ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ АМАЛИ ДАСТАҶАМЪОНА МЕБОЯД
- Details
- Published on Thursday, 21 November 2024 08:36
Террористон гурӯҳҳои ҷиноятпешае мебошанд, ки давлатҳои абарқудрат онҳоро бо яроқу аслиҳа таъмин ва маблағгузорӣ мекунанд ва баҳри амалигардонии ҳадафҳои хеш истифода мебаранд. Ин ҳадафҳо кадом аст? Ноором кардани дунё ва аз он ба манфиати хеш истифода бурдан, ба фурӯш баровардани яроқҳое, ки истеҳсол кардаанд. Яке аз ин ҳадафҳо бадном кардани дини ислом мебошад. Ин аст, ки террористон ҳар як амали худро ба номи дини ислом амалӣ мекунанд. Дар ягон ҷойи Қуръон, ки китоби муқаддаси мусулмонон аст, дар бораи куштани инсоният, хоса инсонҳои бегуноҳ ҳарфе оварда нашудааст. Баракс, ҳама оину ҳадафҳои террористон, ки худро муҳофизони дини ислом медонанд, зидди дини ислом аст.
Дар китоби Қуръон гуфта мешавад, ки инсон бояд қаноатпеша бошад ва чандон дилбастаи молу маноли дунё нашавад, даст ба хайру эҳсон дошта бошад, ятимону мӯҳтоҷонро дастгирӣ кунад. Аммо террористон баракси ин амал карда, барои пулу моле, ки хоҷаҳояшон ба онҳо медиҳанд дини мубораки исломро бадном мекунанд.
Аз дасти куштор ва бераҳмии террористон ҳазорҳо нафар тарки ватан ва хонаву ҷой карда, дар мамлакатҳои бегона гирифтори азият шудаанд ва қисме аз онҳо дар ин роҳ ҷон бохтаанд.
Аксарияти террористон аз маводи мухаддир истифода мебаранд, ҳол он ки дар Қуръон маводи мадҳушкунанда сарчашмаи гунаҳҳои зиёдест ва ҳаром шумурда мешавад.
Дар адабиёти оламгири тоҷик ҳам шоирони классики мо ҳамеша ба ашхоси бадтинату кинапарвар нафрат доштаанд ва дар мазамматашон шеъру ғазалу рубоиву достонҳо офаридаанд, ки намунаи беҳтаринаш ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, “Шоҳнома”- и Абулқосими Фирдавсӣ, ҳикоёту ашъори Саъдии Шерозӣ мебошад. Мардуми тоҷик бо илму ирфон, шеъру адаб, маданияту фарҳангу санъат оламгир аст ва ба терроризму террорист, ки бо куштану ғорат кардан хатаре барои оламу одам аст, нафрат дорад.
Террористон дар мактабҳои махсус омода карда мешаванд. Ин ҷараёни пурхатар на танҳо инсонҳоро ҷисман аз байн мебаранд, балки ба аъсоби ҳамаи инсонҳо садама ворид мекунад.
Имрӯзҳо маҳз аз шабакаҳои интернетӣ ва расонаҳои дигар ифротгароён ба таври фаровон истифода мебаранд ва ба ин воситаҳо инсонҳо, хусусан ҷавононро ба гуруҳҳои худ ҷалб мекунанд.
Моро мебояд ҳамеша бо ҷавонон кор барем ва мақсаду ҳадафҳои ифротгароёнро фаҳмонем, то ки онон фирефта ва раҳгум нашаванд.
Мо бояд наврасону ҷавононро аз дидани филмҳои моҳияти террористидошта манъ намоем. Зеро бо чунин филмҳо террористон бо зеҳн ва рӯҳи инсонҳо кор мебаранд.
Дар айни замон, сохтани маводи моҳияти террористидошта ва дастрас кардани он ба миллионҳо одамон мушкил нест.
ВАО-и рақамӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар манбаъҳо бо аудиторияи чандинмиллиона дар дасти воситаи муассири таъсир расонидан ба афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пешбурди ақидаҳо ва амалҳои онҳо истифода мешаванд.
Бо назардошти он, ки насли ҷавон аз хурдсолӣ имкони истифодаи Интернетро ба даст меорад, бояд хатарҳоеро, ки корбарон дар фазои маҷозӣ дучор мешаванд, дар ёд дошт.
Ҳодисаҳои зиёд ба назар мерасад, ки ҷавони раҳгумзада ба гуруҳҳои террористи шомил мешавад, зану фарзандашро ҳам бо худ ба он мамлакатҳо бурдааст.
Вақте ҷавони террорист кушта мешавад, зану фарзандони ӯ дар мулкҳои бегона ар сарсониву саргардонианд.
Насли калонсол таҷрибаи зиёд доранд онҳо фирефта намешаванд, ин аст, ки аксаран раҳгумзадаҳо ҷавонону наврасонанд. Аммо калонсолон, падару модарон бояд ҳамеша назорати қатъӣ ба хониш, ҳар амали фарзанд дошта бошанд.
Фаҳмонидани гурӯҳҳои ҷинояткору қотил будани террористон ба ҷавонону наврасон бояд кори ҳамешагии падару модарон, муаллимон ва ҳар нафари солимфикр бошад. Падару модарон бояд дар хотир дошта бошанд ки барои ҳаёт ва саломатии фарзандонатон ҷавобгаранд. Зиндагии фарзандони худро дар фазои маҷозӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирона бояд назорат кунанд..
Терроризм дар ҳама гуна шаклҳои зуҳуроти худ яке аз хавфҳои пешгӯинашаванда ва бо оқибатҳои барои инсоният дар асри ХХI хатарнок аст.
Ҳам давлатҳои мутараққии пешрафта ва ҳам кишварҳои қашшоқу қафомонда аз хатару зарари терроризм эмин нестанд.
Хусусияти фарқкунандаи терроризми муосир дар он аст, ки бо яроқу аслиҳа таъминанд, ҷангҳои иттилоотиро ба роҳ мемонанд.
Танҳо инсоне, ки ақлу фаросат дорад, дурандеш аст, соҳиби донишҳои сиёсӣ аст, мақсади асосии терроризмро мефаҳмад ва аз он худро дур мегирад.
Мубориза бар зидди терроризм кори як нафару ду нафар нест, кори як кишвару ду кишвар ҳам буда наметавонад, балки кори ҳама аҳли олам бояд бошад. Агар ҳамаи давлатҳо бар зидди ин хатар мубориза баранд, имкони решакан кардани он ҳаст.
Адибаи Хуҷандӣ