Раис

Ҳамватанон ӯро бо ҳурмату эҳтироми бепоён "раис" ном мебаранд. Бори нахуст камина ин исми дилнишинро дар чойхонаи хурдакаку назарногири тоҷикон, ки дар як гӯшаи бозори марказии шаҳр ҷойгир аст, бишнидам. Ростӣ, ки дар оғоз чандон аҳамият надодам. Эҳтимол, ӯ раиси ягон ширкате бошаду кормандонаш варо дар ғайбаш ҳам ба некӣ ба ёд меоваранд. Fайричашмдошт, сӯҳбат хеле метасфид, тавсифгаронаш меафзуданд.

Анқариб, тамоми нишастагон бо истифодаи ибораҳои "тоҷики асил", "миллатпарвар…" суханони нек мегуфтанд. Оқибат, эҳсоси кунҷкобӣ боло гирифт. Аз Аслиддини чойхонадор дар бобати шахсияти "раис" пурсон шудам. Вай дархости мизоҷонро ба ҷо оварда, лаҳзае ба рӯям назар афканда, бо табассум гуфт: "Он шахси мӯътабар раиси Ташкилоти ҷамъиятии дӯстии кишвари Перм ва Тоҷикистон Сайфиддин Одинаев мебошад. Fамхору мададгори беназири тоҷикони мусофир…" Аз суолам дар ҳолати ноҳинҷор мондам. Ба худ қавл додам, ки толеъ мадад намояд, албатта, рӯзе ӯро дарёфта, дар хусуси фаъолияти меҳанпарваронааш дар рӯзномаҳои Тоҷикистони азиз навиштаҷоти ҷолибе ба табъ хоҳам расонд…

…Орзуям ҷомаи амал пӯшид. Қабл аз гусели мусофирон сари пиёлаи чой ни-шастем. Дар давраамон ҷавонмарди миёнсоли ситорагарме ҳузур дошт. Пеш аз хӯрокхӯрӣ, дасти дуо бардошта, ба сафариён болидарӯҳӣ бахшид. Сипас, фаҳмидам, ки ин шахси хоксору соҳибдил ҳамон Сайфиддин Одинаев будааст. Дар чаҳорчӯбаи одоби рӯзноманигорӣ худро муаррифӣ намудам. Вай дар гӯшае мамнунона ба нақшаи кориам гӯш ниҳода, хоҳиш намуд, ки танҳо чизи воқеӣ биофарам.

Дере нагузашта ба бинои ҷомеаи тоҷикон, ки дар иморати чаҳорошёнаи хиштӣ мавқеъ дорад, омадем. Раис ба муовинаш Раҳматулло, ки саргарми кор буд, хоҳиш кард, ки масъулини дигарро низ гирд оварад.

Ба ғайрату нерӯмандии ин фарди кӯҳистонии тоҷик сано мехондам. Зеро дасти танҳо солҳои 90-уми қарни гузашта тавонист ташкилоти мазкурро қонунан рӯи қоғаз оварад. Ба хотири равнақи фаъолияти он аз ҳисоби пасандозҳояш утоқи дуҳуҷрагиро ба иҷора гирифт. Мувофиқи қонунгузории Русия, ташкилот ва Низомнома, мақсаду маромашро номнавис кард. Дар он даврони нисбатан мушкил дар кишвари доманфарохи Перм ҷомеаи арманиҳо ва гурҷиҳо, марказҳои фарҳангии русҳо, тотор-ҳо… босамар фаъолият мебурданд. Дар ҳамон айём орзуи ифтитоҳи чунин як марказ дар замири беқарораш ошён гузошт. Охир, тоҷикони назму адабиёти оламгирдошта, созандаю сулҳпарвар аз кӣ каманд? Дар ин пайроҳаи мақсуд каме машаққат кашид. Аммо бо кӯмаки Худованд, мадори ниҳоди беғашу гармаш домони матлабро ба даст гирифт. Итминон дошт, ки бо гузашти айём ҷомеаи тоҷикон додраси ҳамватанон, пушту паноҳ маркази тарғиби одоби ҳамидаи шарқиёна хоҳад гашт.

Санадҳои мухталифро варақ мезанаму эътиқодам нисбати ин як тани фидоии миллат дучанд мегардад. Барои ба халқҳои таҳҷойии ин кишвар шиносонидани расму оин ва маданияту рӯзгори тоҷикистониён ҳамасола чорабиниҳоро доир мекунад. Fараз аз ҳамаи ин талошварзиҳо ривоҷбахшии робитаҳои дуҷониба ва таҳкими дӯстии ду халқи бародар аст. Беҳуда як гӯшаи утоқи кориашро байти оламгири устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода:

Одамон аз дўстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рўзи сахт.
зиннат намедиҳад.

Баробари пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ робитаҳои иқтисодӣ канда гашт. Мардуми бекору саргаранг худро ба чаҳор тараф зад, бо умеди нигаҳдории баракати дастархону шиками сери аҳли байташ. Муҳоҷирати меҳнатӣ оғоз ёфт. Аксарияти нерӯмандон мардикориро ҳунари хосаашон қарор доданд. Аз машаққаташ касеро парвое набуд. Охир, чӣ ҷои шарм доштан, инсон бо меҳнат зинда асту аз пушти такопӯҳояш нони ҳалол мехӯрад.

Кишвари Перм, бемуболиға, яке аз минтақаҳои сарватмандтарини Русия ҳасту мемонад. Сарҳаду дарвозаҳои ин шаҳр барои ҳама боз аст, зеро минтақа ба дастони корӣ, пеш аз ҳама, ба мутахассисони бинокор мӯҳтоҷ мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳамасола дар ин ҷо беш аз 80.000 муҳоҷирони мавсимӣ, тоҷирони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ранҷ кашида, ганҷи меҳнаташонро мебинанд. Тибқи иттилои раиси ҷомеаи тоҷикон Сайфиддин Одинаев, нақши ҳамватанонамон дар рушди минтақа хеле назаррас гардидааст.

Шумораи заҳматкашони мо ҳамасола бемайлон меафзояд. Бо шарофати ҳунари волояшон садҳо иморатҳои замонавиро бо сифати баланд сохта, ба фармоишгарон ва ё соҳибкорон месупоранд. Умуман, нуфузи бинокорони мо лоиқи таҳсин мемонад.

Ҷомеаи тоҷикон дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ширкат меварзад. Аз ҷониби Хадамоти Федералии муҳоҷират ва мақомоти умури дохила чорабиниҳои зиёд амалӣ мегарданд. Ҳадафи он ошкор кардани муҳоҷирони меҳнатии беҳуҷҷат мебошад. Дар раванди ин тадбир-ҳо бинокорони тоҷик қонунро сарфи назар намуда, хато мекунанд. Дар ин сурат онҳоро чӣ интизорест? Дар асоси моддаҳои марбутаи Кодекси маъмурии Русия ин гуна ашхос аз 2.000 то 5.000 рубл ҷаримабандӣ мегарданд ё бо қарори суд ба муддати панҷ сол аз ҳудуди мамлакат ронда мешаванд. Даҳҳо ҳамватанон аз сабаби бепарвоӣ, дар вақташ ба тартиб наовардани санадҳои зарурӣ, надоштани қайди ҷои зист, иҷозатномаи фаъолият мубталои ҷазо гардидаанд.

Хушбахтона, бинокорони аз қонунгузориҳои ин мамлакати абарқудрату саховатманд бохабар кулли муҳоҷирони мавсимиро ташкил медиҳанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки онҳо сараввал ҳуҷҷатҳои даркориро ба низом оварда, пас аз он дилпурона, бе тарсу ваҳм кор мекунанд. Ба ин зумра мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар заррае эътироз надоранд. Зеро фаъолияташонро тибқи қонунгузорӣ шурӯъ кардаанд.

