Донандаи хуби забонҳо
- Details
- Published on Tuesday, 25 June 2024 12:01
Аз дасти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода гирифтани стипендияи Раиси вилояти Суғд барои Маҳваши ҳамагӣ бистсола бахти бузург буд. Моҳи майро ин духтараки гармрӯ ва ҳалиму хоксор бахосият мешуморад. Зеро ҳам ба гирифтани Стипендияи Раиси вилоят ва ҳам ба гирифтани стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд муяссар гардид.
- Аз номи тамоми ҷавонони вилоят миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам. Ваъда медиҳам, ки донишгоҳро бо дипломи аъло ба итмом расонида, мутахассиси хуби касби интихобкардаам гардам, - иброз дошт бо ифтихор Маҳваш.
Раҳмонзода Маҳваш Муродалӣ зодаи оилаи зиёӣ аст. Ҳарчанд дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21-уми шаҳри Хуҷанд таҳсил кард, аммо бо гузашти вақт толибилми МТДБХБ шуд. Донишҷӯй шудан ба ӯ бахти бузург буд. Аз хурдӣ ба хондан шавқу рағбати зиёд дошт, бар замми ин, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ майлу хоҳиши беандоза дошт. Ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини донишҷӯӣ иштирок карданро дар чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ меписандид. Моҳи октябри соли 2022 ба духтараки илмдӯст мушарраф гардид, ки имтиҳони байналмилалиро тариқи HSK – 3 супорад ва дар қатори беҳтаринҳо ҷой гирад. Маҳваш ҳамчунин иштирокчии конференсияҳои сиёсию илмии донишгоҳӣ ва берун аз он буда, лаёқати хуби суханвариро дорост. Борҳо иштирокчӣ ва ғолиби озмунҳо низ гаштааст. Дар ҳафтаи забони хитоӣ, ки байни донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид, аз рӯи номинатсияҳо ширкат варзид ва дар номинатсияи ҳусни хати беҳтарин ғолиб дониста шуд.
Маҳваш алҳол донандаи се забон: англисӣ, арабӣ ва хитоӣ буда, кӯшиш дорад, ки дар омӯзиши забони фаронсавӣ низ пешсаф бошад. Бо забонҳои чиниву англисӣ озодона сухан мегӯяд ва тарҷумониро пешаи худ қарор додааст.
Ба ин донишҷӯи болаёқат барори кору таҳсил хоҳонем. Таманнои онро дорем, ки сафи чунин ҷавонони муваффақ бештар гардаду дар ободию шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»