ЧОҲИ БАДХОҲӢ МАКОБ

Мегӯянд, ки ҳодисоти рӯзгор беҳикмат нест. Инсон некӣ мебинад ва  баръакс. Агар ба кишваре ҷабр кардӣ, албатта, кишвари дигар туро озор хоҳад дод.

Рӯзҳои охир дар расонаҳои хабарӣ аз ҳодисаҳои ноороми Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар натиҷа садҳо бонку фурӯшгоҳҳои сӯзишворӣ ба хароба табдил ёфта, нафарони ошӯбгар боздошт шудаанд, иттилооти гуногун мерасад.

Ин хабарҳои нохуш  мардуми моро, ки  ин гуна  гирдиҳамоиҳо, шиорпартоиҳо ва ахиран ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, бетараф намегузорад. Зеро мардуми тоҷик медонад,ки дар ин муқобилиятҳо ва сангаршиниҳо танҳо халқ ҷабр мебинад ва рӯзгори мардум хароб мешавад.

Мардуми Тоҷикистон ва мардуми оддии Эрон ба якдигар дар бисёр ҷабҳаҳои ҳаёт шабоҳат доранд, аз қадимулайём бадбини якдигар нестанд, аммо охундҳои Эрон аз ин садоқат хулосаҳои нодуруст бароварда, дар ошӯбу  гирдиҳамоиҳои солҳои баъди навадум дар Тоҷикистон бо ташкил кардани ҳизби хиёнаткори наҳзат ва дастгирии ин ташкилоти террористӣ экстремистӣ ҳиссагузор шуданд. То ҳол роҳбарони ҳизби хиёнаткори наҳзатро тарафдорӣ мекунанд ва гуфтанӣ ҳастанд, ки бо ин роҳ  гӯё ба дини мубини Ислом хизмат мекарда бошанд.  Вале зимнан ҳадафҳои сиёҳи сиёсиро дар дил доранд. Воқеан, дар  гирдиҳамоӣ ва ошӯбҳои баъзе аз кишварҳо ҳамдастӣ намудани Эрон, ки  хидмати хирсонаи  охундҳо буд, ки дар назди таҳлилгарони ҷаҳонӣ ва баъзе  кишварҳои дунё Эронро ба сифати ҳомии терроризму экстремизм  ва гурӯҳҳои ифротӣ ошно кард.

Имрӯз бошад, дар пайи афзоиш ва болоравии нархи сӯзишворӣ дар Машҳад, Теҳрон, Аҳвоз ва дигар вилоятҳои Эрон  ошӯбу гирдиҳамоиҳо дар даҳҳо хиёбонҳо ба вуқӯъ омадааст, ки дар натиҷа ба мардуми ин кишвар  хисороти моливу ҷонӣ ба бор оварда истодааст.  Имрӯз дар ҳамин вазъияти ноором касе ё давлате ин ошӯбгаронро тарафдорӣ карда, онҳоро маблағгузорӣ намояд, ин охундҳо чӣ мегуфта бошанд?

Имрӯз мо - мардуми Тоҷикистон мехоҳем, ки тамоми дунё ором бошад, аз ҷумла, бори ғам ба сари миллати Эрон низ наафтад, аммо ба охундҳои муҳтарам мегӯем, ки шумо ҳам дурандеш бошед, неку бадро ҷудо кунед, ба умури дигар давлатҳо мудохила накунед. Аз ҷумла, тарафдори нооромии Тоҷикистон набошед, бо дастгирии як гурӯҳ наҳзатиёни хиёнаткор ба миллати тоҷик  чоҳи бадхоҳӣ макобед, зеро бузургони миллат гуфтаанд: "Чоҳкан зери чоҳ" хоҳад буд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода,
раиси Шӯрои уламои дини вилоят

Add comment


Security code
Refresh