"Равзанаи ягона" дар Панҷакент оғоз ёфт

Марҳалаи навбатии мулоқоти Раиси вилоят Қоҳир Расулзода, ки дар партави дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, аз шаҳру навоҳии Панҷакент оғоз ёфт. Дирӯз роҳбарони шӯъбаю сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораю ташкилотҳои марбута бо усули нав - "Равзанаи ягона" дар Ҷамоати деҳоти Ёрии ноҳияи Панҷакент қабули шаҳрвандонро доир намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки ин усулро дар вилоят аввалин маротиба дар ноҳияи Fончӣ аз санҷиш гузаронданд ва он самараи хуб ба бор овард.

Бо дастури Раиси вилоят соли 2013-ум дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ қабл аз мулоқот бо роҳбарияти вилоят шаҳрвандонро бо ин усул қабул мекунанд ва рӯзи гузашта он аллакай манфиаташро собит намуд. Бояд гуфт, ки дар "Равзанаи ягона" бештар аз 60 нафар роҳбарони мақомоти марбутаи вилоятӣ, мақомоти қудратӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва рӯзномаю оҷонсиҳои ғайридавлативу хусусӣ ширкат доранд.

Дар қабули шаҳрвандон бо усули "Равзанаи ягона" дар Ҷамоати деҳоти Ёрӣ бо масъалаҳои мухталифи чи ҷамъиятиву чи хусусӣ 176 нафар бошандагони ҳафт Ҷамоати деҳоти шаҳри Панҷакент ширкат варзиданд ва ба роҳбарони шӯъбаву сохторҳои мақомоти дахлдори вилоятӣ арзу шикоят, пешниҳод ва дархосташонро иброз намуданд. Бояд зикр намуд, қабули шаҳрвандон бо усули "Равзанаи ягона" боз аз он ҷиҳат нафъовар аст, ки баъзе шаҳрвандон бо якчанд масъала меоянд ва роҳбарони мақомоти марбута дигар масъалаҳоро, ки боиси ташвиши шаҳрвандон шудааст, ҳамоно мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Муроҷиати мардум ба роҳбарони мақомоти вилоятӣ гуногун буд, вале аҳолии аксар деҳаҳоро масъалаи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, ноадолатиҳо дар ин амали хайр ба назди сарварони шӯъбаю сохторҳо овардааст. Танҳо доир ба ин масъала рӯзи қабул дар "Равзанаи ягона" 45 нафар шаҳрвандон муроҷиат карданд. Эҳтиёҷмандон аз фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии ҷамоатҳо ва шаҳр изҳори нигаронӣ карданд. Баъзеҳо кайҳо сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро соҳиб шуда бошанд ҳам, мансабдорон тақсимоти заминро бо сабабҳои номаълум кашол медиҳанд. Гурӯҳи дигар солҳои сол дар навбати эҳтиёҷмандон истодаанд, вале аризаашон баррасӣ намешавад. Баъзеҳо, ҳатто, ишора ба он карданд, ки дар тақсимоти замини наздиҳавлигӣ амалҳои коррупсионӣ ҷой доранд.

Ҳамчунин, мардум бо масъалаҳои таъминот бо оби полезию ошомиданӣ арз намуданд. Дар ин бора 22 муроҷиат ворид гардид, ки ифодагари муаммою дарди дили садҳо нафар бошандагони деҳаҳои ноҳия маҳсуб мешавад. Ҳамин тавр, доир ба масъалаи ҳуқуқ 13 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд. Набудани майдончаҳои варзишӣ, мувофиқи мақсад кор накардани хатти барқи баъзе минтақаҳо, мусоидат ба созмон додани коргоҳҳои нави истеҳсолӣ - номгӯи нопурраи масъалаҳоеанд, ки мардум бо онҳо ба роҳбарият муроҷиат карданд.

Рӯзи гузашта дар Ҷамоати деҳоти Косатарош низ бо усули "Равзанаи ягона" қабули шаҳрвандон доир гардид. Нимаи дуюми рӯз Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар ҳамин деҳа бо сокинони якчанд ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент мулоқот орост.

Хабарнигори "Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh