Ба халқ хизмат кардан шарафи бузург аст

Ба муштариёни рӯзнома иттилоъ дода будем, 27-уми марти соли равон дар бинои мактаби таҳсилоти умумии рақами 25-уми ба номи академик Бобоҷон Fафурови Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент роҳбарони шӯъбаю сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораю ташкилотҳои марбута қабули бошандагони ҷамоатҳои деҳоти Шинг, Косатарош, Саразм, Фароб, Чинор, Моғиён ва Хурмиро бо усули нав - "Равзанаи ягона" баргузор карданд.

Бо ҳамин чорабинӣ марҳалаи нав-батии мулоқоти Раиси вилоят Қоҳир Расулзода, ки дар партави дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, дар шаҳри Панҷакент оғоз ёфт ва Раиси вилоят ин тадбирро яке аз роҳҳои беҳтарини робита бо мардум, дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти аҳолӣ, махсусан дар деҳот, арзёбӣ кард.

Нимаи дуюми рӯз Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар шаҳраки Суғдиён бо сокинони ҳафт ҷамоати деҳоти шаҳри Панҷакент мулоқот орост. Вай дар хусуси вазъи сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла дастовардҳои солҳои ахири вилоят сухан ронда, гузориши корро дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот, ки намояндагонаш дар вохӯрӣ ҳузур доштанд, таҳлил намуд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки мардуми вилоят дар асоси оини наврӯзӣ амал карда, баҳри ободонӣ, сарсабзии диёр ва торафт рушд ёфтани ҳамаи ҷабҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳм мегиранд. Ба истифода дода шудани нақби "Шаҳристон" барои мардуми водии Зарафшон, минҷумла шаҳри Панҷакент, фоли нек аст.

Дар ин маврид зикр бояд кард, ки соли рафта ба тамошои ин шаҳри бостонӣ бештар аз 1700 нафар сайёҳон аз хориҷи дуру наздик ташриф оварданд ва бовар дорем, солҳои минбаъда туризм ва сайёҳӣ дар ин минтақа боз ҳам вусъат хоҳад ёфт. Бо масрафи 138 миллион доллари амрикоӣ тармиму азнавсозии шоҳроҳи Панҷакент-Айнӣ на фақат роҳи бузурги абрешимро барқарор мекунад, балки дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, бахусус туризм, мусоидат менамояд. Раиси вилоят дар ин замина роҳбарияти шаҳр ва шахсони масъулро аз мақомоти вилоятӣ муваззаф намуд, ки барои фароҳам овардани шароити мусоид ба сайёҳон тадбирҳо андешанд.

Соли чаҳорум аст, ки дар қаламрави вилоят маъракаи муҳим- қабули шаҳрвандон ва мулоқоти Раиси вилоят бо сокинони минтақаҳо баргузор мешаванд. Боиси зикр аст, ки назар ба солҳои қаблӣ ин тадбирҳо натиҷаҳои дилхоҳ дода истодаанд. Мардум ба Раиси вилоят бо масъалаҳое муроҷиат мекунанд, ки аксар дар сатҳи шаҳр ё ноҳия ҳал нашуда бошад. - "Аммо, -гуфт Раиси вилоят, - таҳлилҳо собит мекунанд, ки қисми бештари масъалаҳое, ки аҳолиро ташвиш медиҳад, дар шаҳр, ҳатто, дар ҷамоатҳо, баррасӣ шуданаш мумкин буд.

Бо вуҷуди ин, бештар аз 70 фисади муроҷиати мардум, ки дар маъракаи қабул ва мулоқотҳо зикр шудаанд, мусбат ҳал шудааст. Бо мақсади ҳалли мушкилоти аҳолӣ дар се-чаҳор соли ахир аз ҳамаи сарчашмаҳо бештар аз 92 миллион сомонӣ маблағ масраф карда шуд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар ин давра барои ҳалли муроҷиати шаҳрвандони Панҷакент ҷамъулҷамъ 18 миллион сомонӣ сарф карда шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои ҳалли ҳар муроҷиати аҳолӣ нақшаи чорабиниҳо мураттаб месозад ва мақсади асосии мо ҳатталимкон сабук намудани мушкилоти мардум аст".

Қоҳир Расулзода дар хусуси нуқсонҳои ҷойдошта дар фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои деҳот таваққуф намуд. Таъкид шуд, ки раисони кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарияти ҷамоатҳо дар аксар маврид фаъол ва ташаббускор нестанд. Дар ин минтақа ҳафт мактаби садамавӣ вуҷуд дорад. Агар роҳбарияти ҷамоатҳо иқдом кунанд, як миқдор норасоиҳоро бо дастгирии соҳибкорон, мардони саховатпеша ба анҷом расондан мумкин аст. Боиси нигаронист, баъзе роҳбарони мақомоти мухталиф фарзандони хешро ба хизмати ҳарбӣ намегуселонанд. Ҳол он ки дар қисмҳои ҳарбӣ кайҳо шароити хуби будубош ва обутоби сиёсию ҷисмонӣ арзи ҳастӣ мекунад ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят волидон аз қисмҳои низомӣ дидан карда, бо шароити хизмати фарзандонашон ошно шуданд.

Сипас, Раиси вилоят дар бораи гузориши корҳо дар соҳаҳои мактабу маориф, нигаҳдории тандурустӣ, ба боғчаи бачаҳо ҷалб намудани кӯдакон ҳарф зад. Дар шаҳр 44.600 нафар кӯдакони синни томактабӣ ҳастанд, аммо ҳамагӣ 6,8 фисади онон ба кӯдакистон мераванду халос. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мисолҳое зиёданд, ки оҳибкорон бо маблағҳои худ боғчаҳои бачаҳо бунёд мекунанд. Чаро чунин иқдоми хуб дар Панҷакент дастгирӣ намеёбад? Ба зинаи сеюми таҳсил фаро гирифтани толибилмон, махсусан духтарон, умуман хуб бошад ҳам, на ҳамаи хоҳишмандон барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳо шароит меёбанд.

Охир, мутахассисон дар ҳамаи ҷабҳаҳо заруранд ва роҳбарияти шаҳр, ҷамоатҳо бояд дар ин бобат андеша намоянд. Рӯзи қабули шаҳрвандон бо усули "Равзанаи ягона" муайян шуд, ки даҳҳо нафар бошандагони Ҷамоати деҳоти Косатарош оид ба ҷустуҷӯи ҷойи кор муроҷиат карданд. ксар мардум мехоҳанд, дар Корхонаи муштараки "Зарафшон" кор кунанд. Чунонки роҳбарияти коргоҳи мазкур ҳам иттилоъ дод, бо вуҷуди бузургии корхона дар он мутахассисон бояд кор кунанд. Агар ҷавонон нахонанд, соҳиби ихтисос набошанд, чӣ тарз онҳо дар истеҳсолоти замонавӣ фаъолият мебаранд?

Дар мавриди рушди соҳаҳои дигар сухан карда, Раиси вилоят таъкид намуд, ки мутахассисон ба дигар ҷабҳаҳо ҳам заруранд. Ба истифода дода шудани корхонаи муштараки "Зарафшон" ба ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ мусоидат намуд. Аммо чаро корхонаҳои хурду миёнаро на Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, на соҳибкорони маҳаллӣ бунёд наменамоянд? Дар соҳаи асосии ноҳия - кишоварзӣ низ ҷойҳои бештари корӣ созмон додан мумкин аст. Раиси вилоят роҳбарияти шаҳрро вазифадор кард, ки дар ин бобат чораҳои мушаххас андешанд.

Раисони Ҷамоатҳои деҳоти Косатарош Абдурабӣ Исрофилов, Саразм - Лутфулло Раҳимов, Шинг - Мавлон Раҷабалиев, Моғиён - Ҳикматулло Исматӣ, Хурмӣ - Аҳмадулло Иброҳимов, Фароб - Шамсиддин Баҳриддинов ва Чинор - Аҳадқул Усмонов баъзе муаммоҳоро ба забон оварда, аз Раиси вилоят хоҳиш карданд, ки дар ҳалли онҳо мусоидат намояд. Зикр гардид, ки таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва полезӣ чун дар дигар минтақаҳо муаммои рӯз аст. Дар Ҷамоати деҳоти Моғиён мардум ба ҳаммом ва боғчаи бачаҳо эҳтиёҷ дошта бошанд, дар бунгоҳи тиббии деҳаи Фароб таҷҳизоти тиббӣ намерасад. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар минтақа 15 нафар эҳтиёҷманди аробачаи маъюбӣ ба қайд гирифта шуда, дар ҷараёни маъракаи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят ҳамаи онҳо таъмин карда шуданд.

Дар қабули шаҳрвандон бо усули "Равзанаи ягона" роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳри Панҷакент, сохтору шӯъбаҳои марбутаи вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва нашрияю оҷонсиҳо ширкат доштанд. Қатори дигар масъалаҳои доғи рӯз, ки мардум бо онҳо ба роҳбарияти вилоят муроҷиат кард, тақсимоти замини наздиҳавлигӣ хеле зиёд буд. Шаҳрвандон Бибираҳима Маликова, Норбибӣ Мирзоева, Бодом Эрматова, Муҳаббатилло Муҳаммадзода, Шодимурод Сатторов, Хӯҷақул Маҳмадқулов, Раззоқбердӣ Маликов ва дигарон маҳз бо масъалаҳои тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, муаммоҳои ба он марбут муроҷиат намуданд.

Аз ҷумла Бодом Эрматова- аз деҳаи Филмандар гуфт, ки чун эҳтиёҷманд ба ӯ замин додаанд. Вале вай мехоҳад, аз минтақаи дилхоҳаш участкаи наздиҳавлигӣ дошта бошад. Масъулин ба ӯ ва дигар шаҳрвандон маънидод карданд, ки аз заминҳои обӣ тақсим кардани қитъаҳо барои иморатсозӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ манъ шудааст. Шаҳрванд Бектемур Мансуров бошад, аз кумитаи заминсозии вилоят хоҳиш дорад, ки барои бунёди мактаб замин ҷудо карда шавад. Орифҷон Хӯҷаев - раиси кумитаи заминсозии вилоят ба шаҳрванд фаҳмонд, ки ин масъала дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳал мегардад ва ҳуҷҷатҳо омода карда шаванд.

Мавзӯи муроҷиати мардум ба роҳбарони мақомоти вилоятӣ як хел набуд. Онҳо аксар характери ҷамъиятӣ доштанд ва як нафар аз номи даҳҳову садҳо нафар бошандагони ин ё он мавзеъ шикоят мекард. Норасоии оби ошомиданӣ ва полезӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз аст, ки солҳои тӯлонӣ ҳал намешавад ва мардум дар ҳама мулоқоту чорабиниҳо онро ба миён мегузоранд. Дар ин хусус роҳбарияти шаҳри Панҷакент ва раисони ҷамоатҳои деҳот бо ҳамдастии аҳолӣ корҳои зиёдро ба сомон расонда бошанд ҳам, сокинони деҳаҳо бинобар норасоии об аз заминашон ҳосили дилхоҳ бардошта наметавонанд.

Дигар масъалаи дардноки мардуми деҳот тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ва ноадолатиҳо дар ҷудо кардани саҳми замин мебошад. Бо вуҷуди андешидани чораҳои мушаххас тақсимоти замин дар аксар ҷамоатҳои деҳот чун муаммои рақами якум боқӣ мемонад. Боиси нигаронӣ аст, ки комиссияи ҷамъиятии ҷамоатҳо фаъолияти хуб надорад ва дар баъзе ҳолат-ҳо бо қонунвайронкунӣ роҳ медиҳад. Он рӯз танҳо бо масъалаи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандон бештар аз 70 нафар бошандагон шикоят пеш оварданд. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ҳангоми мулоқот бо сокинони ҳафт ҷамоати деҳот низ ин нуктаро таъкид намуд.

Вай гуфт, ки ба почтаи электронии Раиси вилоят давоми чанд рӯзи ахир аз панҷ нафар сокинони шаҳри Панҷакент аризаи шикоятӣ ворид гардид, ки ба ҳамин масъалаи муҳим - тақсимоти замини наздиҳавлигӣ вобастагӣ дорад. Боиси таассуф аст, ки омӯзгорони ҷавон, ки аз рӯи қонун дар гирифтани замини наздиҳавлигӣ соҳибимтиёз мебошанд, то ҳол онро нагирифтаанд. "Агар ҷавононро дастгирӣ накунем, - таъкид намуд Раиси вилоят, - мутахассисон аз мактаб мераванд. Пагоҳ корҳои таълиму тарбияро ба кӣ бовар мекунем?" Қоҳир Расулзода роҳбарияти шаҳр, кумитаи заминсозии вилоят ва дигар шахсони масъулро водор намуд, ки дар ин бобат чораҳои таъхирнопазир андешанд. Роҳбарияти шаҳри Панҷакент ӯҳдадор шуданд, ки давоми як моҳ ин масъала ҳал хоҳад шуд.

Рӯзи қабули шаҳрвандон муроҷиати бисёр ба Раёсати маорифи вилоят ҳам ҷараён гирифт. Аз ҷумла маҷрӯҳи гурӯҳи дуввум Шаҳрулло Нодиров муроҷиат намуд, ки барои дохил шудан ба мактаби олӣ ва соҳиб гардидан ба ихтисоси забономӯзӣ мусоидат карда шавад. Саидмухтор Ҷалолов - сардори Раёсати маорифи вилоят дар посухи ин суол иброз дошт, ки аз ҷониби Вазорати маорифи ҷумҳурӣ соли равон 200 квотаи иловагӣ ба ихтисосҳои омӯзгорӣ бояд ҷудо шавад. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ҳуҷҷатҳояшро ба озмун пешниҳод намояд. Яздонқул Шамсиев - сокини деҳаи Бедак шикоят пеш овард, ки бинои мактаби деҳа-ашон ҳанӯз соли 1970-ум қомат афрохтааст. Боми бино фартут шудааст. Умуман, бинои дабистон садамавӣ буда, таъмири куллиро металабад.

Дар рӯзи қабул бо усули "Равзанаи ягона" дар Ҷамоати деҳоти Косатарош мардум доир ба масъалаҳои ҷамъиятиву шахсӣ муроҷиат карданд. Дар рӯзи қабул бештар аз 225 нафар шаҳр-вандон - намояндагони ҳафт ҷамоати номбурда ба роҳбарони шӯъбаву сохторҳои мақомоти дахлдори вилоятӣ бо масъалаҳои мухталиф арзу шикоят карда, пешниҳод ва дархост ба миён гузоштанд.

Умуман, давоми маъракаи қабули шаҳрвандон бо усули "Равзанаи ягона" дар ду ҷамоати ноҳияи Панҷакент бештар аз 400 нафар бо масъалаҳои мухталиф муроҷиат карданд ва чунонки Раиси вилоят дар мулоқот бо бошандагон таъкид намуд, нисбати ҳар ариза ва шикояту дархости аҳолӣ парвандаи назоратӣ мураттаб гардида, анҳо баъди ба пуррагӣ иҷро шуданашон аз назорат бардошта мешаванд.

Усули нави "Равзанаи ягона" дар омӯзиши шароити кору зиндагии мардум бояд самараҳои бештару беҳтар ба бор оварад. Чунонки Қоҳир Расулзода дар мулоқотҳо борҳо таъкид медоранд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сохторҳои он, мақомоти маҳаллӣ бояд ба халқ хизмат кунанд. Дар ин маврид ҳидояти Сардори давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро овардан ҷоиз аст, ки мегӯянд: "Ба ин халқи меҳнатқарин хизмат накунем, ба кӣ хизмат менамоем?!".

Карим ШАРИФ,
хабарнигори махсуси рўзномаи "Ҳақиқати Суғд" Хуҷанд-Панҷакент-Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh