"Равзанаи ягона" дар Истаравшан

Тибқи супориш ва ҳидояти Сардори давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи нави қабули шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби Раиси вилоят Қоҳир Расулзода идома дорад.
Санаи 17-уми апрел Рӯзи қабули шаҳрвандони шаҳри Истаравшан тариқи "Равзанаи ягона" дар толори маҷмааи фароғатии "Муҳаббат"-и Ҷамоати деҳоти "Гули Сурх" доир гардид.

 

Дар он сокинони ҷамоатҳои деҳоти "Қалъачаи Калон", "Сабристон", "Гули Сурх", "Нофароҷ", "Ниҷонӣ" ва шаҳри Истаравшан иштирок карданд. Дар Рӯзи қабул бо усули "Равзанаи ягона" 96 нафар бошандагони шаҳр ва ҷамоатҳои зикргардида бо 106 масъала ба роҳбарони шӯъбаву сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муроҷиат карданд. Масъалаҳои асосие, ки мардумро ба қабул овард, тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, таъмир ва сохтмони бинои истиқоматӣ, рушду нумӯи маориф, таъминот бо ҷои корӣ ва ғайраҳо буданд.

Ҳамчунин 10 нафар эҳтиёҷмандон барои гирифтани кӯмаки моддӣ ба роҳбарияти вилоят муроҷиат карданд, ки ҳамоно мадад расонда шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳамон рӯз бо дархости эҳтиёҷмандон ба 40 нафар сокинони шаҳру деҳоти Истаравшан аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд.

Рӯзи қабул 4 нафар сокинони минтақаҳои номбурда барои изҳори сипос ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят омаданд. Зеро онҳо порсол рӯзи қабули шаҳрвандон - 25 апрели соли 2012-ум бо масъалаҳои ҷамъиятӣ ба Раиси вилоят муроҷиат карда буданд ва хоҳишашон ба иҷро расонда шуд.

Бо супориши Раиси вилоят Қоҳир Расулзода роҳбарияти шӯъбаву сохторҳои вилоятӣ барои ҳалли масъалаҳое, ки дар муроҷиати шаҳрвандон ифода ёфтааст, парвандаи назоратӣ тартиб дода, ҳалли масъалаҳоро зери назорат мегиранд.

Боиси зикр аст, ки Рӯзи қабул бошандагони Ҷамоати деҳоти "Гули сурх" ва шаҳри Истаравшан бо масъалаҳои шахсиву ҷамъиятӣ бештар муроҷиат карданд. Қабули шаҳрвандони шаҳри Истаравшан имрӯз, рӯзи панҷшанбе идома меёбад.

Мухбири худамон

Add comment


Security code
Refresh