Маориф самти калидӣ дар рушди кишвар

Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо кормандони маориф ва илм ҳамчун муайянкунандаи роҳи рушди давлатдории миллӣ, фишанги доимоамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа буда, амалӣ гардидани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардоро мутобиқ ба талаботи замон баёну тарҳрезӣ ва пешниҳод менамояд.  Пешвои миллат нақши маорифро ҳамчун самти калидӣ дар рушди кишвар арзёбӣ намуданд.

Дар низоми давлатдории миллӣ ин суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки натанҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми сокинони мамлакат гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯ оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд.

Дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисоди кишвар санади муҳим буда, иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат аз ҳар шаҳрванди кишвар заҳмати софдилонаву шабонарӯзиро тақозо менамояд. Иҷрои нишондодҳои мулоқот ҷиҳати ба як кишвари мутараққӣ ва рақобатпазир табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол қадами ҷиддӣ хоҳад буд.       

Пешвои муаззами миллат бо такя ба хиради азалӣ ва таҷрибаи бузурги роҳбарӣ тавонистанд, ки натанҳо аз муваффақиятҳо сухан гӯянд, балки камбудиву мушкилоти мавҷударо дар сохторҳои гуногуни давлату ниҳодҳои иҷтимоӣ бозгӯ кунанд ва ҷиҳати ҳалли мушкилот пешниҳодоти мушаххас манзур созанд.

Бояд зикр намуд, ки дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар, муҳимтарин бахше, ки зикр гардид, ин самти рушди соҳаи маориф ва илми кишвар мебошад. Албатта, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, алалхусус, соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Возеҳ аст, ки маориф ва илм ба ҳайси яке аз ниҳодҳои муҳимтарини иҷтимоӣ таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст. Зеро роҳи наҷот аз буҳрони фарҳангӣ, маҳз аз низоми мукаммал ва фарогири маориф ва илм вобастагӣ дорад.

Пешвои муаззами миллат соҳаи маориф ва илмро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкимбахши давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Ба ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи бемайлони маориф ва илм, сатҳу сифати донишомӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати омода намудани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.

Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.

Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дастгирии тадқиқотҳои илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар робита ба ин, Президенти кишвар ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.        

Дарвоқеъ, ихтисоси омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст. Зеро, пойдориву устувории ҳар ҷомеа аз сиришту солимии наслҳои барӯмандаш вобаста мебошад.

Маҳз наслҳои солимфикр ва соҳибмаълумоту дорои ҷаҳонбинии комил метавонанд кишварро бидуни осеб ба пеш баранд. Сиришти чунин наслҳои олимақом аз бисёр ҷиҳат ба заҳмати фидокоронаи муаллимони олиқадр вобаста аст.

Омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб ёфта, ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гардонидааст.

Бинобар ин, вазифаи асосии омӯзгор, дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин, таълими одоб ва ҳидояту раҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фармудаанд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Яъне, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун раҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи миллат масъул аст. Имрӯз таваҷҷуҳи бевоситаи давлату Ҳукумат, хосатан Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф равона гардида, маорифро омили калидии амнияти миллӣ арзёбӣ намуда, омӯзгорро дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи хеш қарор додаанд.

Қайд кардан зарур аст, ки имрӯз бидуни мутахассисони барҷаста ва технологияи пешрафта наметавон соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус саноату иқтисодро тараққӣ дод. Ба ин хотир ҳамасола барои рушду инкишофи соҳаи маориф ва илм аз буҷети давлат маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд, то шароиту имкониятҳои хуби касбу ҳунаромӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониш муҳайё карда шавад. Аз ин хотир, ба масъалаи тарбияи кадрҳо ва тақвияти неруи зеҳнӣ низ дар мулоқот эътибори аввалиндараҷа дода шуда, пайваста ба маблағгузории соҳаҳои маориф ва илм, ки ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат равона шудаанд, таваҷҷуҳ карда мешавад.

Татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати кишвар низ, пеш аз ҳама ба тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ ва рушду нумӯи илмҳои табиию риёзӣ ва дақиқ вобастагии амиқ дорад. Бинобар ин, талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат, пеш аз ҳама ба самти рушди илмҳои бунёдӣ ва дар ин замина тарбия намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа равона гардидааст.

Ҳама ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи илму маориф, баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Ҳамин тавр, бо таҳлилу баррасии низоми маориф ва илми кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимони кишвар вазифаҳои мушаххас, аз ҷумла ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотии хеш дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, гузоштанд, ки иҷрои саривақтии онҳо омили муҳимтарини рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, инчунин расидан ба ҳадафҳои миллии давлату Ҳукумат ва таъмини шароити зиндагии арзандаи мардуми кишвар мебошад.

Ш.СОЛИХОҶАЕВА,

дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик

Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh