Мулоқот бо сафири ИМА Сюзан Эллиот

Субҳи 4-уми апрели соли 2013 Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотро, ки бо сафари корӣ ба Хуҷанд омадааст, ба ҳузур пазируфт. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба ва густариши онро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамкориҳои босамари Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ, ҳамчунин ҳамкориҳои минтақавӣ махсус қайд намуданд.

Раиси вилояти Суғд зимни мулоқот таъкид дошт, ки солҳои охир имкониятҳои содиротии вилоят, бахусус, дар самти меваи хушк боз ҳам афзоиш ёфтааст ва дар ин бобат таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ба манфиати кор хоҳад буд. Сюзан Эллиот бо ишора бар он, ки дар муддати сафириаш дар Тоҷикистон бори аввал ба вилоят ташриф овардааст, таъкид намуд, ки ба масъалаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла ба рушди соҳаи саноати сабук, инчунин ба масъалаҳои ҳуқуқи башар, густариши ҷомеаи маданӣ, озодии баён, мусоидат дар рушди маорифу фарҳанг таваҷҷӯҳи бештар хоҳад кард. Ҷонибҳо, инчунин, масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳоро баррасӣ намуданд.

Хотиррасон мекунем, ки Сюзан Эллиот 3-юми апрел бо сафари серӯзаи корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Дар ҷараёни ин сафараш ӯ аз "Гӯшаҳои Америка" дар шаҳри Хуҷанд дидан карда, чунин гӯшаро дар шаҳри Исфара ифтитоҳ намуд. Дипломати амрикоӣ, ҳамчунин аз корхонаҳои саноатӣ ва ёдгориҳои таърихии шаҳри Хуҷанд, лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Сафорати ИМА маблағгузорӣ ва дар шаҳри Истаравшан амалӣ мешаванд, боздид ба амал овард.

Сафари кории Сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиот ба вилояти Суғд рӯзи ҷумъа, 5-уми апрел ба поён расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh