Ҳадаф-ҳифзи тартибот ва таъмини сулҳу субот

10-уми апрели соли 1993-юм бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №149/9 Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид. Ин навъи қӯшунҳо, ки вобастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, он вақт такягоҳи боэътимоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари тозаистиқлол ба шумор мерафтанд.

Вазифаи аввалиндараҷаи қӯшунҳои дохилӣ дар он замони душвори сиёсӣ, ҳифзи тартибот, барқарорсозии сулҳу амният дар кишвар буд. Дар айёми ҷорӣ будани вазъи фавқулодда иҷрои ин вазифаҳо мушкилтарин амале буд, ки ҳайати шахсии қӯшунҳои дохилӣ иҷро мекарданд.

Ин, ҳоло ба гуфтан осон, он вақт дар ҳар қадам ба ҳар нафар хавфи ҷонро аз даст додан таҳдид мекард. Душманони миллат ниҳоят устокорона аз бародарони хунӣ душманони ҷорӣ эҷод карда буданд, вазъият то андозае мураккаб буд, ки хатари аз байн рафтани давлату миллат ба миён меомад.

Бо вуҷуди ҳама мушкилӣ ва набудани заминаи иқтисодӣ ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои қонуниашон баромаданд. Воқеан, ҳам ҳайати шахсии қӯшунҳои дохилӣ чун қувваи ҳалкунанда, баҳри барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар амалиётҳои ниҳоят мураккаби ҷангӣ иштирок намуда, фидокорию шуҷоат нишон доданд.

Ҳамчунин дар охирин амалиёти зидди дастаҳои террористии Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов (моҳи июни соли 2001) ҷузъу томҳои қӯшунҳои дохилӣ мавқеи ҳалкунанда ва пешҷангро касб карда буданд.

Айёми муборизаҳо дар роҳи истиқлол як қатор шахсиятҳои мӯътабару фидоиро маълум намуд. Аз ҷумлаи чунин нафароне, ки қобилияти баланди ба умум роҳбарӣ кардан доштанд, генералҳо Шовалӣ Сайдамиров, Сӯҳроб Қосимов, Ҳабибулло Юсуфов, Абдуманнон Fозиев, полковникҳо Абдулазиз Исмоилов, Нурулло Саъдиев, Сайдулло Орифов, шодравон Абдуманнон Муродов ва даҳҳо дигарон буданд, ки заҳмату ҷонбозиҳои онҳо дар дилу дидаи мардум ва ҳайати шахсии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мондааст. Аз онҳо имрӯз ҳам ба некӣ ёд мекунем, зеро ҳар маҳорату таҷрибае дорем, аз ин бузургмардон омӯхтаем.

Муҳорибаҳо барои аз байн бурдани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва халъи силоҳ барои ҳайати шахсӣ майдони мардонагию шуҷоат гардид. Корнамоиҳои сержант Мирзомурод Шарифов, прапоршик Равза Боев (аз қисми низомии 3502), аскари қаторӣ Зоиршо Тешаев, сержанти хурд Дмитрий Дубейко (аз қисми низомии 3501), Мус-тафо Додоҷонов (аз қисми низомии 5453) ва даҳҳо дигарон намунаи олии ватандӯстию фидокорӣ мебошанд.

Гуфтан мумкин аст, ки насли ҷавон ба хотири ҳифзи Ватан қаҳрамонию шуҷоати падарону бобоёнро такрор карданд. Ин ҷоннисоркунӣ дар ҳисобот-ҳои расмӣ мухтасаран чунин сабт гардидааст: "Дар кори барқарор кардани сохти конститутсионӣ саҳми арзанда гузоштаанд". Барои ин саҳмгирӣ беш аз 100 нафар сарбозону афсарон ба мукофотҳои ҳукуматӣ сазовор шудаанд.

Имрӯз мо шукри осоишу оромии истиқлолияту пешрафти кишварро ба ҷо меорем. Таъкид карданиям, ки ба анъанаи ҳомии сулҳу амонии кишвар будан содиқ монда, ҳайати шахсии қӯшунҳои дохилӣ дар рӯзҳои осоишта низ хизмати Ватан-Модарро ба ҷо меоранд. Ин ҷиҳат дар фаъолияти ҳамарӯзаи ҷангию хизматии ҳайати шахсии сарбозону афсарони ҳамаи қисмҳои низомии қӯшунҳои дохилӣ баръало мушоҳида мешавад.

Фаъолияти ҳаррӯзаи хизмати ҷангии ҳайати шахсӣ пур аз корномаю худфидоист. Ҳар бегоҳ аз ҳисоби шахсии қӯшунҳои дохилӣ полкҳои махсуси милитсия зиёда аз 250-300 нафар ба шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бобоҷон Fафуров, Чкалов ва Қайроққум ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мебароянд. Ҳамаи чорабиниҳои муҳими давлатӣ, иду маросим, ҷашну маъракаҳо бо иштироки сарбозону афсарони мо мегузаранд.

Қӯшунҳои дохилӣ ҳамеша дар ҳолати омодабоши иҷрои вазифаҳои ҷангию хизматии худ қарор доранд. Барои беҳтар кардани шароити хизмативу маишии сарбозони қӯшунҳои дохилӣ ҳамеша кӯшиш менамоем. Сол ба сол дараҷаи истеҳсоли маҳсулот аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасон зиёд шуда истодааст.

Умуман, дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти хизматию ҷангии ҳайати шахсӣ тарбия, омӯзиш, интизом пешравиҳои назаррас дида мешаванд. Умеду боварӣ дорем, ки ҳайати шахсӣ дар ҳама ҳол ба хубӣ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳояш мебарояд.

Давлатшо АМИРШОЕВ,
муовини командири полки алоҳидаи моторикунонидаи махсуси милитсияи Қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ, майори хидмати дохила

Add comment


Security code
Refresh