Муассисаҳо ба зимистонгузаронӣ омодаанд

То фарорасии фасли сармо рӯзҳои башумор монданд. Бо мақсади бешикасту рехт паси сар намудани зимистони соли 2024-2025 дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва вилояту шаҳру ноҳияҳо қарорҳои махсуси  зимистонгузаронӣ ба тавсиб расидаанд.

Тибқи маълумоти мавҷуда дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри татбиқи қарорҳои дахлдор чораву тадбирҳои муайян андешида шудаанд. Бо мақсади сатҳи омодагии муассисаҳои маорифи шаҳри Бӯстон ба зимистони дар пеш истода мо бо мудири шуъбаи маорифи шаҳр Ибодулло Зубайдулозода ҳамсуҳбат шудем. Мавсуф аз ҷумла гуфт, ки омодагӣ ба фасли сармо ҳанӯз аз моҳи майи соли равон бо фармоиши махсуси роҳбарияти соҳа оғоз шуда, дар ин муддат корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд.

- Пеш аз ҳама бояд гӯям, ки тамоми 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, Литсейю Гимназия ва муассисаҳои томактабии мо бо марказҳои гармидеҳӣ таъмин ҳастанд,- гуфт сарвари маорифчиёни шаҳри Бӯстон Ибодулло Зубайдуллозода,- 2 сол аст, ки аз истифодаи печкаҳои бухорӣ даст кашидаем, ки дар ин ҷода дастгирии МИҲД-и шаҳрро махсус таъкид карданӣ ҳастам. Эҳтиёҷ ба ангиштсанг, ки 305 тонна ва ҳезумро, ки 47 мукаабметр аст пурраву барзиёд захира шудаанд.

Бо мақсади фаҳмидани воқеияти гуфтаҳои Ибодулло Зубайдуллозода мо интихобан ба 2 муассиса омадем.

-Дар мактаби мо 1142 нафар хонанда таълиму тарбия меёбанд, ки аз ин ҳисоб 520 нафар духтараконанд,- гуфт сарвари МТМУ №4 Шаҳло Махсудова, - барои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ситоди махсусро анҷоми соли хониши рафта таъсис дода будем.

Аъзои ситод эҳтиёҷот ба маводи сӯзишвориро омӯхта ба чунин хулоса омаданд, ки барои зимистони навбатӣ ба муассисаи мо 44 тонна ангишт ва 5 мукаабметр ҳезум зарур аст. Бо дастгирии шуъбаи маорифи шаҳр ин миқдор маводи сӯхт захира  шуд ва оғоз аз 15-уми ноябр дастгоҳи гармидеҳи марказиро ба кор меандозем. Иловатан барои ҳифз намудан аз ҳодисаҳои сӯхтор биноҳои таълимӣ бо системаи автоматикии аз сӯхтор огоҳкунанда муҷаҳҳазонида шуданд. Коршоямии таҷҳизоти сипарҳои сӯхторхомӯшкунӣ аз муоинаи техникӣ гузаронида шуданд.

Сарвари муассиса моро ба синфхонаву анбори захираи маводи сӯхт ҳидоят кард, ки гуфтаҳояш дуруст буданд.

Дар Гимназияи №1-и шаҳр моро сарвари он собиқадори маориф Зебинисо Холмуродова истиқбол гирифт. Нахуст ӯ моро ба анбори захираҳои маводи сӯхт ҳидоят кард, ки дар он ҷо миқдори муайян ангиштсанг ва ҳезум захира шуда буд. Баъдан тирезаҳои синфхонаҳои бинои иловагиро нишон дод, ки бо шишаҳои пластикӣ дар ҳаҷми 262 мураббаъметр иваз шуда буданд. Аз 48 синфхонаи иловагӣ 12 ададаш аз таъмир бароварда шудааст. Дар маҷмуъ тамоми тирезаҳои бинои мактаб ба тирезаи пластикӣ иваз шудаанд.

- Барои паси сар намудани фасли сармои навбатӣ ҳайати ситод муайян кард, ки ба мо 27 тонна ангишту 3 мукаабметр ҳезум зарур аст, ки инро бо дастгирии шӯъбаи маорифи шаҳр захира кардем, -гуфт зимни суҳбат сарвари Гимназия Зебо Холмуродова. 

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh