Даъвати ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10-уми апрели соли равон раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев "Дар бораи даъвати ҷаласаи чоруми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум" қарор қабул кард.

Мутобиқи ин қарор, ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум 26 апрели соли 2013, соати 8.00 дар шаҳри Душанбе даъват карда мешавад.

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат" сухан меронад.

Add comment


Security code
Refresh