама самтҳо: таълим, тарбия ва истеҳсолот. Яъне шахсест, ки фаъолияти кориаш қабл аз ҳама ба тарбияи шогирдон вобаста аст.
Дар мактаб ба толибилмон дарс мегӯяду дар макотиби олӣ шогирдонро аз рӯйи тахассусҳои гуногуни ҷавобгӯй ба ҳаёт тарбия мекунад, дар ҷодаи илму санъат, варзишу ҳунармандӣ бошад шогирдонро ба шоҳроҳи зиндагӣ, барои фаъолияти мустақил ҳидоят мебахшад, яъне устод дар ҷомеа дар ҳама ҳолат болонишину гули сари сабад, соҳибэъзозу шарафманд аст.
Мафҳуми устодро бо сатрҳои Сайидои Насафӣ ишора кард:
Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта - рафта чарх оламгир кард.
Шодравон Муҳаммадсаид Шерматов аз ҷумлаи ана ҳамин устодони фидоии касбу кори худ маҳсуб ёфта, агар умр вафо мекард, ба синни мубораки 80 мерасид. Мавсуф зиёда аз ним аср чун устоди маъруф ва соҳибэҳтироми яке аз донишгоҳҳои куҳану бонуфузи кишвар – Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият карда, бо тайёр кардани мутахассисони арзанда қабл аз ҳама омӯзгорӣ аз рӯйи риштаи физика ба кишвар хизмати арзандаву сазоворро ба анҷом расонидааст.
Бо варақгардонӣ аз китоби зиндагии Муҳаммадсаид Шерматов дармеёбеду огоҳии комил пайдо мекунед, ки мавсуф чун дигар ҳамасрону ҳамсолони хеш воқеан ҳам пайраҳаҳо ва роҳҳои пурпечутоби ҳаётиро бо афтода хестанҳову талхиву шириниҳоро чашидан паси сар ва аз қӯраи гарму сӯзони зиндагӣ бо сари баланд гузаштааст. Тавлиду давраи бачагӣ ва наврасии ӯ ба солҳои Ҷанги Бузурги Ватанию баъдиҷангӣ рост меояд.
Хиштхона дар диёри Понғози ноҳияи Ашт аз ҷумлаи рустоҳоест зеботарин бо табиати афсонавию фараҳбахш, бо ҳавои софу оби зулол, меваҳои шаккарину кӯҳҳои осмонбӯс. Муҳаммадсаид Шерматов 20-уми майи соли 1944 ана дар ҳамин ҷаннатмакон чашм ба олами ҳастӣ боз кардааст. Дар ҳамин диёри кӯҳистон сайри олами тифлӣ дошту бо ташаккули наврасиву бачагӣ, бо мушоҳидаю ҳаловати табиати нотакрор, аз манзараҳои дилфиребаш орзуҳояш ба баланду баланд ва дури дур парвоз мекарданд.
Ҳамсолону наздиконаш ёдовар мешаванд, ки ҳанӯз аз синни наврасиву мактабӣ Муҳаммадсаид ба ҳама масъалаҳо, мавзӯъҳову табиату мавҷудот, ҳатто рӯзгор хеле кунҷкобона менигаристу пурсишҳои зиёдеро ба амал меовард. Ҳини дар мактаби ҳафтсолаи умумии рақами №13 ва баъдан дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 ба номи Айнӣ таҳсил карданаш муаллимонро бо суолҳои гуногун ба ”ташвиш” меовард ва онҳо маҷбур мешуданд бештар берун аз дарс ба таври алоҳидагӣ ба суолҳои талабаи кунҷкоб посух гӯянд ва ҳамзамон таъкид ҳам кунанд, ки ҳамин тавр дар дарсҳо фаъол бошад.
Шояд чунин сифатҳои фарқкунанда аз дигар ҳамсолонаш буд, ки устодаш, яке аз соҳибтаҷрибатарин муаллимони деҳот Исломиддин Ваҳҳобов бо назардошти кӯшишу ғайрат ва ҳисси баланди кунҷковии талаба ба Муҳаммадсаид Шерматов маслиҳати устодӣ медиҳанд, ки агар баъди мактаби миёна дар риштаи физика ва математикаи мактаби олӣ таҳсилро давом диҳӣ, ба ҳама суолҳоят албатта, ҷавоб хоҳӣ ёфт.
Воқеан ҳам ин шогирди фаъол соли 1961 баъди хатми мактаби миёна дилпурона ҳуҷҷатҳои худро ба риштаи физика ва математикаи Донишкадаи давлатии педагогии ба номи С.Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) супорида, донишҷӯи ин мактаби олии машҳури ҷумҳурӣ гардид. Шодии Муҳаммадсаид Шерматовро бемуҳобот, ҳадду каноре набуд.
Ӯ ба ҳар сухан, ҳар вожаи устодон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекард, одати саволдиҳии аз ҳад зиёди мактаби миёнаро ин ҷо низ идома мебахшид. Аммо ин сифат сирф ба манфиати ин донишҷӯи як рустоии кӯҳистонӣ шуд. Ҳар устод аз ҳар бахши факултет аллакай ин донишҷӯи фаъолро шинохта, завқу шавқи ӯро тақвият мебахшид. Дар муддати кӯтоҳ ин донишҷӯро қариб дар донишкада ҳама мешинохтанд, зеро Муҳаммадсаид дар корҳои ҷамъиятӣ аз фаъолтаринҳо маҳсуб меёфт.
Даврони “тиллоӣ”-и донишҷӯӣ чун оби равон, чун як боду насими баҳорӣ зуд гузашта, вақти хатми донишкада ҳам фаро расид ва Муҳаммадсаид Шерматов соли 1969 соҳиби дипломи аъло ва як мутахассиси арзанда ба воя расид.
Он солҳо дар гӯшаву канори мамлакат, хосатан ҷумҳурии мо ба мактаб омӯзгорон намерасиданд, ин норасоии устодон дар деҳоти кӯҳистони минтақаи ҷануби кишвар бештар эҳсос мешуд, аз ин хотир М.Шерматов бо роҳҳат ба ҳайси омӯзгор ба шаҳри Қӯрғонтеппа (имрӯз Бохтар) фиристода шуда, дар мактаби рақами 1 фаъолияти омӯзгориро оғоз мебахшад.
Устод эҳсос мекард, ки ӯ бояд дар такопӯи илмӣ бошад, он орзуву омолҳои давраи мактабиву донишҷӯиро ҷиҳати амалисозиаш кӯшишеро анҷом диҳад. Бо ҳамкасбон, пирони кор маслиҳат меорад ва хулоса чунин мешавад, ки вай бояд ба Пажӯҳишгоҳи илмии умумииттифоқӣ шомил гардад.
Аз моҳи январи соли 1972 Муҳаммадсаид Шерматов бо тавсияи устодони донишкада ба аспирантураи пажӯҳишии шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) дохил шуда, то соли 1976 ба кори илмӣ машғул мешавад ва рӯйи мавзӯи “Хосиятҳои махсуси деформатсионӣ ва вайроншавии полимерҳои самтнокшуда дар шароити сохторашон ноустувор” рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунад.
Шаҳри соҳили дарёи Нева ба як нафар олими ҷавони кӯҳистонӣ хеле таассуроти олӣ бахшида буд. Устод чун огоҳ мешавад, ки ман низ дар шаҳри Ленинград таҳсил кардаам, хеле меболид ва ҳар бор аз ин ё он минтақаи ин шаҳри ҷаҳонӣ ёдовар шуда, таассуроти маро мепурсид.
Як ибораро доим назди шиносу назди донишҷӯён, ҳамкасбон ба таъкид мегуфт, ки Ленинград (Санкт-Петербург) бо таъриху фарҳанг, илму адабиёт дар тамаддуни инсонӣ нақши муассир бозидааст ва ин рисолаташро то ба имрӯз ба иҷро мерасонад ва ифтихор мекард, ки пажӯҳиши илмиашро дар чунин як шаҳри бузурги фарҳангӣ анҷом додааст. Ана баъд аз он аз соли 1976 то 2021 дар Донишкадаи азизаш (Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) факултаи физика дар вазифаҳои гуногуни илмӣ адои вазифа мекунад.
Шиносоии банда, нависандаи ин сатрҳо бо устод Муҳаммадсаид Шерматов дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба вуқӯъ пайваст. Аз андешаронӣ, мушоҳида ва хулосаҳои амиқу мантиқии ӯ аз ростӣ дарёфтам, ки мавсуф бе муболиға яке аз устодони соҳибистеъдоду муваффақ бо ҷаҳонбинии васеъ ва хулосабарории мантиқӣ аст.
