Маҷлиси фаъолони вилоят

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, муовинони Раиси вилоят, роҳбарони шӯъбаю сохторҳои вилоятӣ, раисон ва муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят ва дигар масъулин, ки ба масъалаҳои баррасишаванда мутасаддианд, маҷлиси фаъолони вилоят доир гардид.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода маҷлиси фаъолонро ифтитоҳ намуда, гуфт, ки масъалаҳои ҷамъбасти хоҷагии халқи вилоят дар семоҳаи якуми соли 2013 ва вазъи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Дар бораи натиҷаҳои хоҷагии халқи вилоят дар се моҳи аввали соли равон муовини Раиси вилоят Аҳмадҷон Қобилов маърӯза кард. Вай ҷабҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоятро таҳлил намуда, ба ҷанбаҳои асосии он таваққуф кард.

Гуфта шуд, ки баробари ноил шудан ба натиҷаҳои беҳтарин дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои вилоятӣ камбудиву нуқсонҳо ҷой доранд. Маърӯзачӣ дар хусуси таъмини иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, нақлиёт, алоқа, сохтмон, роҳдорӣ, кишоварзӣ бо мисолҳои мушаххас ҳарф зад. ӯ ҳамчунин аз фаъолияти ҷабҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ, маориф, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими расму оин ва маросимҳои мардумӣ дар ҷумҳурӣ", вазъи ҷинояткорӣ сухан гуфт. Маърӯзачӣ марҳалаи чаҳоруми қабули шаҳрвандонро аз ҷониби Раиси вилоят, ки бо усули "Равзанаи ягона" дар шаҳри Панҷакент оғоз ёфт, идомаи корҳои назаррас дар ҳалли муаммою мушкилаҳои мардум маънидод кард.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз Аҳмадҷон Қобилов ва масъулини дигар сабабҳои нисбати порсола кам шудани коркарди нахи пахтаро пурсон шуд. Боиси нигаронист, ки ба вилоят дар се моҳи соли равон 31 ҳазор тонна ғалла ва 9 ҳазор тонна орд кам ворид карда шудааст.

Доир ба рафти таъмини иҷрои фармони Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар бораи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов гузориш дод.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов, раиси ноҳияи Зафаробод Рустам Мирзоев, раиси ноҳияи Ашт Азимбой Азизов, раиси ноҳияи Мастчоҳ Мирзоаҳмад Аҳмадзода дар бораи фаъолияти мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ахборот доданд.

Раиси вилоят аз раисони шаҳру ноҳияҳо сабабҳои иҷро нагардидани нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ва давлатиро пурсон шуд. Қоҳир Расулзода дар хусуси таъмини босифати нақшаи буҷети маҳаллӣ ва давлатӣ таваққуф карда, аз ҷумла гуфт, ки агар дар шаҳру ноҳияҳо ҳамаи нақшаҳои қисми даромади буҷети маҳаллӣ ва давлатӣ ба иҷро мерасид, 15 миллион сомонии иловагӣ ворид мегардид. Зикр гардид, ки дар се моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 57 корхонаи хурду миёна мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамаи ин дастовардҳо таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта истодааст. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар хусуси вазифаҳои минбаъдаи фаъолони вилоят сухан кард.

Add comment


Security code
Refresh