Идомаи "Равзанаи ягона" дар Истаравшан

Тибқи супориш ва ҳидояти Сардори давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи нави қабули шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби Раиси вилоят Қоҳир Расулзода идома дорад. Санаи 18-уми апрели соли равон Рӯзи қабули шаҳрвандони шаҳри Истаравшан тариқи "Равзанаи ягона" идома ёфт ва дар толори мактаби таҳсилоти умумии рақами 33-юми Ҷамоати деҳоти Пошкент доир гардид. Дар он сокинони ҷамоатҳои деҳоти Пошкент, Зарҳалол, Қалъачаи Баланд, Ҷавқандак ва Чорбоғ иштирок карданд.

Рӯзи қабул бо усули "Равзанаи ягона" 91 нафар бошандагони ҷамоатҳои зикргардида бо 109 масъала ба роҳбарони шӯъбаву сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муроҷиат карданд. Чун дигар минтақаҳо масъалаҳои асосие, ки мардумро ба ташвиш гузоштаасту маҷбур ҳастанд ба мақомоти вилоятӣ шикоят баранд, тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, саҳми замин ва баҳси он мебошанд. Он рӯз 37 нафар бошандагони ҷамоатҳои номбурда маҳз бо ҳамин масъалаҳо муроҷиат карданд. Раиси кумитаи замини вилоят Орифҷон Хоҷаев қисми бештари муроҷиати шаҳрвандонро баррасӣ кард ва ба соҳиби аризаҳо фаҳмонд, ки навиштани ариза ва омода кардани ҳуҷҷатҳои дигар аввали кор аст. Агар чунин бошад, комиссияи вилоятӣ ҳар муроҷиати сокинонро дар алоҳидагӣ меомӯзад.

Ҷудо кардани замин барои сохтмони мактаб ва коргоҳҳои хурд, таъминот бо оби полезӣ ва ошомиданӣ, кам будани ҳаҷми нафақа, таъмир ва сохтмони бинои мактаб, муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, таъминот бо ҷои корӣ, расондани кӯмаки моддӣ, рушду нумӯи варзиш, таъмири роҳҳои маҳаллӣ - рӯйхати нопурраи масъалаҳое ҳастанд, ки бошандагони ҷамоатҳо ба роҳбарияти мақомоти дахлдори вилоят муроҷиат карданд. Аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Пошкент, Қалъачаи Баланд, Ҷавқандак бештар ба роҳбарият бо масъалаҳои ҷамъиятӣ муроҷиат карданд.

Ҳамчунин 8 нафар эҳтиёҷмандони минтақаи номбурда барои гирифтани кӯмаки моддӣ ариза навиштаанд, ки ҳамоно мадад расонда шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки давоми ду рӯзи қабули шаҳрвандон бо дархости эҳтиёҷмандон қариб ба 40 нафар сокинони шаҳру деҳоти Истаравшан аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд.

Бо супориши Раиси вилоят Қоҳир Расулзода роҳбарияти шӯъбаву сохторҳои вилоятӣ барои ҳалли масъалаҳое, ки дар муроҷиати шаҳрвандон ифода ёфтааст, парвандаи назоратӣ тартиб дода, ҳалли масъалаҳоро зери назорат мегиранд.

* * *
Бегоҳии ҳамон рӯз дар Қасри фарҳангии ба номи Абдураҳмон Маҳмудови маркази шаҳри Истаравшан мулоқоти Раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо сокинони ҷамоатҳои Гули Сурх, Ниҷонӣ, Қалъачаи Калон, Нофароҷ ва Сабристон доир гардид. Дар он бошандагони ҷамоатҳои номбурда, фаъолони шаҳру ноҳияи Истаравшан ширкат доштанд. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар бораи гузориши корҳо дар ҷабҳаҳои мухталифи шаҳри Истаравшан сухан ронда, аз раисони ҷамоатҳои деҳот пурсиш ба амал овард. Ҳамчунин якчанд бошандагони ин мавзеъ бо масъалаҳои ҷамъиятиву хусусӣ ба Раиси вилоят шахсан муроҷиат карданд. Қоҳир Расулзода барои дарёфти роҳи ҳалли муаммоҳои аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

* * *
19-уми апрел дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Қирғизбой»-и Ҷамоати деҳоти Пошкент Раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Пошкент, Зарҳалол, Қалъачаи Баланд, Ҷавқандак, ва Чорбоғ мулоқот орост. Дар он бештар 1500 нафар бошандагон иштирок карданд.

Мухбири худамон

Add comment


Security code
Refresh