Ҷавонон китоб мутолиа намекунанд. Чаро?

Китобро манбаи дониш мегўянд. Инсон аз мутолиаи китоб соҳиби дониш мешаваду хазинаи луғавии худро ғанӣ мегардонад. Китоб аст, ки инсонро ба сўйи илму маърифат ва ахлоқи ҳамида ҳидоят мекунад.

Он шоҳроҳи ҳаёти инсонро мунаввар ва дурахшон месозад. Дар урфият китобро дўсти содиқу роҳатрасон мегўянд. Китоб ба хонанда ғизои маънавӣ мебахшад. Он пайвасткунандаи таърихи дирўзу имрўзу фардои мост. Пас чаро имрўз ҷавонон китоб намехонанд? Дар ҳоли ҳозир ин мавзўъ, бо вуҷуди он ки бисёр дар ин бора гуфта шудааст, аз муаммоҳои муҳим ва мавзўи мубраму доғи рўз аст.

Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ имрўз дар хазинаи худ 500 ҳазор нусха китоб дорад. Китобхона танҳо як рўз дар як моҳ рўзи санитарӣ мегузаронад. Боқимонда 29-30 рўз дари худро ба рўи хонандагон кушодааст. Мўҳлати мутолиаи як китоб 14 рўз, 2 ҳафтаро дарбар мегирад, ҳол он ки агар инсон хоҳад, як китобро дар як - ду рўз хонда, ба итмом мерасонад.

Масъалаи дуюм ин гарон будани нархи китоб аст. Имрўз нархи китоб аз 10 сомонӣ то 150-200 сомониро ташкил медиҳад. Шояд барои баъзе аз ашхос ин нарх, дарвоқеъ, гаронӣ кунад, аммо ин баҳона буда наметавонад. Масалан, асари «Ёддошт- ҳо»-и Айнӣ, ки аз чор ҷилд иборат аст, шартан 150-200 сомониро ташкил медиҳад. Аммо, харидани он шарт нест, зеро имрўз ин китобро бе мушкилӣ метавон аз китобхонаҳои вилоят дастрас кард. Масъалаи гарон будани нархи китоб баҳонае беш нест. Як паҳлўи масъала мутолиа накардани китоби бепул бошад, дигар тарафи он нахаридани китоб аст. Агар имрўз ҷавонон китоб хондан хоҳанд, ин ба онҳо муаммоеро пеш намеорад. Масалан, як шахс имкон дорад, аз Китобхонаи оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ 500 ҳазор китобро дастрас ва мутолиа намояд, ҳол он ки имрўз як донишҷў 500 ҳазор адад китоб он тараф истад, 10-15 китобро дастрас ва пурра мутолиа наменамояд.

Ғайр аз ин имрўз метавон китобро тавассути сомонаҳои интернетӣ мутолиа кард. Имрўз зиёда аз 90 фоизи донишҷўён ба интернет пайвастанд, аммо онро на барои дар-ёфту мутолиаи ягон китоб ё мақола, балки барои муошират бо дўстон тавассути барномаҳои иҷтимоӣ Viӣӯқ, Instagқam, Одноклассники ё худ Facӯӣook истифода мебаранд. Мо намегўем, ки истифодаи ин барномахо аз манфиат холӣ аст, аммо мутолиаи як саҳифа китоб ё як мақола манфиат-овартар хоҳад буд.

Китоб ба инсон ғизои маънавӣ мебахшад, фарҳангу маърифати инсонро баланд, ҷаҳонбиниашро васеъ мегардонад. Китоб инсонро ба қуллаҳои баландтарини илм мерасонад.

Агар ин тавр намебуд, магар устод Рўдакӣ ба қуллаҳои баланди олами шеъру шоирӣ мерасиду асосгузори адабиёти классикии форс-тоҷик мешуд? Ва ё агар тавассути мутолиаи китоб устод Айнӣ сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон намешуд, пас тавассути чӣ буд? Маҳз китоб буд, ки Сино ба дараҷаи олитарини илми тибб расид, Бобоҷон Ғафуров бошад, академик ва Қаҳрамони Тоҷикистон шуд ва маҳз, тавассути китоб мавҷудияту ҳастии халқи тоҷикро исбот намуд.

Президенти кишвар, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон аст».

 Мафтуна Исмоилова,
донишҷўи шўъбаи рўзноманигории ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh