"Равзанаи ягона"-воситаи босамари робита бо мардум

Муштариёни "Ҳақиқати Суғд" иттилоъ доранд, ки Раиси вилоят Қоҳир Расулзода мар-ҳалаи навбатии мулоқот бо шаҳрвандонро дар партави дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳру навоҳии Панҷакент оғоз намуд. Қобили зикр аст, ки соли равон шунидани арзу шикояти аҳолӣ бо усули нав - "Равзанаи ягона" сурат мегирад ва он ҳам барои роҳбарияти шӯъбаю мақомоти марбута, ҳам барои мардум хеле қулай аст.

Сухан аз он меравад, ки роҳбарони шӯъбаю сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораю ташкилотҳои марбута бо усули "Равзанаи ягона" дар Ҷамоати деҳоти Ёрии ноҳияи Панҷакент қабули шаҳрвандонро доир намуданд. Тазаккур бояд дод, ки ин усулро дар вилоят маротибаи аввалин дар ноҳияи Fончӣ ҷорӣ карданд ва он самарабахш буд. Бо дастури Раиси вилоят соли 2013-ум дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ қабл аз мулоқот бо роҳбарияти вилоят шаҳрвандонро бо ин усул қабул мекунанд ва 26-уми марти соли равон бори нахуст дар шаҳри Панҷакент он амалӣ гардид. Дар "Равзанаи ягона" роҳбарони шӯъбаю сохтор-ҳои марбутаи вилоятӣ, мақомоти қудратӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ, вилоятӣ, ҳамчунин нашрияю оҷонсиҳои ғайридавлативу хусусӣ ширкат доштанд.

Дар қабули шаҳрвандон бо усули "Равзанаи ягона" дар Ҷамоати деҳоти Ёрӣ бо масъалаҳои мухталифи чи ҷамъиятиву чи хусусӣ бештар аз 260 нафар бошандагони ҳафт Ҷамоати деҳот, аз ҷумла Ёрӣ, ба номи Рӯдакӣ, ба номи Лоиқ Шералӣ, ба номи Халифа Ҳасан, Амондара, Сӯҷина ва Вору ширкат варзиданд ва ба роҳбарони шӯъбаву сохторҳои мақомоти дахлдори вилоятӣ арзу шикоят, пешниҳод ва дархосташонро иброз намуданд.

Мардум ба роҳбарони мақомоти вилоятӣ бо масъалаҳои мухталиф муроҷиат карданд, вале аҳолии аксар деҳаҳоро масъалаи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, ноадолатиҳо дар ин амали хайр ба додталабӣ овардааст. Танҳо доир ба ин масъала рӯзи қабул дар "Равзанаи ягона" 45 нафар шаҳрвандон муроҷиат карданд. Сокини деҳаи Ёрӣ Ҳайитмурод Шомуродов ҳанӯз соли 2007-ум ариза додааст. Ӯро чун эҳтиёҷманд ба қайд гирифта, барои 0,08 га участкаи наздиҳавлигӣ сертификати истифодаи замин дода, ҳатто, рақами шартии мавзеъро ба дасташ додаанд. Аммо аз худи замин дарак нест. Комиссияи ҷамъиятӣ ва роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Ёрӣ тақсимоти қитъаи заминро бо сабабҳои барои вай номаълум кашол медиҳанд. Раиси кумитаи замини вилоят Орифҷон Хоҷаев аризаи шаҳрвандро қабул кард ва ваъда дод, ки рӯзҳои наздик аз тарафи комиссияи ҷамъиятии вилоят он мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Шаҳрвандон Раҷаб Холмуродов, Ҷумъабой Шодиев, Шаҳло Улмиддинова, Фазолат Бобоева, Давлат Холмуродов, Майрамой Аминова ва дигарон ҳам маҳз бо мақсади дарёфтани кӯмак баҳри ҳалли масъалаи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ба қабул омадаанд. Аз сӯҳбат бо баъзе шаҳрванд, ки эҳтиёҷманди участкаи наздиҳавлигӣ мебошанд, аён гардид, ки фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии ҷамоатҳо ва шаҳри Панҷакент табъи дил нест. Аксари онон изҳори нигаронӣ карданд, ки кайҳо сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро соҳиб шуда бошанд ҳам, мансабдорон тақсимоти заминро бо ҳар гуна сабабу баҳона кашол медиҳанд.

Гурӯҳи дигар солҳои сол дар навбати эҳтиёҷмандон истодаанд, вале аризаашон баррасӣ намешавад. Баъзеҳо, ҳатто, ишора ба он карданд, ки дар тақсимоти замини наздиҳавлигӣ амалҳои коррупсионӣ ҷой доранд. Аз ҷумла, шаҳрванд Ҳайитмурод Шомуродов рӯирост гуфт ва ариза ҳам навишт, ки мутахассиси заминсози Ҷамоати деҳот аз ӯ барои муқаррар кардани қитъаи замин ришва талаб кардааст. Азбаски дар "Равзанаи ягона" роҳбарияти ҳамаи сохторҳо ҳузур доштанд, аризаи шаҳрванд ба намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят интиқол дода шуд.

Шаҳрванд Назира Шарифова дар маркази саломатии деҳа тозанигор аст ва мехоҳад, фарзанди ягонаашро хонадор кунад. Аммо соли 2005-ум инҷониб масъалаи замини наздиҳавлигиаш кашол меёбад. Вай аз роҳбарияти ташкилотҳои дахлдор хоҳиш дорад, дар ҳалли мусбати ин масъала мусоидат намоянд. Қисми бештари шаҳрвандон, ки ба қабул омадаанд, гила аз он доранд, ки ба эҳтиёҷмандон сари вақт замини наздиҳавлигӣ тақсим намешавад.

Даҳҳо нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои баҳси замин, ноадолатиҳо дар тақсимоти саҳми замин ва ғайра муроҷиат карданд. Фатҳулло Мақсадов дар хоҷагии деҳқонии "Тоҷикистон" дар деҳаи Вору кор мекунад, аммо дар тақсимоти саҳми замин ба беадолатиҳо дучор омадааст. Ҳатто, баҳси ду ҷониб то суди шаҳр расидаву ин мақомот онҳоро ба муросо даъват кардааст. Вай ҳақ аст ва бояд саҳми хешро бигирад. Масъулин маслиҳат доданд, модом ки саҳми замин баҳснок аст, он бояд танҳо дар асоси қонун дар мурофиаи судӣ ҳал карда шавад. Шаҳрванд Давлат Холмуродов бошад, партовгоҳро тоза кард, мақсад дорад, он ҷоро ба мавзеи истироҳатии сокинон мубаддал созад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳр ҳам ба имзо расидааст. Аммо роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Ёрӣ он мавзеъро ба дигар шахс вобаста карданист. Аз ин рӯ, вай аз роҳбарони сохторҳои марбута кӯмак пурсид.

Ҳамчунин, мардум бо масъалаҳои таъминот бо оби полезию ошомиданӣ арз намуданд. Дар ин бора 22 муроҷиат ворид гардид, ки ифодагари муаммою дарди дили садҳо нафар бошандагони деҳаҳои ноҳия маҳсуб мешавад. Раиси хоҷагии деҳқонӣ Fаффориддин Руфъатов гуфт, ки хоҷагиаш дорои 2,7 гектар замин аст. Агар муаммои об ҳалли мусбаташро ёбад, аз зироатҳои гуногун ҳосили бештар гирифтан мумкин аст.

Набудани майдончаҳои варзишӣ, мувофиқи мақсад кор накардани хатти барқи баъзе минтақаҳо, мусоидат ба созмон додани коргоҳҳои нави истеҳсолӣ - номгӯи нопурраи масъалаҳоеанд, ки мардум бо онҳо ба роҳбарият муроҷиат карданд. Котиби Ҷамоати деҳоти Ёрӣ Абдураҳмон Абдушаҳидов иттилоъ дод, ки дар ҳақиқат дар қаламрави деҳа муаммои асосӣ таъминоти аҳолӣ бо оби полезӣ аст. Аз чаҳор насоси пойгоҳи обкашӣ дутояш кор намекунад. Дар "Равзанаи ягона" дигар масъалаҳое низ ба миён гузошта шуданд, ки ба пешбурди фаъолияти ҷомеа халал эҷод мекунанд. Роҳбарияти шӯъбаю сохторҳои вилоятӣ тасмим гирифт, дар ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз, ки мардум онҳоро ба миён гузоштаанд, тадбир андешида шавад.

