Нашри китоби адиби тоҷик дар АМА
- Details
- Published on Thursday, 21 November 2024 10:17
Нашриёти “Ғоф”-и шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, маҷмуаи насрии шоир ва нависандаи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ – Ато Мирхоҷаро бо номи “Нубоҳ ал-калб” ("Сагоҷак") интишор намуд,- дар ин бора худи муаллифи китоб дар саҳифаи фейсбуки хеш иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад, ки маҷмӯа иборат аз қиссаи ҳаҷвии “Сагоҷак” ва чанд ҳикоя буда, онро ба забони арабӣ адиб ва тарҷумони шинохтаи Ироқ Ғассон Ҳамдон тарҷума кардааст. Китоб зери назар ва бо муқаддимаи арабшинос, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назар ба табъ расидааст.
Зимнан гуфтанист, ки ин нахустин нашри намунаи насри муосири тоҷик ба забони арабӣ буда, ноширон тасмим гирифтаанд онро дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, гузоранд.
Китоби мазкур дар соли 2017 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоизаи "Китоби сол"-ро гирифтааст.
Сурайё Ҳакимова,
“Ҳақиқати Суғд”