Муколамаи ҳамкории Осиё

Муколамаи ҳамкории Осиё - ҳамоиши минтақавии кишварҳои Осиё мебошад, ки ҷонибдорони принсипҳои баробарӣ, эҳтироми мутақобила, ҳамкории мутақобилан судманд ва сиёсати некхоҳонаро бо ҳам гирд овард. Кишварҳои узви ин ҳамоиш баҳри барпо намудани Осиёи нав саъю талош менамоянд, ки дар он сулҳи пойдор, субот ва шукуфоӣ ҳукмфармо бошад.

Ғояи "Муколамаи ҳамкории Осиё" аз ҷониби Шоҳигарии Таиланд дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ (АСЕАН) моҳи феврали соли 2002 пешниҳод гардида буд. Мақсади асосии он - ба вуҷуд овардани афзори нави ҳамкории байниминтақавӣ буд, ки метавонад мисли пул миёни ҳамоишҳои дигари минтақавии Осиё хизмат кунад ва дар оянда сохтори асосии ҳамкориҳои умумиосиёгӣ бошад.

Айни ҳол Муколамаи ҳамкории Осиё 32 кишвари қитъаи Осиё - Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Бангладеш, Баҳрайн, Бруней - Дорулассалом, Бутан, Ветнам, Ҳиндустон, Индонезия, Камбоҷа, Қазоқистон, Қирғизистон, Корея, Қувайт, Қатар, Русия, Малайзия, Муғулистон, Мянма, Чин, Лаос, Покистон, Сингапур, Тоҷикистон, Таиланд, Шри-Ланка, Уммон, ӯзбекистон, Филиппин ва Японияро гирди ҳам овардааст. Инчунин барои шомил шудан ба МҲО Австралия, Непал ва Яман амалан мароқ зоҳир намудаанд.

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО мақоми олии ин ҳамоиш ба ҳисоб меравад, ки ҳар сол як маротиба баргузор мегардад.

Дар чаҳорчӯбаи Муколамаи ҳамкории Осиё 20 барномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика ва амнияти энергетикӣ, технологияҳои иттилоотӣ, таъсиси саҳҳомии осиёгӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, сайёҳӣ, инкишофи соҳибкории хурду миёна, муколамаи тамаддунҳо ва ғайра амалӣ мегарданд. Ҳамзамон, ҷиҳати барпо намудани Созмони энергетикии Осиё ва таъсиси Маркази МҲО оид ба рушди имкониятҳои башарӣ мувофиқаҳо ҳосил шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 5-уми вазирони корҳои хориҷии МҲО 5 июни соли 2006 дар Қатар ба узвияти МҲО қабул гардида буд.

АМИТ "Ховар"

Add comment


Security code
Refresh