Fизои солим омили беҳсозии раванди таҳсилот

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ бо иштироки аъзои Шӯрои ҷумҳуриявӣ дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Дилшод Ғанӣ, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Набиев, намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо оид ба таъмини ғизои мактабӣ иштирок доштанд. 

Сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Барномаи рушди ғизои давлатӣ як қисми муҳими стратегияи рушди давлатӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ тавассути рушди низоми маориф буда, дар ҳифзи иҷтимоӣ ва беҳтар намудани иштироки хонандагон дар раванди таҳсилот нақши муҳим мебозад.

Соли таҳсили 2023-2024 Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар 609 муассисаи таълимии 15 шаҳру ноҳияи ҳудуди вилоят амалӣ гардид. Аз теъдоди умумии  муассисаҳои таълимӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Барнома ба таври пилотӣ аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ муассисаҳои таълимии №№ 5 ва 34-уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муассисаҳои таълимии №№ 2 ва 22-юми ноҳияи Спитамен барои ташкили ғизои мактабӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Ҳамчунин, 15 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияи вилоят ба таври пилотӣ аз маблағҳои буҷети давлатӣ барои ғизои мактабӣ бархурдоранд. Боиси тазаккур аст, ки дар назди 952 муассисаи таълимӣ 770 ошхона фаъолият дошта, 65 муассисаи таълимӣ бо Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ҳамкорӣ доранд.

Ҳамчунин, дар назди 45 муассисаи таълимии ҳудуди вилоят хоҷагиҳои ёрирасони мурғпарварӣ, харгӯшпарварӣ, занбӯрпарварӣ, боғдорию чорводорӣ, моҳипарварӣ ва гармхона ташкил карда шудаанд.

Дар навбати худ, муассисаҳои таълимие, ки дорои заминҳои корами наздимуассисавӣ доранд, сабзавот аз қабили помидор, карам, боқило, қаланфури булғорӣ, картошкаву пиёз кишт карда, дар ошхонаи муассиса барои ғизои мактаббачагон истифода мебаранд. Муассисаҳои таълимие, ки дорои дарахтони мевадор ҳастанд, ҳосили пухтарасидаро ҳам дар шакли тар ва ҳам ба таври консерва дар ошхона истифода мебаранд, - иброз дошт Мадина Набизода.

Дар ҷаласа намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳасан Муъмин оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздимактабӣ барои истеҳсоли маводҳои ғизоии мактаббачагон дар доираи иҷрои банди 19-уми Барномаи озуқавории умумиҷаҳонӣ “Муайян намудани талабот ба қитъаҳои замин барои ташкили истеҳсоли маҳсулоти ғизо барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ”, намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши ғизои мактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Аҳмедова дар мавзӯи “Таъсиси ховагиҳои наздимактабӣ, аз ҷумла мурғпарварӣ, занбӯрпарварӣ, харгӯшпарварӣ, боғпарварӣ ва таъсиси  гармхонаю анборхонаҳо барои истеҳсол ва нигоҳ доштани маводи хӯрокворӣ дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд”, намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳтобӣ Одиназода дар мавзӯи “Тасҳеҳи ҳамасола ва муайян намудани ҳаҷми маблағгузории зарурӣ барои низоми ғизои мактабӣ”, намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Анӯшервон Амонзода дар бораи истифодаи маблағҳои буҷетӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии пилотӣ, намояндаи БОҶ СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Ҳомидҷонов дар бораи татбиқ ва самаранок истифодабарии грантҳои аз тарафи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ҷудогардида дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маърӯза намуданд.

Мушовири Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев дар бораи сабабҳои ба маълумоти оморӣ дохил накардани истеҳсоли маҳсулоти кишварзие, ки дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ мавҷуданд, надоштани сертификат, андозситонӣ аз маҳсулоти ба фурӯшгузошта, камфаъолиятии шӯроҳои мавҷуда, набудани тарғиботу ташвиқоти ғизои солим аз ҷониби омма, дар муассисаҳои таълимотӣ ҷой надоштани маводҳои аёнӣ оид ба манфиати витаминҳо, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои кишт, самаранок истифода набурдани қитъаҳои замини наздимактабӣ ва дигар муаммоҳо ҳарф зада, ҳамагонро даъват намуд, ки ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо чораҷӯӣ намуда, масъулиятшинос бошанд.

Шоира САЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh