МАЪРИФАТИ ҶАВОНОНРО БАЛАНД БАРДОРЕМ
- Details
- Published on Thursday, 21 November 2024 08:45
Аз рӯзе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расид, солҳо сипарӣ гардиданд. Ин қонун дар байни ҷомеа мавриди андеша ва муҳокимарониҳои зиёд қарор гирифт. Яке мавҷудият ва амали қонунро қабул кардаву дигаре андеша дошт, ки бе он ҳам то имрӯз тавонистем насли ояндасозро тарбия намудем.
Мардуми тоҷик то ҳол нобасомониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш накардааст. Аммо имрӯзҳо як зумра хоинони Ватан андешаи ноором кардани сулҳу суботи кишварро дошта, мардуми диёр, бахусус ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд. Аслан фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ҷалби ҷавонони сустиродаю сода ва бо роҳи хиёнаткорӣ гумроҳ кардани онҳост. Нодида гирифтани рафтори ношоистаи ҷавонон аз ҷониби аҳли ҷомеа, гузашт ба хатоиҳои онҳо, беэътиборӣ нисбат ба рафторашон оқибатҳои боз ҳам вазнинтару ногувортарро ба бор хоҳад овард. Дар ин самт омӯзгорон бояд дар ҳамкорӣ бо падару модарон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҷавонону наврасонро бештар ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, иштирок дар маҳфилҳои ҳунармандӣ ҷалб намоянд. Вазифаи аввалиндараҷаи падару модарон пеш аз ҳама, тарбияи дурусти фарзандон ва аз роҳи бад баргардонидани онҳо мебошад. Наврасону ҷавонони моро мебояд, ки бо шукргузорӣ аз замони осоишта ва сулҳу суботи кишвар фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ нагардида, бо омӯхтани илму дониш машғул шаванд. Барои пешгирии зуҳуроти номатлуб пеш аз ҳама, маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷавононро баланд бардошта, муқаддас будани Ватан-Модар, сулҳу субот ва арзишҳои миллиро ба онҳо фаҳмонидан лозим аст.
Сабабгори сар задани амалҳои номатлуб пеш аз ҳама, паст будани маърифат ва дониши ҷавонону наврасон мебошад. Падару модаронро мебояд, ки ҳамеша аз ҳоли фарзандони раҳдурашон, ки дар муҳоҷирати меҳнативу таҳсил қарор доранд, бохабар бошанд, нисбат ба онҳо бепарвоию ғофилӣ накунанд. ҳамеша ҳушдор диҳанд, ки бо ягон равияи ифротӣ ва шахси ношинос риштаи дӯстӣ набанданд, барои маблағи ночиз ва бедардимиён худро ба доми хоҷагони хориҷӣ наафкананд, роҳи нодурусти зиндагиро интихоб накунанд. Аз ҷиҳати дигар ҳар фарди ҷомеаро мебояд, ки нисбат ба тақдири ҳар шахс бетарафӣ зоҳир накарда, дастҷамъона бобати пешгирӣ аз амалҳои номатлуб кӯшиш намоем.
Наргис ҚОДИРОВА,
омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи
Гимназияи № 24, шаҳри Хуҷанд