Дар баробари он ки ба касбаш арҷгузор аст, шогирдонро ҷиддан эҳтиром мегузорад, самимона мехоҳад, ки эшон нафарони воқеан ҳам ба ҷомеа судовар ба воя расанду ҷиҳати рушди иқтисодӣ, илмӣ муваффақ шаванд ва дар рушди соҳоти гуногуни Ватан ҳиссагузор бошанд. Албатта, дар ин замина худ бо талошу такопӯйҳояш намунаи ибрате ба ҳамкасбону шогирдон буд.
– Медонед, он нафаре, ки дар донишгоҳ дарс мегӯяду устодӣ дорад, ин як тарафи масъала, ибтидои рисолати ӯст, –таъкид мекард Муҳаммадсаид Шерматов, –ин кас бояд олими фаъол ба маънои томаш бошад. То қадри имкон дар ҳамаи минбарҳои иттилоотӣ, васоити ахбори умум назари илмӣ дошта бошад.
Шогирдонро, завқу шавқи онҳоро болу пар бахшида тавонаду ба корҳои мустақилонаи ихтироъкорӣ равона, ҳодисоти физикии табиатро бошуурона мушоҳида ва таҳлил созад.
Саодати баландтарин дар ҳаёт ба кас, ба олим, ҳунарманд, эҷодкор, албатта, ин сазовори муҳаббати аҳли ҷомеа шудан аст. Хушбахтона, устод Муҳаммадсаид Шерматов аз ҷумлаи чунин зиёии хуштолеъ буд, ки бархурдор аз меҳру муҳаббати шогирдону ҳамкорон аст.
Дар оиладорӣ низ устод Шерматов аз ҷумлаи намунаҳост. Бо ҳамсари азизаш Муҳаррам ҳамкасбу ҳамкор ва дар тарбияи фарзандони солеҳ низ ҳамфикру ҳамроз буд. Имрӯз писарон Манучеҳр ва Шерзод, духтарон Малика ва Мубина аз мутахассисони варзидаву арзанда маҳсуб ёфта, ҷиҳати пешрафти кишвар талош меварзанд.
Мавсуф ҳамчунон, ки дар боло ишора рафт, дар баробари устоди муваффақ будан эҷодкор-ихтироъкор ҳам буду назарияро ба амалия табдил медод ва дар ин ҷода хеле корҳои назаррасро ҳам ба анҷом расонидааст.
Ҳанӯз аз даврони шӯравӣ устод бо мутахассисони соҳоти гуногуни хоҷагии халқи вилояту ҷумҳурӣ равобити зичи ҳамкориро розандозӣ дошта, ба натиҷаҳои муассир ҳам ноил гашта буд.
Устод Шерматов бо ихтирои истифодаи нурҳои ултрабунафш ҷиҳати болобардории ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ хусусан пахта дар мисоли чанд хоҷагиҳои ноҳияи Ашт, Ҷаббор Расулов қадами ҷиддӣ гузошта, ин таҷрибаи эшон ба пахтакорон манфиати хуби истеҳсолӣ бахшида буд.
Ҳамчунин, боз ихтироъҳои устод дар иртибот ба нахи пахта, абрешим, пашми чорво аз тарафи мутахассисони соҳаҳои гуногун баҳои баланд гирифта буданд.
Давоми фаъолияти хеш устод Шерматов соҳиби 30 ихтироъ шуда, ба 28-тои он патенти истифода гирифтааст.
Соли 2009 мавсуф беҳтарин ихтироъкор дар ҷумҳурӣ эътироф шуда, беҳтарин омӯзгори эҷодкори ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт, ки мавриди зикр аст.
Муҳаммадсаид Шерматов таъкид мекарду эътимод дошт, ки илм бояд дар истеҳсолот мақоми арзанда пайдо карда, дар пешравии соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат мусоидат кунад.
Дар ростои зиндагӣ инсони якқавл, якрӯ, адолатхоҳу адолатпеша буд. Ҳамон шиори машҳури “Афлотун дӯсти ман аст, вале ҳақиқат волотар аст” дастури ҳамарӯза ва якумраи устод буд.
Ҷовиди АШТӢ,
рӯзноманигор