Санаи 28-уми марти соли равон Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар Ҷамоати деҳоти Ёрӣ бо аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Ёрӣ, ба номи Рӯдакӣ, ба номи Лоиқ Шералӣ, ба номи Халифа Ҳасан, Амондара, Сӯҷина ва Вору мулоқот доир кард. Вай вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат, аз ҷумла вилоятро ба ҳозирин фаҳмонда, гуфт, ки меҳнаткашони ҷумҳурӣ таҳти сарварии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба мақсадҳои олӣ ҷидду ҷаҳд доранд. "Соли рафта, - гуфт Раиси вилоят, - бо иштироки Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани нақби "Шаҳристон" дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад. Боиси зикр аст, ки кандани нақби мазкур солҳои сол орзуву нияти бошандагони водии Зарафшон буд ва маҳз дар даврони истиқлолияти давлатӣ мардум ба муроди хеш расиданд. Мову шумо бояд барои бештару беҳтар кардани нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар меҳнат кунем.

Ёдоварӣ кардан бамаврид аст, ки маҳз бо иқдоми Сардори давлат тармиму азнавсозии шоҳроҳи Панҷакент-Айнӣ оғоз гардид. Ин ҳам, албатта, ба рушди минтақа такон мебахшад". Қоҳир Расулзода аз корҳои солҳои ахир иҷрошудаи қаламрави вилоят ҳарф зада, таъкид кард, ки бо супоришу ҳидоятҳои Сардори давлат мо, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилоят ва шӯъбаю сохторҳои он ба назди мардум рафта истодаем. Боиси зикр аст, ки соли равон мулоқоти Раиси вилоят бо аҳолии минтақаҳои алоҳида маҳз аз ноҳияи Панҷакент оғоз гардид. "Вохӯрии кунунӣ, - гуфт Қоҳир Расулзода, - як навъ ҳисоботи Раиси вилоят дар назди мардум аст". Дар чаҳор соли ахир дар асоси муроҷиати шаҳрвандон корҳои бузурге ба сомон расонида шуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шӯъбаю сохторҳои он ҳар муроҷиати шаҳрвандонро зери назорати қатъӣ мегиранд ва баҳри таъмини иҷрои он тибқи нақшаи чорабиниҳо амал менамоянд. "Дар ин муддат, гуфт Раиси вилоят, - барои ҳалли муаммоҳое, ки аҳолӣ дар мавриди қабули шаҳрвандон ва мулоқотҳо ба миён гузоштанд, аз ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 92 миллион сомонӣ маблағ масраф карда шуд".

Мардуми ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Панҷакент дар пешбурди ҷомеа саҳмгузор ҳастанд. Сипас Раиси вилоят вазъи корҳоро дар ҷамоатҳои номбурда мавриди таҳлил қарор дод ва як қатор камбудиву нуқсонҳоро дар фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, масъулони сохторҳои гуногуни шаҳри Панҷакент ва ҷамоатҳои деҳот ба забон овард. Пеш аз ҳама, пурсиши афкор, ки дар арафаи мулоқоти кунунӣ гузаронда шуд, аён сохт, ки 30 фисади пурсидашудагон аз фаъолияти ҷамоатҳои деҳот розӣ нестанд. Дар шаҳри Панҷакент, аз ҷумла, минтақае, ки намояндагонаш дар ин мулоқот ҳузур доранд, корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ созмон дода нашудаанд. Замон тақозо дорад, дар ҷамоатҳо корхонаи коркарди шир, гӯшт, пӯст, меваю сабзавот, санг ва ғайра сохта шаванд.

Аммо на мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва на роҳбарони ҷамоатҳои деҳот дар ин ҷода ташаббускор нестанд". Меҳнаткашони деҳоти Панҷакент, - гуфт Раиси вилоят, - бо дастури Президенти кишвар майдони кишти картошкаро зиёд карда, соли равон бояд 100 ҳазор тонна ҳосил ғундоранд. Марди деҳқон самараи меҳнаташро соли гузашта аллакай баръало эҳсос намуд ва боварӣ ҳаст, ки имсол ҳосили дилхоҳ бардошта мешавад. Афсӯс, аз ҳоли кишоварзон касе хабар намегирад ва нисбати онон ғамхорӣ намекунад.

Боиси нигаронӣ аст, дар ин ҷамоатҳо муаммои тақсимоти замини наздиҳавлигӣ то ҳанӯз ҳал нашудааст ва эҳтиёҷмандон сол-ҳои сол интизоранд, ки кай соҳиби участкаи наздиҳавлигӣ мешаванд. Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки ҳарчанд масоҳати замини аз ҷониби ҳукумати кишвар бо ин мақсад ҷудошуда басанда аст, аз фориғболии шахсони масъул масъала сари вақт ҳал намегардад. Таҳлилҳо собит карданд, ки ҳатто, омӯзгорони ҷавон, ки бояд дар навбати аввал бо қитъаи замин таъмин гарданд, участкаи наздиҳавлигӣ нагирифтаанд ва як қисми онҳо ба ҳамин сабаб мактабро тарк кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар 59 мактаби ҳафт ҷамоати деҳот бештар аз 100 нафар омӯзгор намерасад. Раиси вилоят дар ин маврид ба ҷобаҷогузории кадрҳо, аз ҷумла кадрҳои роҳбар аз ҳисоби занони фаъолу ташаббускор таваққуф кард. Боиси ташвиш аст, ки аз 70 нафар хизматчии давлатии минтақа ҳамагӣ 11 нафар занонанд. Ягон сарвари мактаб зан нест.

Қоҳир Расулзода оид ба соҳаҳои маориф, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, ҳамчунин риояи қонунҳои кишвар дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ, дар бораи танзими маросимҳо ва расму оинҳои мардумӣ ва ғайра сухан кард. Вай роҳбарияти шаҳр ва масъулини ҷамоатҳои деҳотро вазифадор намуд, ки назоратро пурзӯр кунанд.

Раисони Ҷамоатҳои деҳоти Ёрӣ Ҷӯрабой Баҳриев, ба номи Рӯдакӣ - Шомурод Ҷумъаев, ба номи Лоиқ Шералӣ - Анзурат Аёзова, ба номи Халифа Ҳасан - Бахтиёр Шарифов, Амондара - Рустам Қаҳҳоров, Сӯҷина - Садриддин Валихонов, Вору - Худойбердӣ Аслиддинов аз фаъолияташон мухтасар маълумот дода, баъзе муаммоҳоро, ки ҳаллашон нисбатан душвор аст, ба Раиси вилоят иброз доштанд. Аз ҷумла, раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакӣ Шодимурод Ҷумъаев гуфт, ки деҳаи навбунёди Кулолӣ мактаб надорад. Анзурат Аёзова - и.в. раиси Ҷамоати ба номи Лоиқ Шералӣ муаммои шиферпӯш кардани бинои мактабро ба миён гузошт.

Раиси Ҷамоати деҳоти Сӯҷина Садриддин Валихонов чанд муаммои ҷамъиятиро ба забон овард. Қоҳир Расулзода ба масъулин супориш дод, ки барои сохтмони кӯдакистон ва варзишгоҳ лоиҳа мураттаб созанд ва аз ҳисоби маблағи буҷети вилоятӣ масолеҳи бинокории онҳо харида хоҳад шуд. Вай, ҳамчунин, таклиф ба миён гузошт, ки дар ҳар Ҷамоати деҳот бо маблағгузории буҷетҳои вилоят ва шаҳр як кӯдакистон бунёд карда шавад. Ҳанӯз дар ноҳияи Панҷакент 10 мактаби садамавӣ дорем. Барои ояндаи миллат, баҳри рушду нумӯи маориф бояд ҳамакаса кӯшиш ба харҷ диҳем.

Сокинони ҷамоатҳои деҳоти номбурда ба Раиси вилоят бо ариза, шикоят, таклиф, пешниҳод муроҷиат карданд. Аксари пешниҳодот хислати ҷамъиятӣ доштанд ва Қоҳир Расулзода ба масъулин супориш дод, ки таклифҳоро ҷиддӣ омӯзанд, баҳри қонеъ гардонидани онҳо нақшаи чорабиниҳо мураттаб карда шавад.

Ҳамин тавр, қабули шаҳрвандон, ки дар қаламрави вилоят ба ҳукми анъана даромадааст, дар ду Ҷамоати деҳоти шаҳри Панҷакент бо усули нав - "Равзанаи ягона" доир гардид. Он чӣ натиҷаҳои мусбат медиҳад, албатта, вақт нишон медиҳад.

Карим ШАРИФ,
хабарнигори махсуси "Ҳақиқати Суғд"
Хуҷанд-Панҷакент-Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh