Ихтиёран ба хидмат рафтанд

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1986 - 1995 ба хизмати ҳарбӣ", Қарори Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода "Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1986 - 1995 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2013" даъвати баҳоронаи ҷавонон ба хидмати ҳақиқии ҳарбӣ оғоз гардид.

Ба муносибати гусели нахустгурӯҳи даъватшудагон иборат аз 40 нафар аз шаҳри Хуҷанд, ки аксарият бо хоҳиши хеш номнавис шудаанд, дар хиёбони шоҳ Исмоили Сомонии маркази вилоят ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар он садҳо нафар шаҳрвандон, собиқадорони ҷангу меҳнат, кормандони идораву муассисаҳо, устодону толибилмони мактабҳои миёнаву олӣ иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз ҷумла зикр намуд, сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба хидмати Ватан-Модар мераванд, торафт меафзояд. Барои хидмати афсарону сарбозон дар қисмҳои низомии мамлакат бо дастгириву ғамхориҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароит муҳайё гардидааст.

Бовар дорем, ки бар ивази ин ҳама меҳрубониву ғамхориҳои Сардори давлат ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, бахусус ҷавонони бо нангу номус барои дифои марзу буми Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Зеро, хидмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар шахси ватандӯст ва ифтихори бузург аст.

Сипас муовини комиссари ҳарбии вилоят, полковник Носирҷон Тошматов, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Ҳабибулло Хоҷаев, ҷанговари интернатсионалист Ҳасанҷон Каримов, модаркалони даъватшаванда Амирҷон Саидов - Алияхон Саидова ва ҷавони навдаъватшуда Раҳматҷон Неъматов сухан гуфта, қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди ватандӯсту меҳанпарвар будани хидмат дар сафи Артиши миллиро баён намуданд.

Қисми фарҳангии чорабиниро суруду таронаҳои рӯҳнавози сарояндагони хушсадову соҳибистеъдод ҷилои тоза бахшиданд. Бовар дорем, ки даъватшудагони соли 2013-ум чун дар соли 20-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хидмати ҳақиқии ҳарбӣ шомили Артиши миллии мамлакат мегарданд, боиси ифтихори Ватан-Модар ва ҷомеаи имрӯз хоҳанд шуд.

Исломҷон БОБОЕВ

Add comment


Security code
Refresh