Тақсимоти замин муаммо мемонад

Чуноне хонандагони рӯзнома иттилоъ доранд, марҳалаи навбатии мулоқоти Раиси вилоят Қоҳир Расулзода, ки дар партави дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, дар шаҳру навоҳии Панҷакент идома дорад.

Дар ин радиф санаи 27-уми марти соли равон роҳбарони шӯъбаю сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораю ташкилотҳои марбута дар бинои мактаби таҳсилоти умумии рақами 25-уми ба номи академик Бобоҷон Fафурови Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент қабули бошандагони ҳафт ҷамоати деҳотро бо усули нав – «Равзанаи ягона» гузаронданд. Дар қабули шаҳрвандон бо усули «равзанаи ягона» бештар аз 60 нафар роҳбарони мақомоти марбутаи вилоятӣ, мақомоти қудратӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва нашрияю оҷонсиҳои ғайридавлативу хусусӣ иштирок доштанд.

Бошандагони ҷамоатҳои деҳоти Шинг, Косатарош, Саразм, Фароб, Чинор, Моғиён ва Хурмӣ доир ба масъалаҳои ҷамъиятиву шахсӣ муроҷиат карданд. Дар рӯзи қабул бештар аз 230 нафар шаҳрвандон аз ҷамоатҳои номбурда ба роҳбарони шӯъбаву сохторҳои мақомоти дахлдори вилоятӣ бо масъалаҳои мухталиф арзу шикоят карда, пешниҳод ва дархост ба миён гузоштанд.

Мавзӯи муроҷиати мардум ба роҳбарони мақомоти вилоятӣ як хел набуд. Онҳо аксар характери ҷамъиятӣ доштанд ва як нафар аз номи даҳҳову садҳо нафар бошандагони ин ё он мавзеъ шикоят карданд. Норасоии оби ошомиданӣ ва полезӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз аст, ки солҳои тӯлонӣ ҳал намешавад ва мардум дар ҳама мулоқоту чорабиниҳо онро ба миён мегузорад. Дар ин хусус роҳбарияти шаҳри Панҷакент ва раисони ҷамоатҳои деҳот бо ҳамдастии аҳолӣ корҳои зиёдро ба сомон расонда бошанд ҳам, сокинони деҳаҳо бинобар норасоии об аз заминашон ҳосили дилхоҳ бардошта наметавонанд.

Дигар масъалаи дардноки мардуми деҳот тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ва ноадолатиҳо дар ҷудо кардани саҳми замин мебошад. Бо вуҷуди андешидани чораҳои мушаххас тақсимоти замини наздиҳавлигӣ дар аксар ҷамоатҳои деҳот чун муаммои рақами як боқӣ мемонад. Боиси нигаронӣ аст, ки комиссияи ҷамъиятии ҷамоатҳо фаъолияти хуб надорад ва дар баъзе ҳолатҳо бо қонунвайронкунӣ роҳ медиҳад. Он рӯз танҳо бо масъалаи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандон бештар аз 70 нафар бошандагон шикоят пеш оварданд.

Дигар масъалаи доғ, ки дар «равзанаи ягона» бештар баррасӣ шуд, таъминот бо ҷойи кор, бахусус, дар корхонаи муштараки «Зарафшон» буд. Масъалаҳои ҳуқуқвайронкунӣ, мавҷуд набудани майдончаҳои варзишӣ, таъмиру тармими бинои мактабу кӯдакистонҳо, таъминоти бунгоҳҳои саломатӣ бо таҷҳизоти тиббӣ ва ғайраҳо мардумро ба ташвиш гузоштаанд. Бошандагон бо ин масъалаҳо ба роҳбарият муроҷиат карда, аз мақомоти вилоятӣ кӯмаку дастгирӣ хоҳиш кард.

Нимаи дуюми рӯз Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар шаҳраки Суғдиён, бо сокинони ҳафт ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент мулоқот орост. Вай дар хусуси вазъи сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла дастовардҳои солҳои ахири вилоят сухан ронда, гузориши корро дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот, ки намояндагонаш дар вохӯрӣ ҳузур доштанд, таҳлил намуд. Раисони Ҷамоатҳои деҳоти Косатарош Абдурабӣ Исрофилов, Саразм - Лутфулло Раҳимов, Шинг – Мавлон Раҷабалиев, Хурмӣ - Аҳмадулло Иброҳимов, Фароб - Шамсиддин Баҳриддинов ва Чинор - Аҳадқул Усмонов аз вазъи деҳот гузориш дода, баъзе муаммоҳоро ба забон оварда, аз Раиси вилоят хоҳиш карданд, ки дар ҳалли онҳо мусоидат намояд. Якчанд нафар бошандагони ҷамоатҳои деҳот ҳам бо масъалаҳои шахсиву ҷамъиятӣ ба Раиси вилоят муроҷиат намуданд.

Имрӯз Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар Ҷамоати деҳоти Ёрӣ бо аҳолии ҳафт ҷамоати деҳот мулоқот доир мекунад. Сафари кории Раиси вилоят дар шаҳру ноҳияи Панҷакент идома дорад.

Хабарнигори «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh