Иҷозатнома барои муомилот ҳатмист

Пули миллӣ аз ҷумлаи нишонаҳои асосии миллат ва давлат ба ҳисоб рафта, ҳар фарди ҷомеа вазифадор аст, нисбат ба он эҳтиром дошта бошад. Дар муомилот будани асъори хориҷӣ дар ҷумҳурӣ ҳамчун воситаи харид ба ноустуворӣ ва беқурбшавии асъори миллӣ расонида, дар натиҷа ба иқтисодиёти давлат ва низоми молиявии он таъсири ҷиддӣ меорад.

 

Мувофиқи талаботи моддаи 18-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият", анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ ба номгӯи махсуси намудҳои фаъолияте шомил шудааст, ки барои амалӣ намудани он иҷозатнома зарур аст.

Иҷозатнома барои чунин намуди фаъолият аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои ин бонк дар вилоятҳо дода мешавад. Мутаассифона, мушоҳидаҳои вақтҳои охир нишон медиҳанд, ки дар ҳудуди вилоят, бахусус, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Б.Ғафуров, Конибодом, Исфара бозорҳои ғайрирасмии ивази асъор фаъолият менамоянд ва шахсони алоҳида бар хилофи талаботи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ машғул мешаванд.

Чунин бозорҳо дар шаҳри Хуҷанд дар назди бозори "Панҷшанбе", маҳаллаи 34-ум, дар ноҳияи Б.Ғафуров дар дохили бозори марказии ноҳия, бозори "Вохӯрӣ"-и Ҷамоати деҳоти Хистеварз, дар шаҳрҳои Исфара ва Истаравшан бошад, дар бозорҳои марказӣ фаъолият менамоянд, ки шаҳрвандон дар ма-ҳалҳои зикргардида бе гирифтани иҷозатнома асъори хориҷиро хариду фурӯш мекунанд.

Чунончӣ, ҳангоми гузаронидани санҷиши ногаҳонӣ дар бозори марказии шаҳри Исфара шаҳрвандон А.А.Воҳидов, Б.И.Бадалов, Б.А. Ҷаъфаров ва С.Ф. Хайруллоев боздошт карда шуданд, ки онҳо бе гирифтани иҷозатнома ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунии ивази асъори хориҷӣ машғул буданд. Ҳангоми боздошт аз онҳо ҳамчун ашёи ҳуқуқвайронкунӣ далели шайъӣ зиёда аз 10 ҳазор сомонӣ, 120 ҳазор рубли Бонки Федератсияи Руссия ва 1200 доллари ИМА дарёфт ва мусодира шуд.

Ё ин ки, шаҳрванд Умед Зокиров, сокини шаҳри Истаравшан, кӯчаи Фирдавсӣ-123, бидуни гирифтани иҷозатнома дар бозори марказии шаҳри Истаравшан ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ машғул буд. Ҳангоми боздошт аз охирин ҳамчун ашёи ҳуқуқ-вайронкунӣ-далели шайъӣ 100 ҳазор сӯм пулии миллии Бонки Ҷумҳурии ӯзбекистон ва 400 сомонӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Айнан ба ҳамин монанд, дар ҳудуди бозори "Панҷшанбе" ва "Баракат"-и шаҳри Хуҷанд шаҳрвандон Ҷ.У.Раҳматуллоев, Д.А.Мирхоҷаев, А.Т.Абдувалиев, дар кӯчаи Ленин, назди нуқтаи фурӯши маркази чиптаҳои ҳавопаймоӣ шаҳрвандон И.И.Ашӯров, Н.А.Намозов ҳангоми муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дастгир карда шуда, аз номбурдагон маблағҳои пулӣ ҳамчун ашёи ҳуқуқвайронкунӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба ин шаҳрвандон дар асоси талаботи моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ) парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба судҳои ин шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуд.

Ҳолатҳое ҷой доранд, ки дар бозору мағозаҳо, нуқтаҳои савдо, марказҳои хизматрасонӣ, арзиши маҳсулоти ба фурӯш баровардашуда ва ҳаққи хизматрасонӣ озодона бо асъори хориҷӣ ҳисобӣ карда мешавад.

Чунончӣ, шаҳрванд Нақибҷон Ҳусейнов дар толори мебели "Белорус-Руссия", воқеъ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров ҳамчун фурӯшанда кор мекунаду маҳсулот ва таҷҳизоти мағозаро бо роҳи муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ-доллари ИМА ба фурӯш баровард. ӯ 25.01.2013 ба шаҳрванд М.М.Худоёрова маҷмаъи ҷиҳози хоб, ҷевони деворӣ, мебел барои ошхона ва курсиҳо барои ошхонаро бо асъори хориҷӣ нархгузорӣ намуда, аз охирин бар ивази фурӯши ин таҷҳизот дар маҷмӯъ маблағи 4750 доллари ИМА гирифтааст.

26.01.2013 аз ҷониби прокурори вилоят нисбат ба Н.Ю. Ҳусейнов бо қисми 2, моддаи 286-уми КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва баъди ба итмом расонидани тафтишоти пешакӣ он ба суди шаҳри Чкалов ирсол карда шуд, ки минбаъд охирин бо ҳукми суд бо ҷазо маҳкум гардидааст.

Ҳамин гуна қонунвайронкуниҳо оид ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дар давраи семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ошкор карда, аз тарафи прокуророни шаҳру ноҳияҳои Исфара-3, Чкалов-1, Мастчоҳ-1, Б.Ғафуров-1 ва дастгоҳи прокуратураи вилоят 4 дар маҷмӯъ 10 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар як вақт дар асоси қарорҳои прокуророни шаҳру ноҳияҳо 30 нафар шаҳрвандон барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Бо мақсади такмили минбаъдаи низоми пулӣ ва дар ин замина баланд бардоштани устувории пули миллӣ, санҷиши ҳаматарафаи масъалаи мазкур, ошкору пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар ин ҷода бо супориши прокурори вилоят дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба санҷиши ҳолати мазкур гурӯҳҳои доимоамал таъсис ёфтаанд. Ба гурӯҳҳои мазкур кормандони прокуратура, милитсия, нозироти андоз, шӯъбаҳои амният ва шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон шомил карда шуда, фаъолияти мунтазами ин гурӯҳҳо ба роҳ монда шудааст.

Саидҷамол ОДИНАЕВ, прокурори калони шўъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи II

Add comment


Security code
Refresh