Мулоқоти Раиси вилоят дар деҳаи Ёрӣ

Санаи 28-уми марти соли равон Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар Ҷамоати деҳоти Ёрӣ бо аҳолии ҳафт ҷамоати деҳот мулоқот доир кард. Вай вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат, аз ҷумла вилоятро ба ҳозирин фаҳмонда, гуфт, ки меҳнаткашони ҷумҳурӣ таҳти сарварии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба мақсадҳои олӣ ҷидду ҷаҳд доранд.

Раиси вилоят аз корҳои иҷрошуда дар қаламрави вилоят ҳарф зада, таъкид бар он кард, ки бо супоришу ҳидоятҳои Сардори давлат мо, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилоят ва шӯъбаю сохторҳои он ба назди мардум рафта истодаем. Боиси зикр аст, ки соли равон мулоқоти Раиси вилоят бо аҳолии минтақаҳои алоҳида маҳз аз ноҳияи Панҷакент оғоз гардид. Вохӯрии кунунӣ, гуфт Қоҳир Расулзода, як навъ ҳисоботи Раиси вилоят дар назди мардум аст.

Мардуми ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Панҷакент дар пешбурди ҷомеа саҳмгузор аст. Сипас Раиси вилоят вазъи корҳоро дар ҷамоатҳо таҳлил намуда, як қатор камбудиву нуқсонҳоро дар фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои деҳот, масъулони сохторҳои гуногуни қаламрави вилоят ба забон овард. Дар ин ҷамоатҳо ҳам муаммои тақсимоти замини наздиҳавлигӣ то ҳанӯз ҳал нашудааст ва эҳтиёҷмандон солҳои сол интизоранд, ки кай соҳиби участкаи наздиҳавлигӣ мешаванд.

Қоҳир Расулзода дар бораи соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра таваққуф намуд. Меҳнаткашони деҳоти Панҷакент, гуфт Раиси вилоят, бо дастури Президенти кишвар майдони кишти картошкаро зиёд карда, соли равон бояд 100 ҳазор тонна ҳосил ғундоранд. Марди деҳқон самараи меҳнаташро соли гузашта аллакай баръало эҳсос намуд ва боварӣ ҳаст, ки имсол ҳосили дилхоҳ бардошта мешавад.

Раисони Ҷамоатҳои деҳоти Ёрӣ Ҷӯрабой Баҳриев, ба номи Рӯдакӣ – Шомурод Ҷумъаев, ба номи Лоиқ Шералӣ – Анзурат Аёзова, ба номи Халифа Ҳасан – Бахтиёр Шарифов, Амондара – Рустам Қаҳҳоров, Сӯҷина – Садриддин Валихонов, Вору - Худойбердӣ Аслиддинов аз фаъолияташон мухтасар маълумот дода, баъзе муаммоҳоро, ки ҳаллашон нисбатан душвор аст, ба Раиси вилоят иброз доштанд. Якчанд нафар сокинони ҷамоатҳои деҳот низ доир ба масъалаҳои шахсиву ҷамъиятӣ ба Раиси вилоят арзу шикоят пеш оварда, таклифу дархост карданд.

Хабарнигори «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh