ОЁ ҚАДРИ ВАТАН ҲАМИН АСТ?

Бархе қудрати дарки пешравиву тараққиёти Тоҷикистонро надоранду кӯшиш меварзанд, ки бо истифода аз фурсати муносиб баъзе андешаҳои ғаразноки худро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мардум гӯшрас созанд.

Созмони дидбони ҳуқуқи башар ва Созмони хабарнигорони бидуни марз хостаанд, ки гӯё масъалаи саркӯбу мавриди шиканҷа қарор додани боздоштшудагонро дар Тоҷикистон бо дасти раиси ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон ҳал намуда бошанд ва бо ин ният гуруҳе аз мухолифин – намояндагони «Паймони миллӣ» ва «Гурӯҳи 24» намоиши эътирозӣ ташкил намуда, гӯё эътирози худро баён доштанду аз ҷаноби Макрон кӯмак пурсида бошанд. Ин амалҳо ханда ва нафрати касро меорад ва саволе азоби виҷдон медиҳад, ки ин сафсатаву дасиса, бадбинию лагандбардорӣ кай анҷом меёбад?

Наход инсоне, ки зиндагиро дар мулки бегона ихтиёр кардааст, ин қадар хумори Ватан боло гирифтааст, ки ҳақро аз ботил, сиёҳро аз сафед, ошноро аз бегона фарқ намекунад?!..

Зиндагӣ дар кишварҳои мутараққӣ, ба андешаи баъзе аз инсонҳо, хуб аст, вале дар ҳоле ки бо Ватани аҷдодиат дар тамосу алоқа бошӣ, аз инкишофу рушди он завқ барӣ, ифтихор намоӣ, дигаронро талқин намоӣ, ки биё, Тоҷикистон равем, аз ҷаннати заминӣ лаззат барем... На ин ки аз «тағо» - и бегона ёрӣ талаб кунӣ, ки моро наҷот деҳ…

Шояд лоиқи гуфтан набошад, лекин мегӯем, ки қалби шумо мурда аст, мафкураатон холист, қадри хоки Ватан, қадри модару падар, қадри меҳнату заҳмати устодону омӯзгоронатон, қадри ҳар сабзаву гулу буттаи Тоҷикистонро эҳсос карда наметавонед!…

М.ҚОДИРОВА,
устоди Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh