Шоҳроҳи шимол то марзи Ўзбекистон таҷдид мешавад

Шоҳроҳи автомобилгарди Айнӣ -Панҷакент то марзи ӯзбекистон бо маблағҳои қарзию грантӣ, ки 134 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад, таҷдид ва васеъ гардонида мешавад. Дар ин росто 3-юми апрел вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ду Созишнома - яке Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд вобаста ба лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ- сарҳади Ӯзбекистон (CAREC коридори 6) ва дигаре Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ-сарҳади Ӯзбекистонро баррасӣ карда, ба тасвиб расонданд.

Руҳуллоҳ Ҳакимов-муовини вазири молияи ҷумҳурӣ, ки масъалаҳои мазкурро дар назди вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тавзеҳ медод, гуфт, ки ин ду лоиҳа ҷиҳати рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, хусусан аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар мусоидат менамоянд.

Тибқи ин лоиҳа, навсозии роҳи духаттаи автомобилгарди Айнӣ -Панҷакент ба масофаи 113,6 километр то сарҳади ӯзбекистон бо паҳноии 12 -15 метр ва роҳҳои ҳаракати чорхаттаи нақлиётии дохили шаҳри Панҷакент бо паҳноии 20 метр дар назар дошта шудааст.

Дар ҳудуди ин шоҳроҳ барқароркунии 31 адад кӯпрукҳо бо дарозии 884 метр, таъмири 60 километр роҳи маҳаллӣ пешбинӣ шуда, инчунин лоиҳаи мазкур беҳтар намудани инфрасохтори дидбонгоҳҳои гумрукӣ, хариди техника ва таҷҳизоти нигоҳдории роҳро дар бар гирифта, дар муддати чор сол ба истифода дода мешавад.

Барои татбиқи ин лоиҳа 136 миллион доллари амрикоӣ ҷалб шуда, аз он 100 миллион доллараш аз ҳисоби Бонки рушди Осиё ҳамчун грант, 14 миллион доллар аз ҳисоби Фонди ОПЕК қарзи имтиёзнок ба мӯҳлати 20 сол, давраи имтиёзнок 5 сол бо меъёри фоизи солона 2,5 фоиз, давраи пардохти қарзи имтиёзнок аз соли 2017 то соли 2032, инчунин 22 миллион доллараш саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он аз ҳисоби буҷаи кишвар маблағгузорӣ мегардад. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин шоҳроҳ 77 механизму техника ва таҷҳизоти гуногуни роҳсозӣ сафарбар шуда, 120 нафар мутахассису роҳсоз, аз ҷумла 40 нафар шаҳрванди кишвар ба кор ҷалб мешаванд. Сохтмони роҳи мазкур имконият медиҳад, ки арзиши аслии боркашонӣ ва хароҷоти нақлиётӣ дар масири Айнӣ - Панҷакент паст гардида, вазъи деҳоти шафати роҳ рушд ёфта, он ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолии минтақаҳои мазкур мусоидат намояд. Ҳамзамон, қад - қади роҳи мазкур корхонаҳои нав - нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, мағозаю меҳмонхонаҳо, иншооти соҳаи туризм бунёд гардида, ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегарданд.

АМИТ "Ховар"

Add comment


Security code
Refresh