“Ҳадяи меҳр”- и омўзгори меҳрвар

Бо ин ном китоби тозанашри яке аз омӯзгорони варзидаи  Хуҷандшаҳр Мирзосаид Муъминов ба табъ расид.

Он дар нашриёти “Ношир” ба нашр расида, ашъору матолиби дар мавзӯъҳои мухталиф эҷодкардаи муаллифро дарбар гирифтааст.

Дар пешгуфтори китоб, ки ба қалами шоир ва рӯзноманигори шинохта Сайидамин Ҷило мутааллиқ аст, дар бораи муаллиф чунин навишта шуда: “Дар ҳақиқат, дили поку мубарро, қалби софу беғубор дорад. Аз он ҳам ӯ дар зиндагӣ фирӯз, соҳиби рӯзи хуш. Ӯ шукр мегӯяд, ки чил сол боз заҳмати пешаи пуршарафи муаллимиро бар уҳда дорад.

Беш аз 20 сол инҷониб Мирзосаид Мӯъминзода шеър ҳам менависад. Дар васфи Тоҷикистон, манзараҳои биҳиштосои он, дар шаъни падару модар, расму русуми ниёгон, ишқу ошиқӣ, дӯстону ҳамкорон қаламаш авроқи зиёдеро равғану музайян карда. Шеърҳои суфтаву равон, гӯёву фаҳмо ва бо рангубори хос навишта шуда, дар замири хонанда эҳсосоти гувороу некӯӣ бармеангезонад. Дар такя бар ашъори нобу аслии классикон ва шоирони ин замон мехоҳад, ки назми хотирмон офарад”.

Мирзосаид Мӯъминзода қариб 40 сол боз дар мактабҳои шаҳр ба фарзандони мардум дарс мегӯяд, асрору нозукиҳои каломи модарӣ ва ҳикмати шеъри бузугонро меомӯзонад. Ӯро ҳамчун омӯзгори асиле, ки дониши фарох дорад, мешиносанд.

Ҳоло вай дар МТМУ №25-и шаҳри Хуҷанд омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик аст. Мавсуфро дар миёни муаллимони шаҳр ҳамчун донандаи беҳтарини вазни арӯз мешиносанд.

“Дар синни 49-солагӣ ба омӯзиши амиқи вазни ашъори классикон  яъне, арӯзи Аҷам ҷиддан машғул шуда буд. Метавон гуфт, касе дар донистани ин илм, дуруст муайян кардани авзони шеъри классикӣ дар миёни муаллимони забону адабиёти шаҳри Хуҷанд ба ӯ баробар шуда наметавонанд. Зеро Мирзосаид арӯзро муштоқонаву огоҳона ва ошиқона фаро гирифтааст ва бо ҳамин усул ба шогирдони худ сабақ медиҳад”,–омадааст дар пешгуфтори китоб.

Муаллими соҳибтаҷриба бар ин бовар аст, ки таълими арӯз завқу салиқа ва маҳорати донишомӯзии хонандагонро натанҳо дар омӯзиши адабиёт, балки дигар фанҳо низ густариш медиҳад. Арӯз тафаккури шеърдонию шеърфаҳмии шогирдонро тақвият медиҳад ва ҳофизаи онҳоро қавӣ мегардонад.

Дар дуюмин матлаби китоб, ки ба ҳаёт ва фаъолияти омӯзгории  муаллиф марбут аст, ишора мешавад, Мирзосаид Мӯъминзода муаллимиро шуғл не, балки ишқу муҳаббат медонад. Муносибаташ ба шогирдон ба мисли падарест, ки ошиқу содиқи фарзандон мебошад.

Ӯ марди фурӯтану хоксор аст, вале ин сифатҳо нишони арҷмандию сарбаландии ӯст. Тамоми ғайрату кӯшиш ва маҳорати омӯзгории худро ба он равона мекунад, ки эҳсоси сухандӯстию сухангустарии шогирдонро тақвият бахшад.

Аз ин ҷост, ки муаллифи китоб дар мақолаи “Мафҳуми ”Омӯзгор” аз нигоҳи Абулқосим Фирдавсӣ” қадру манзалати муаллимро возеҳ шарҳ медиҳад: “Касе, ки аз устод рӯй гардонад, вай аз нуру зиё ва рӯшноӣ рӯй битобад ва ҳар лаҳза дар кӯчаи нодонию гумроҳӣ қадам мезанад ва ӯро ҷабру ҷафои зиндагӣ дар пеш аст.

Дар “Шоҳнома” омӯзгор рӯзгор ва зиндагиро низ ифода мекунад. Таҷрибаи зиндагӣ, ки гардиши рӯзгор онро фароҳам меорад, бузургтарин ва беҳтарин устоди аҳли башар аст. Табиист, ки ки одамизод як умр шогирд мемонад. Барои он ки ранҷи танамон аз шогирдии ҳамешагӣ бор биёварад, яъне хирадманду доно шавем, қадру манзаратамон баланд гардад, дурӣ аз устод нашояд”.

Дар маҷмӯъ, китоб аз 32 шеър ва 11 матлаб фароҳам омада, муҳтавои он ба мафкура таъсири мусбат мерасонад.

Файзуллохон Обидов,

“Ҳақиқати Суғд”   

Add comment


Security code
Refresh