Раиси ҷомеаи тоҷиконро худбоварӣ ва мағрурии қисме аз бинокорони аз назари ҳуқуқӣ бехабар ба ҳайрат меоварад. Зеро онҳо ҳанӯз музде ба каф нагирифта, дастгир ва дар банди асорати муваққатӣ қарор мегиранд. Масъалаи молиявии ба Ватан баргардонидани гунаҳкорон мушкилоти зиёдеро ба пеш меорад. Ба мулоҳизаи раис-"онҳое, ки бародарон, хешовандону наздикон доранд, дар пайдо кардани роҳкиро, пардохти арзиши ғизои гарм мушкилӣ намекашанд. Шахсони бо таманнои зиндагии "ширин" бори нахуст ба Русия қадамниҳода, дар ин бобат ба мушкилот дучор меоянд".

Раиси ҷомеаи тоҷикон Сайфиддин Одинаев ба хотири ба Тоҷикистон бозгардонидани чаҳор тани беҳуҷҷат кӯшиши зиёде ба харҷ дод. Бадбахтона, дастгиршудагон шиносномаҳои хориҷиву дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳам надоштанд. Мақомоти фаврии милитсия ба шахсияташон фарзияҳои мухталифи шубҳанокро нисбат медоданд. Ба тӯҳмат печиданашон аз ҳақиқат дур набуд. Раисро лозим омад, ки аз хизмати кирояи муҳофизони мустақили ҳуқуқҳои инсон истифода барад. Талошварзиҳо бамуваффақият анҷом ёфта, бегуноҳии ҳамватанони холабеғам исбот шуд. Бо тавсия ва тақвияти раис аз ҷониби Консулгарии Тоҷикистон бо шиносномаҳои муваққатӣ ба зодгоҳашон омаданд. Вай чунин далелҳои риққатоварро зикр менамояд, мулоҳизаҳои накӯкорона мегӯяд, дилаш аз нодонии ин тоифа ба дард меояд:

Зиндагӣ, гар устоди мо туӣ, бепарда гўй,
Аз чӣ шогирдони як мактаб ҳама оқил нашуд.

Рақобат дар бозори меҳнат мудом дар ҳаракат мебошад. Аз ин рӯ, нархномаҳои маҷмӯи корҳои бинокорӣ мунтазам нест. Сарчашмаи ин, пеш аз ҳама, аз фаровонии қувваҳои меҳнатии хориҷӣ дарак медиҳад. ӯзбекону қирғизҳо бо нархҳои ниҳоят арзон, ба қавле "бепул" заҳмат мекашанд. Ин ба муҳити бинокорони гуногунмазҳабу гуногунзабон асари манфӣ, хисороти зиёд мерасонад. Дар ин заминаҳо муноқишаҳои хурд низ ба назар мерасанд.

-Устухони тоҷикон аз қадимулайём бо меҳнат сахт гаштааст. Кӯҳистонамон барои мо дилҳои нарм ато намудааст. Анқариб 80 фисади муҳоҷирони ватанӣ устодони наҷиби ҳунари хешанд. Ба истиснои як-ду далел, ҳанӯз нашунидаам, ки дар атрофи иморатҳои пӯшидаи тоҷикон фармоишгарон суханҳои носазо гуфта бошанд. Онҳо дар самти шаҳрсозӣ мақоми хосаашонро дарёфтаанд. Худшиносии миллӣ ин ҷо ҳам такомул ёфтааст. Тоҷикони ҳунарманду созанда ҳеч гоҳ шарафашонро хор намекунанд, бо нархҳои хандаовар ранҷ намебаранд. Қадрдону боадолат, бомаърифат, баинсофу гетикушоянд. Айни муддаост зикри байти устод Абдураҳмони Ҷомӣ:

Ба инсофу адл аст гетӣ ба пой,
Сипоҳе чу он нест гўтикушой.

Сайфиддин Одинаев бо мақсади ҳар чӣ бештар ба сохтмон ҷалб намудани мутахассисони варзидаи тоҷик бо ширкатҳои пешқадам шартномаҳои дуҷониба мебандад. Айни ҳол дар бинокорӣ технологияи муосир қадам ба қадам реша медавонад. Шукр, ки дар байни тоҷикон хабардорону таҷрибадорони ин усули бозори замонавии меҳнат кам нестанд. Ин иқдом обрӯ ва нуфузи коргаронамонро дар ободонии кишвари Перм ба маротиб афзуд. Ҳамватаноне, ки бо ӯ сарукор гирифтаанд, аз толеъашон мамнунанд, ки Худованд онҳоро муносиби чунин марҳамату накӯкории ин марди кариму ҳаким донистааст. Ба ақидаи эшон, аз ҳазорҳо яке метавонад, бо шарофати олиҳиммативу одамият, поквиҷдонӣ дар дилу дидаи мардум маъво бигирад.

…Ба шаҳр дастаҳои ҳунармандони Тоҷикистон омаданд. Сарварашон ҳар чӣ зудтар паҳнкунии хабарномаҳо, ҷалби зиёдтари мухлисонро тақозо намуд. Раиси ҷомеаи тоҷикон, ки бисёр димоғсӯхтаю ғамгин метофт, бе асабоният ва оромона гуфт: "То даме ки ду тобути қурбониёнро ба Тоҷикистон нафиристонем, аз хусуси рақсу суруд ҷои гап ҳам нест".

Раҳбари ҳофизон вазъи ботинии раисро баҳо дода, мақоли "даҳони баста сад тилло"-ро ба ёд овард. Хомӯшӣ гузида, берун баромад. Дертар бошад ҳам, баъди анҷоми маъракаи видоъ дар толорҳои кохи шаҳр созу сурудаҳои ҳунармандонамон гаштаю баргашта садо доданд.

Дар ҳақиқат, соли 2010 барои тоҷикони муҳоҷир хеле гарон афтид. Танҳо аз як деҳаи дурдасти Суғдзамин 6 ҷавонмарди ҳузарб ба сабабҳои гуногун бо ҳаёт падруд гуфтанд. "Дӯстонро дар бадбахтӣ мешиносанд", - мегӯянд дар урфият. Ҳангоми сарзаниш, мусибатҳои фоҷианок ҳамватанон аз як гиребон сар бароварда, кӯмакашонро дареғ намедоранд, зеро қисмати муҳоҷирон дигар аст. Касе ба ишон кафолати амнияту тансиҳатӣ, бехатарии меҳнат, умри дарозро надодааст.

Сайфиддин Одинаев ба хотири бо кори доимӣ таъмин кардани шумораи бештари ҳамватанон пайваста дар ҷустуҷӯ аст. Вай шаҳрванди комили Русия мебошад, дар қаламрави кишвари сарватманд фарди шинохтаест. Аз ин рӯ, мақомоти ҳокимияти шаҳр пешниҳодашро бо шодмонӣ маъқул донист. Азми тоҷикона кард, ки шаҳрро тамоми сол бо сабзавоти тару тоза таъмин менамояд. Танҳо майдони тиҷоратӣ лозим асту халос. То ба имзо расидани қарор санадҳои заруриро гирд овард.

Ҳоло маркази тиҷоратии фурӯши яклухти сабзавот зери гунбади осмони кушод ҷойгир аст. Аз гармию сардии тоқатшикан наҳаросида, бошандагонаш дастранҷашонро ба савдо мебароранд. Дар ин ҷо нарх нисбат ба маркази шаҳр арзон аст. Ба ин васила боз 250 ҷои корӣ барои ҷавонмардон, занону духтарони тоҷик пайдо шуд.

Аз фаъолияти некбинонаи раиси ҷомеаи тоҷикон Сайфиддин Одинаев собиқадорони ҷангу меҳнат, сокинони маҳаллӣ сипосгузоранд. Ба андешаи онон "як тан низ дар майдони олиҳимматӣ созандаю бахтовар аст". Оре, чунин аст маънии мавҷудияти инсони ҳақиқӣ.

Муҳаммадшарифи БОБОШАРОФ, узви Иттифоқи рўзноманигорони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh