Дар бораи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси Вакилони халқи вилоят, даъвати чаҳорум

Дина дар толори маҷлисҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати чаҳорум барпо гардид. Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Қоҳир Расулзода иҷлосияро ифтитоҳ намуд. Баъди садо додани Суруди миллӣ ва интихоби котиботи иҷлосия вакилон рӯзномаи иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати чаҳорумро иборат аз ҳашт банд тасдиқ карданд.

 

Аз рӯи масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия "Оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ" дар вилоят ва вазифаҳои минбаъдаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати татбиқи он дар маҳалҳо" муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов гузориш дод. Зикр гардид, масъалае, ки мавриди баррасии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят қарор дода шудааст, дар пешбурди ҷомеа зарурӣ буда, аз вазифагузориҳои Раиси вилоят, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода дар мулоқот бо раисони ҷамоатҳо, амини маҳаллаҳо, роҳбарони бино ва фаъолон, ки моҳи феврали соли равон дар Қасри фарҳангии "Арбоб" баргузор гардид, бармеояд.

Ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ" панҷ сол сипарӣ шуда бошад ҳам, он дар маҳалҳо бояду шояд иҷро намешавад. Ҷумъабой Раҳматович рафти таъмини қонуни мазкурро дар шаҳру навоҳии вилоят муфассал таҳлил намуда, ба гузориши корҳо дар кумитаи маҳаллаҳо, ки дар пешбурди ҷомеа мавқеи муҳим доранд, баҳогузорӣ намуд. Худидоракунии маҳаллӣ барои мардуми мо аслан бегона нест. Солҳои тӯлонӣ роли кумитаи маҳаллаҳо, ки дар макони зисти аҳолӣ бо унвонҳои мухталиф ном бурда мешаванду фаъолият мекунанд, баланд буд. Мактаби маҳалладорӣ, ки дар аксар мавзеъҳои истиқоматии мардум амал мекунад, босамар аст.

Маърӯзачӣ дар хусуси фаъолияти меҳмонхонаву чойхона ва дигар мавзеъҳои ҷамъиятии маҳаллахонаҳо, бо усули маслиҳат ҳал кардани як қисми муаммоҳои аҳолӣ ва ғайраҳо таваққуф намуд. Дар қаламрави вилоят 1419 кумитаи маҳалла фаъолият мекунад. Аммо зикр кардан бамаврид аст, ки на ҳамаи онҳо оинномаи хешро доранд, қисми бештари кумитаҳо, ҳатто, утоқи корӣ, молу мулк, дар бонкҳо суратҳисоб доранд. Аксари раисони кумитаи маҳаллаҳо бидуни маош, яъне дар асосҳои ҷамъиятӣ кор мекунанд.

Бо вуҷуди он таҳлил собит намуд, ки дар 961 кумитаи маҳалла ҳуҷҷатгузорӣ мувофиқ ба талаботи қонун ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ба роҳ монда шудааст. Мутаассифона, кори 458 кумитаи маҳалларо қаноатбахш баҳогузорӣ наметавон кард. Ҷ. Сангинов, ҳамчунин дар бораи таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими расму оин ва маросимҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" ва мавқеи кумитаи маҳаллаҳо дар ин бобат сухан кард. Маърӯзачӣ барои тақвияти кор дар кумитаи маҳаллаҳо дар партави таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ" якчанд таклифу пешниҳодотро баён намуд.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар ин маврид аз фаъолияти кумитаи маҳаллаҳо изҳори нигаронӣ кард. « Мутаассифона, -гуфт Раиси вилоят-, қарорҳои Раиси вилоят ва раисони шаҳру навоҳӣ, ки ба имзо мерасанд, то мардуми оддӣ расонида намешаванд. Ин амалро маҳз кумитаи маҳаллаҳо бояд иҷро намоянд». Боиси ташвиш аст, ки қисми зиёди кумитаи маҳаллаҳо шароити оддии фаъолият, утоқи корӣ барои қабули шаҳрвандон надоранд. Қоҳир Расулзода ба масъулин дастур дод, ки дар Низомномаи озмуни вилоятии "Барои маҳалли зисти беҳтарин" тағйирот ворид карда, барои муқаррар кардани мақоми кумитаи маҳаллаҳо 20-25, ҳатто бештар аз он мукофот муайян карда шавад. Зикр карда шуд, ки мавқеи кумитаи маҳаллаҳо бояд дар сатҳи баланд бошад.

Вакилон маърӯзаи иловагии узви комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 18, "Вору" Муаззам Ансоровро дар ин масъала шунида, ба маълумот гирифтанд.

Дар музокираи маърӯза вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии "Калининобод", № 48 Нозим Носиров, ҳавзаи интихоботии "Чилгазӣ", № 14 Мавзуна Шарофиддинова ширкат карданд. Муовини раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Табошар», № 30 Зуфар Исмоилов дар барои фаъолияти комиссияи доимӣ ҳисобот дод.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии "Камоли Хуҷандӣ", № 4 Муяссара Раҳимова ва ҳавзаи интихоботии "Истаравшан", № 32 Фаёз Султонов оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилиашон ҳисобот доданд.

Вакилон дар бораи қабули буҷети иловагии вилоятӣ барои соли 2013 қарор қабул карданд. Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 25 декабри соли 2012, №351 Дар бораи қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2013" масъала баррасӣ гардид. Ҳамчунин вакилони Маҷлиси вилоятӣ оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ маърӯзаи муовини раиси комиссияи номгузорӣ Абдуҳаким Шарифовро шунид, пешниҳоди комиссияро дар хусуси тағйир додани номи якчанд иншоотҳои физикию ҷуғрофӣ маъқул донистанд ва дар ин бора қарор қабул намуданд.

Вакилон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ ва тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят масъала муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Бо ҳамин иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати чаҳорум анҷом пазируфт.

Add comment


Security code
Refresh