Ҳафтаи махсус барои наврасон

Дар толори китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ  фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид. Он таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» сурат гирифта,  ба 80-солагии  Шоири халқии Тоҷикистон  Гулназар Келдӣ  бахшида шуд.  

Фестивали мазкур бо иштироки намояндагони шуъбаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд, нависандагону шоирон, рӯзноманигорон ва собиқадорони соҳаи фарҳанг доир гардида, хонандагони Гимназияи рақами 4, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 20 ва кӯдакони Ширхоргоҳи рақами 33-и шаҳри Хуҷанд барномаи бадеию фарҳангӣ  ташкил намуданд.  Ҳамчунин, барои болидахотирии тамошобинон донишҷӯёни факултети санъати  МДТ “ДДХ ба номи академик  Бобоҷон  Ғафуров”  ба чорабинӣ  ҷалб  гардида, ба таври зинда сурудхонӣ карданд.

Нахуст, директори  китобхонаи вилоятии бачагонаи  ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ  Муаззама Муродзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз мақсаду мароми фестивал  ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон  Гулназар Келдӣ  ҳарф зад.

Ҷалби кӯдакону  наврасон ба хониш ва пайваста мутолиа намудани китоб  аз масъалаҳои муҳим  арзёбӣ шуд.  Иброз гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии фестивал тарғиби асарҳои тозаэҷоди шоирону нависандагони бузург аст.

Дар  идомаи фестивал хонандагон  ашъори шоир Гуланазар Келдиро ба ёд оварда, дар бораи кору фаъолияти ӯ маълумот доданд. Ҳамчунин саҳначаҳои тарбиявӣ  ба намоиш гузошта шуд. Сипас,  рӯзноманигорону  адибон  аз кору пайкори неки  шодравон Гулназар Келдӣ ёдовар шуданд, то барои хонандагону наврасон дарси ибрат шуда, ҳамчун идомадиҳандаи роҳи бузургон  ба воя расанд. 

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» дар асоси фармони  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №27 аз 20-уми январи соли 2025 дар миқёсӣ  ҷумҳурӣ баргузор  гардида, аз 2-юми апрел то 9-уми апрел давом мекунад. Мақсад аз баргузории  фестивал  ҷалби насли наврас  ба мутолиаи китоб, ташаккул  ва такомули  беҳтарин малакаҳои  хониш,  боз ҳам  баланд  бардоштани  сатҳи  фарҳанги  иттилоотии кӯдакону  наврасон,  ҷавонон ва ба ин васила  дар замири онҳо  тарбия намудани  ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти  арзишҳои  милливу  умумибашарӣ  мебошад.

Манзура БАХТИЁРЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh