Ташкили 16 ихтисоси нав дар донишгоҳ
- Details
- Published on Thursday, 13 February 2025 11:23
Қабл аз оғози нишасти матбуотии роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва рӯзноманигорон аз намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯён давоми соли 2024 дидан намуданд.
Сипас Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода бо рӯзноманигорон ва аҳли қалам нишасти матбуотӣ доир намуда, дар бораи равандҳои фаъолияти донишгоҳ маълумот дод.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми соли сипарӣ дар донишгоҳ теъдоди лабораторияву озмоишгоҳҳо афзуданд, ки ҷиҳати таъмини сифати таълим ва густариши раванди таҳқиқотҳои илмии устодону донишҷӯён мусоидат намуд. Аз ҷумла, дар факултети забонҳои хориҷӣ лабораторияи илмӣ-тадқиқотии магистрантон ва докторантон, дар факултети физика ва техника “Озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии физикаи ҷисмҳои сахт”, “Лабораторияи таълимии астраномия ва методикаи таълими он”, “Синфхонаи ихтироъкорон ва навоварон”, дар факултети геоэкология ва туризм бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Ҷон Сонг Шик “Гӯшаи забон ва фарҳанги Куриё” ифтитоҳ ёфтанд.
-Соли 2024 бо назардошти хизматҳои арзандаи устодони соҳибунвону соҳибтаҷриба 5 нафар бо медали “Хидмати шоиста”, 12 нафар бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар бо нишони сарисинагии “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон”, 4 нафар бо Ифтирхорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, 1 нафар бо унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, 7 нафар бо ҷоизаи Бобоҷон Ғафуров ва 1 нафар бо Ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ қадр гардиданд.
Дар марҳилаи ҳисоботӣ дар донишгоҳ 8 Шурои диссертатсионӣ фаъолияти худро идома дода, дар донишгоҳ 35 нафар рисолаи номзадӣ ва 8 нафар рисолаи докторӣ ба дифоъ расид.
Инчунин ректори донишгоҳ афзуд, ки соли равон равобити байналмилалӣ таҳким ёфта, донишгоҳ бо 18 донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар муассисаву ташкилотҳои байналмилалӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки нисбат ба соли гузашта 20 фоиз зиёд аст. Алҳол донишгоҳ бо зиёда аз 130 муассисаи ватаниву хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.
Қайд гардид, ки вобаста ба он, ки дар Паёми имсолаи хеш Пешвои муаззами миллат солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон доштанд, дар донишгоҳ 16 ихтисоси нав ташкил хоҳад гашт.
Дар фарҷоми нишаст байни рӯзномнигорону роҳбарияти донишгоҳ суолу ҷавоб сурат гирифт.
Ҳамзамон дар конфронси матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Тоҷибой Султонӣ низ иштирок дошт.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”