Ҷавонон - насли ояндасози кишвар
- Details
- Published on Thursday, 21 November 2024 08:48
Имрӯз падидаҳои номатлуб, ба монанди экстремизму терроризм дар кишварҳои гуногун доман паҳн карда, ба амнияти минтақаҳои алоҳидаи олам таҳдид доранд, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд. Гурӯҳҳои ифротгаро, ки аз ҷониби абарқудратҳо маблағгузорӣ мешаванд, як ҳадаф доранд: ин ҳам бошад, ноором кардани вазъи сиёсии кишварҳои мухталиф, таъмин намудан бо аслиҳа ва аз ин ҳисоб ба даст овардани манфиат.
Барои ҳамин мегӯянд, террорист на ватан дораду на миллату на мазҳаб. Ифротгароён дар мактабҳои махсус омода карда мешаванд ва барои онҳо муқаддасоти ватану ватандорӣ бегона аст. Онҳо монанди лӯхтак ҳар як супориши хоҷагонашонро иҷро мекунанд. Мутаассифона, бархе хоинони миллат, роҳбарон ва аъзои ТТЭ ҲНИ дар кишварҳои хориҷа паноҳ бурда, имрӯз вазъи сулҳу субот, ободиву осудагии мамлакати моро, ки худ аз ҳавои он нафас гирифтаанду обу нон хӯрда, ба воя расидаанд, дида наметавонанд ва баҳри ноором намудани вазъи сулҳу суботи кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Барои амалӣ гардондани ҳадафҳои нопоки худ аз ҳар гуна восита, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд.
Бинобар ҳамин, имрӯз, ки авзои ҷомеа пуртазод аст, ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавононро лозим аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, огоҳона амал намоянд, то фирефтаи доми гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд.
Кишвари мо ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонида истодааст. Мо ҳамеша терроризм ва экстремизмро чун зуҳуроти хавфнок шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо кӯшиш ба харҷ дода, баҳри гулгулшукуфии кишварамон саҳм мегузорем. Зеро ин ободию осоиштагӣ ва сулҳу субот ба осонӣ ба даст наомадааст. Мо, ҷавонон баҳри он мекӯшем, ки давлати тозаистиқлоламон доимо пойдор бошад, ваҳдату ҳамдилӣ бобақо бошад ва бо неруи муттаҳидӣ кишварамонро обод созем.
Имрӯз дар синфхонаҳои барҳавои донишгоҳҳои бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз таҳсил намуда, мо, насли ояндасози кишвар масъулем, ки дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намоем, ба арзишҳои миллиамон арҷ гузорем, бо бунёдкориву созандагӣ сарзаминамонро обод намоем, то ки фардоиён дар кишвари пешрафтаву мутараққӣ зиндагӣ кунанд.
Зуфнуна МӮСОҶОНОВА,
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Fафуров