Норозигии мардум аз чӣ сар мезанад?

Чунонки хабар дода будем, санаҳои 17-19-уми апрели соли равон дар шаҳру ноҳияи Истаравшан марҳалаи нав-батии қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят баргузор гардида, он бо усули нави "Равзанаи ягона" сурат гирифт. Умуман, давоми ду рӯзе, ки дар ду ҷамоати деҳоти шаҳри Истаравшан роҳбарони шӯъбаю сохторҳои вилоятӣ, намояндагони мақомоти қудратӣ, ташкилоту муассисаҳои дахлдор бо қабули бошандагони даҳ ҷамоат машғул шуданд, 188 нафар бо масъалаҳои мухталифи ҷамъиятиву шахсӣ муроҷиат карданд.

Солҳои қаблӣ дар шаҳри Истаравшан қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят ва мулоқотҳои ишон бо бошандагон хеле тезутунд сурат мегирифт ва мо, рӯзноманигорон шоҳид ҳастем, ки аксар мардум аз фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ рӯирост норозигӣ баён мекарданд. Баростӣ, ба ҷои баргузории қабули шаҳрвандон - маҷмааи фароғатии "Муҳаббат"-и Ҷамоати деҳоти Гули Сурх омада, нисбати чашмдошт миқдори ками аҳолиро дида, ҳатто, дар қалбамон шубҳа ҳам пайдо кардем, шояд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот ба тарғибу ташвиқи баргузории маъракаи қабули шаҳрвандон бо усули "Равзанаи ягона" эътибори казоӣ надода, мардумро ба қадри зарурӣ хабардор накарда бошанд.

Вале, баъди сӯҳбат бо масъулин ва сокинони таҳҷоӣ шубҳаамон бартараф шуд, зеро на фақат тавассути васоити ахбори оммаи вилоятиву шаҳрӣ аҳолиро аз ин чорабинии муҳим дарак доданд, балки дар як ҷамъомад Раиси шаҳр Иброҳим Абдуллоев раисони ҳар ҷамоат ва кумитаи маҳаллаҳонаҳоро вазифадор кардааст, ки чунин инконият на ҳама вақт даст медиҳад ва бошандагон бояд бидуни ягон монеа ба қабули роҳбарияти вилоят роҳ дода шаванд. Чунин тарзи корбариро ҳангоми мулоқот дар Қасри фарҳангии ба номи Абдураҳмон Маҳмудов Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ҳам таъкид карда гуфт, маълум, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони кумитаи маҳаллаҳо бо мардум ҷиддӣ кор кардаанд. Яъне, аз ҷониби роҳбарият арзу шикояти аҳолӣ сари вақт шунидаву баҳри ислоҳаш чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Мутаассифона, чун дигар минтақаҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Гули Сурх, Қалъачаи Калон, Сабристон, Нофароҷ, Ниҷонӣ ва бошандагони шаҳр, ки рӯзи аввали қабул сокинони онҳо ба роҳбарият муроҷиат карданд, масъалаи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ барои эҳтиёҷмандон муаммо боқӣ мондааст. Аз 96 нафар бошандагони ин минтақа, ки бо 106 дархост ба қабул омадаанд, бештар аз 30 фисад маҳз бо ҳамин масъала муроҷиат карданд. 22 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти Гули Сурхро тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ташвиш медиҳад. Сокини маҳаллаи Ясӣ Ёрибек Саидбеков се писар дораду ҳар кадом соҳиби оилаву фарзанданд. Онҳо, ҳатто, ба умеди иморатпӯшӣ масолеҳи бинокорӣ харида мондаанд.

Зеро аз мақомоти дахлдори шаҳр хабар доданд, ки ишон эҳтиёҷманди замини наздиҳавлигӣ дониста шудаанд ва рӯзҳои наздик тақсимоти қитъаи замин сурат мегирад. Аммо ҳеч не ин масъалаи, ба қавле, дандоншикан ҳал гардад. Мурод Сабуров ҳам дар маҳаллаи Ясӣ истиқомат менамояд ва 25 сол боз дар хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунаду бо замин сарукор дорад. Вай нусхаи қарорҳои Раиси шаҳри Истаравшанро таҳти рақамҳои 730 ва 750, ки ҳанӯз ду сол қабл имзо шудаанд, ба роҳбарияти кумитаи замини вилоят манзур намуд. Раиси кумитаи замин вилоят Орифҷон Хоҷаев ваъда дод, ки рӯзҳои наздик баррасии аризаи шаҳрванд аз ҷониби комиссияи вилоятӣ доир мегардад. Муроҷиати шаҳрвандон Шариф Раҷабов, Аъзам Ёқубов, Сиддиқ Ҷабборов, Ориф Раҳматов, Илёс Собиров ва даҳҳои дигар маҳз бо масъалаи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ солҳои тӯлонӣ ҳал намегардад.

Маълум шуд, тақдири аризаи аксари мардум, ки бо ин масъала ба қабули роҳбарияти сохторҳои вилоятӣ омадаанд, аз ҷониби мақомоти дахлдори шаҳрӣ ва ҷамоатҳо номаълум мондааст ва касе ононро хабардор накардааст. Шоҳида Ҷалолова омӯзгори ҷавон ҳасту аз фанни забону адабиёти русӣ дар мактаби деҳа дарс мегӯяд. Вай ҳамчун мутахассиси ҷавон ҳуқуқи дар навбати аввал гирифтани заминро дорост. Аммо масъулин имтиёзи омӯзгори ҷавонро ё намедонанд ё масъаларо нодида мегиранд. Она Отамуродова ҳам омӯзгори фанни забону адабиёти рус аст. Вай солҳои тӯлонӣ баҳри беҳдошти шароити манзилиаш ариза навишта, ҳалли мусбати онро мунтазир аст. Мутахассис оид ба манзили Ҷамоати деҳоти Гули Сурх Абдусаттор Набиев дар сӯҳбат бо хабарнигори рӯзнома иброз дошт, ки дар ҳақиқат омӯзгорон бояд аз имтиёзашон бархурдор бошанд. Қарори Раиси шаҳр дар бораи ивази замини наздиҳавлигии муаллима Отамуродова ба имзо расидааст. Бино бар омода набудани баъзе ҳуҷҷатҳо ҳалли пурраи он кашол меёбад.

Дар мулоқот бо бошандагон Раиси вилоят роҳбарияти шаҳри Истаравшан ва кумитаи замини вилояту масъулини дигарро вазифадор намуд, то дар бадали як моҳ муаммои тақсимоти замини наздиҳавлигӣ дар тамоми ҷамоатҳои шаҳр ба пуррагӣ ҳал карда шавад. "Тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, - гуфт Қоҳир Расулзода, - масъалаи ҷиддии иҷтимоӣ буда, бояд шукргузор шавем, ки Сардори давлат ин иқдомро пеш гирифтанд ва ба мардуми шаҳру навоҳии вилоят ба миқдоре замин ҷудо карда шуд, ки тамоми ҳафтод соли ҳукумати шӯравӣ дастрас нашуда буд. Роҳбарияти шаҳр ва масъулини дигарро зарур аст, фаъолияташонро дар ин ҷода ҷоннок намоянд. Зеро тақсимоти замин аз рӯи қоидаву низоми муайян ва дар мӯҳлати муқарраршуда ба анҷом нарасад, норозигии мардум кам намешавад".

Аз номи сокинони панҷ ҷамоати деҳот рӯзи қабули шаҳрванд он 7 нафар аз норасоии оби полезӣ ва ошомиданӣ шикоят бурданд. Шаҳрванд Зулҳайдар Юсуфов- аз деҳаи Кунҷаки Ҷамоати деҳоти Нофароҷ аз набудани оби полезӣ аз номи аҳли маҳалла арз кард. Мамадқул Юлдошев - сокини маҳаллаи Дилшод низ набудани оби ошомиданиро дар ҷои истиқоматиаш баён кард. Бошандагони деҳаи Ниҷонӣ Қодирқул Холматов ва Мунимҷон Сангинов бошанд, омаданд, ки ба роҳбарияти вилоят барои мусоидаташон дар ҳалли таъминот бо оби полезии деҳа сипос гӯянд. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ҳам дар мавриди бо оби ошомиданӣ ва полезӣ таъмин кардани аҳолӣ дар маърӯзааш алоҳида таваққуф кард. Ҳангоми омӯзиши вазъият маълум гардид, ки бештар аз 3000 нафар аҳолии деҳаи Саксиён аз об танқисӣ мекашанд ва барои ҳалли ин муаммо аллакай иқдом кардаанд, бо усули ҳашар хатти об кашида шавад. "Агар бо 200 ҳазор сомонӣ маблағ ҳамин миқдор мардум бо об таъмин мешуда бошанд, ин масъала, ҳисоб кунед, ҳалли мусбати худро дарёфт, - гуфт Қоҳир Расулзода, - Буҷети давлатӣ чун панҷ -даҳ сол муқаддам тиҳӣ нест.

Худоро шукр мегӯем, бо дастгирии Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар се-чаҳор соли ахир, ки маъракаи қабули шаҳрвандонро оғоз кардем, барои ҳалли масъалаҳои ба миёнгузоштаи мардум аз ҳамаи сарчашмаҳо бештар аз 92 миллион сомонӣ масраф карда шуд. Бояд таъкид кард, ки ҳамаи масъалаҳои дар рӯзи қабул қайдгардида зери назорати ҷиддӣ гирифта мешавад ва барои ҳалли онҳо нақшаи чорабиниҳои вилоятиву шаҳрӣ қабул мегардад". Раиси вилоят ба аҳолӣ пешниҳод кард, ки барои ободиву сарсабзии диёр, сохтмони ин ё он иншооти ҳаётан муҳим ташаббусро ба даст гиранд. Онҳо бо усули ҳашар ягон амали хайрро оғоз кунанд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Истаравшан ҳатман дастгирӣ меёбанд.

Зикраш бамаврид аст, ки як тан соҳибкори истаравшанӣ бо масрафи бештар 50 ҳазор доллари амрикоӣ дар зодгоҳаш маркази саломатӣ бунёд карданист. Сафи чунин ташаббускорон боз ҳам афзун шуданаш мумкин. Роҳбарияти шаҳр, мақомоти дахлдори вилоятӣ, раисони ҷамоатҳо бояд барои фаъолияти чунин мардони ватандӯст мусоидат кунанд.

Чунонки дар мулоқот ҳам зикр гардид, на ҳамаи муаммоҳои мактабу маориф дар қаламрави шаҳри Истаравшан ҳал шудааст. Раиси вилоят низ таъкид кард, ки дар шаҳру ноҳия бинои 15 мактаб садамавӣ буда, барои якбора ҳал кардани ин муаммо маблағи зиёд талаб карда мешавад. Лекин дар ин бора ҳам пешравӣ эҳсос мегардад. Дар се соли ахир дар қаламрави шаҳру ноҳия барои чаҳор ҳазор ҷой синфхонаи иловагӣ ва мактабҳо бунёд карда шуданд. Боиси зикр аст, ки синфхонаҳоро барои 800 нафар сокинон бо дастгирии соҳибкорон сохтаанд. Шаҳрванд Умар Ҳасанов дар қабули шаҳрвандон масъала ба миён гузошт, ки ба сохтмони бинои мактаби таҳсилоти умумии рақами 17 мусоидат карда шавад. Ҳамон рӯз се нафар бошандагон айнан бо масъалаи сохтмон ё таъмири бинои муассисаҳои таълимӣ муроҷиат карданд. Умуман, мактабу маориф зери назорати доимии давлату ҳукумат қарор дорад.

Аммо бисёр масъалаҳое ҳастанд, ки бояд дар маҳал, дар мактабу оила, ҷамоати деҳот ҳалли худро дарёбанд. Чунонки Раиси вилоят ҳам ҳангоми мулоқот бо мардум иброз дошт, дар оғози соли таҳсили 2012-2013 дар мактабҳои шаҳру деҳот 77 нафар омӯзгор намерасид. Ҳарчанд имрӯз ин муаммо қариб ба пуррагӣ ҳал шудааст, масъалаи фарогирии шогирдон, бахусус духтарон, ба зинаи сеюми таҳсил дар шаҳру ноҳия қаноатбахш нест. "Дар Ҷамоати деҳоти Гули Сурх, - гуфт Раиси вилоят, - фарогирии толибилмон барои таҳсил дар синфҳои болоӣ ташвишовар аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" бояду шояд амал намекунад. Омода кардани мутахассисони ҷабҳаҳои мухталиф талаби замон аст ва агар волидайн нисбати фарзандонашон шароити мусоид фароҳам наоваранд, онҳоро баъди хатми синфи нӯҳум ба мактаб иҷозат надиҳанд, бачаҳо ояндаи худро чӣ хел месозанд?" Аҷоибии кор дар он аст, ки дар ҷамоатҳои шаҳр ҷалби мактабиён ба зинаи сеюми таҳсил як хел нест.

Дар як ҷамоат қариб сад дар сади бачаҳо баъди хатми синфи нӯҳум таҳсилашонро дар мактаби миёнаи худ идома медиҳанд, дар ҷамоати дигар ҳамагӣ 30 фоизи духтарону ҷавонон то синфи ёздаҳум мехонанд. Модом ки духтарон таҳсил накунанд, фарогирии онҳо ба дараҷаи сеюми таҳсил, чун ҳозира, дар дараҷаи паст бошад, таъминот бо кадрҳо солҳои наздик муаммои дандоншикан шуданаш аз эҳтимол дур нест. Чаро волидон, масъулини ҷамоатҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ин масъала ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд? Чунин вазъият дар ҳолест, ки дар аксари муассисаҳои тиббии вилоят, аз ҷумла, шаҳри Истаравшан, норасоии мутахассисони миёнаи тиббӣ эҳсос карда мешавад. Маълум, ки дар шаҳри Истаравшан омӯзишгоҳи тиббӣ фаъолият мекунад ва ҷавонон, бахусус духтарон, бояд дар он таҳсил карда, соҳиби касб шуда, ба ҷойи зисташон баргарданд. Ба ғайр аз ин замон тақозо мекунад, агар ҷавонон, бахусус духтарон нахонанд, соҳиби ягон касбу ҳунар нашаванд, дар оянда, ҳатто, дар тарбияи фарзандони хеш ба мушкилиҳо дучор мегарданд.

Дар мулоқоти Раиси вилоят гузориши раисони ҷамоатҳои деҳот шунида шуд. Вақте раиси Ҷамоати деҳоти Гули Сурх Ҳасан Қобилов маълумотномаи вазъи корҳои ҳудуди деҳотро пешниҳод кард, Қоҳир Расулзода пурсон шуд, ки чаро нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ҳамагӣ 31 фисод иҷро шудааст? Гуфтан ҷоиз аст, ки маъракаи гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳру ноҳия табъи дил нест. Аммо аҳли Ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ (раисаш Розиқ Рустамов) дар ин ҷода байрақбардор аст. Раиси вилоят гуфт, ки ҷамоат на фақат дар шаҳр, балки дар қаламрави вилоят аввалин шуда нақшаи даъвати баҳориро иҷро кард. Ба суоли Раиси вилоят посух гуфта, раиси ҷамоати деҳоти мазкур, магар аз рӯи хоксорӣ бошад, иброз дошт, ки дар ҳудуди ҷамоаташон ягон муаммои мушкил нест. Қоҳир Расулзода барои ноил шудан ба дастоварди хуб - таъмини иҷрои нақшаи даъват ба маркази саломатии ҷамоат як адад мошини "Ёрии таъҷилии тиббӣ" тақдим кард.

Раиси Ҷамоати деҳоти Нофароҷ Фирӯз Ҳакимов аз ҷумла иброз дошт, ки ба эҳтиёҷмандони деҳот замини наздиҳавлигӣ тақсим гардид ва қариб 80 фисади мардум аллакай хонаҳои истиқоматӣ бунёд карда истодаанд. Раиси вилоят дар ин ҷода фаъолияти ҷамоати деҳотро намунавӣ баҳо дода, гуфт, нафароне, ки замини наздиҳавлигӣ гирифтаанд, ҳарчӣ тезтар ба иморатсозӣ машғул шаванд. Роҳбарияти шаҳр ва мақомоти дахлдорро лозим аст, дар бораи бунёди мактаб, кӯдакистон, муассисаҳои тиббӣ, кашидани хатти барқ, кушодани роҳ, ҳалли масъалаҳои дигари инфрасохторӣ дар маҳалҳои навбунёд андеша намоянд.

Дар мулоқот чанд нафар бошандагон ба Раиси вилоят шахсан муроҷиат ва дар ҳалли масъалаҳои ҷамъиятиву хусусӣ кӯмак хостанд. Роҳбари корхонаи таълимию истеҳсолии нобиноёни шаҳр Fайбулло Муллоев аз ҷумла хоҳиш кард, ки дар шиферпӯш кардани боми корхона мусоидат карда шавад. Барои ҳалли ин масъала аз рӯи ҳисобукитоби мутахассисон 177 ҳазор сомонӣ маблағ зарур аст. Қоҳир Расулзода ба масъулин супориш дод, ки вазъияти бинои коргоҳро ҷиддӣ омӯзанд ва агар муроҷиат асос дошта бошад, дар ҳалли мусбати он мусоидат карда хоҳад шуд.

Қоҳир Расулзода дар итмоми суханронӣ гуфт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Сардори давлат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифт, ба халқ боз наздиктар равад, бо аҳолӣ ҳарчӣ бештар мулоқот орояд. Ин вохӯриҳоро як навъ ҳисоботи Раиси вилоят дар назди мардум ҳисобидан мумкин аст. Аммо раисони ҷамоатҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шӯъбаю сохторҳои онро зарур аст, ки ҳамеша байни халқ бошанд, арзу шикоят, пешниҳоду таклифи ононро шунаванд, аз рӯи имконият дар ҳалли мусбати мушкилоти мардум тадбир андешанд. Аз халқ ҳар қадар дур бошем, арзу шикояти онон ҳамон қадар меафзояд.

Марҳалаи нави қабули шаҳрвандон дар Истаравшан анҷом ёфт ва боварӣ дорем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳалли масъалаҳои ба миёнгузоштаи мардум нақшаҳои мушаххасро роҳандозӣ мекунад.

Карим ШАРИФ
Хуҷанд-Истаравшан-Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh