Ҳамаи муроҷиати шаҳрвандон баррасӣ мешавад

Чунонки хабар дода будем, 18-уми апрели соли равон тибқи супориш ва ҳидояти Сардори давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи нави қабули шаҳрвандон дар шаҳри Истаравшан тариқи "Равзанаи ягона" идома ёфт. Дар толори мактаби таҳсилоти умумии рақами 33-юми Ҷамоати деҳоти Пошкент сарварони шӯъбаю раёсатҳо, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сокинони ҷамоатҳои деҳоти Пошкент, Зар- ҳалол, Қалъаи Баланд, Ҷавкандак ва Чорбоғи шаҳри Истаравшанро қабул карданд.

Рӯзи 19-уми апрели соли равон бошад, дар хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Қирғизбой"-и Ҷамоати деҳоти Пошкент Раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти номбурда мулоқоти судманд анҷом дод. Дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони аввали мақомоти вилоятӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти двлатии шаҳр ва сох- торҳои он, намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, новобаста аз шакли моликияташон ширкат доштанд.

Бояд гуфт, ки рӯзи қабул бо усули "Равзанаи ягона" дар бинои мактаби таҳсилоти умумии рақами 33-юм 91 нафар бошандагони ҷамоатҳои номбурда бо 109 масъала ба роҳбарони шӯъбаву раёсатҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муроҷиат карданд. Боиси нагаронӣ аст, ки чун дигар минтақаҳо масъалаҳои асосие, ки мардумро ба ташвиш гузоштаасту маҷбур ҳастанд, ба мақомоти вилоятӣ шикоят баранд, тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, саҳми замин ва баҳси он мебошанд.

Сокини Ҷамоати деҳаи Қалъаи Баланд Ҷумъабой Умаров аз он шиква дорад, ки байни хоҷагиҳои деҳқонии "Қалъа" ва "Мирғафур" замини баҳснок мавҷуд буда, бо вуҷуди ба имзо расидани ҳалномаи суди шаҳри Истаравшан ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби дигар ба муросо омаданӣ ва саҳми тарафи дуюмро ҷудо карданӣ нест. Ин муаммо солҳои тӯлонӣ идома дорад. Ҳатто, муовини Раиси вилоят Аҳмадҷон Қобилов аз вазъият хабардор аст. Масоҳати замини баҳснок ҳамагӣ 6,73 гектар буда, ҳатто, пешниҳод шуда буд, онро ду тақсими баробар кунанд. Аъзои хоҷагии деҳқонии "Қалъа" ин таклифро намепазиранд. Раиси кумитаи замини вилоят Орифҷон Хоҷаев ваъда дод, ки рӯзҳои наздик комиссияи вилоятӣ ин баҳсро ҷиддӣ меомӯзад ва дар ҳалли мусбати масъала мусоидат хоҳад кард.

Гулнора Умарова модари танҳост. Вай дар деҳаи Суркати Ҷамоати деҳоти Пошкент зиндагӣ мекунад ва солҳост эҳтиёҷманди замини наздиҳавлигӣ эътироф шудааст. Аммо дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр ва комиссияи ҷамъиятии ҷамоат ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд. ӯро фақат эҳтиёҷманди замини наздиҳавлигӣ ҳисобида, дар ин бора ҳуҷҷат додаанд. Аммо аз замини наздиҳавлигӣ дараке нест. Кай ӯ ба иморатпӯшӣ оғоз мекунад, танҳо Офаридгор медонад.

Латофат Саидова бошад, соҳиби шаш фарзанд асту чаҳор нафарашон оиладоранд. Шароити зиндагӣ тақозо мекунад, ки онон як миқдор замин гирифтаву манзил бунёд карда, ҳаёти осоиштаро ба роҳ монанд. Аммо солҳо ҳал нашудани масъалаи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ҳамагонро ба ташвиш андохтааст. Шукрулло Насруллоевро масъалаи дигари баҳснок ба "Равзанаи ягона" ба қабули масъулон овардааст. Вай соли 2008-ум соҳиби Сертификати истифодаи замин шудааст. Аммо қитъае, ки ӯ "соҳиб" аст, дар кадом минтақа ҷой гирифтаасту кай замини наздиҳавлигӣ мегирад, маълум нест.

Шаҳрванд Машҳура Калонова - сокини деҳаи Қалъачаи Бакавули Ҷамоати деҳоти Ҷавкандақ бо соҳибкорӣ шуғл дорад. Мехоҳад, дар деҳааш бинои сехи дӯзандагӣ бунёд кунад. Вай ба раиси кумитаи замини вилоят муроҷиат кард, то дар ҳалли ин қазия мусоидат намояд. Масъулин аризаи ӯро баррасӣ мекунанд ва рӯзҳои наздик шароити маҳалро омӯхта, хулосаи зарурӣ мебароранд. Дар мулоқот бо шаҳрвандони ҷамоатҳои деҳоти Пошкент, Зарҳалол, Қалъаи Баланд, Ҷавкандак ва Чорбоғ Раиси вилоят Қоҳир Расулзода сабаби кашолёбии тақсимоти замини наздиҳавлигиро аз камҳавсалагӣ ва бемасъулиятии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мутахассис оид ба замини ҷамоатҳо, суст будани назорат аз ҷониби комиссияи ҷамъиятии вилоят маънидод кард.

Гуфта шуд, ки дар Ҷамоати деҳоти Пошкент аз 948 аризаи бошандагон 34-тояш рад шудааст. То имрӯз 672 нафар соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуданд. Лекин барои 176 оилаи эҳтиёҷманд солҳои тӯлонӣ ин масъала кашол меёбад. Раиси вилоят эроди ҷиддӣ гирифт, ки комиссияи ҷамъиятии шаҳр фаъол нест. Дар ҷамоатҳо рӯйхати эҳтиёҷмандон дар ҷойҳои намоён гузошта нашудааст. Дар натиҷаи шаффоф набудани рафти тақсимоти замини наздиҳавлигӣ шаҳрвандон намедонанд, ки дар навбати эҳтиёҷмандон кӣ истодаасту кай соҳиби замин мешавад. "Барои чӣ дар ин амали хайр аз васоити ахбори омма, минҷумла рӯзномаи шаҳрӣ истифода бурда намешавад? - пурсон шуд Раиси вилоят. Агар рӯйхати эҳтиёҷмандон дар нашрияи шаҳрӣ интишор мешуд, бошандагони ин ё он ҷамоат медонистанд, ки навбати тақсимоти замини наздиҳавлигиашон кай фаро мерасад…"

Бобоҷон Насриддинов аз номи аъзои Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби "Аҳмадшоҳ" ба масъулини кумитаи замини вилоят шикоят кард. Барои кандани ҷӯй ва бунёди иншоотҳои дигар ба маблағи бештар аз 656 ҳазор сомонӣ лоиҳа тартиб дода, роҳбарияти ассотсиатсия барои гирифтани сертификати истифодаи замин давуғеҷ дорад. Мутаассифона, барои иҷрои ин амал ҳам тибқи конунҳои амалкунанда қариб 16, 5 ҳазор сомонӣ талаб карда мешавад. Ҳамин маблағ дар сметаи хароҷоти татбиқи лоиҳа назардошт нашудааст. Биноан, аъзои ассотсиатсия аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кӯмак пурсид. Ҳамин тавр, шаҳрвандон Парвина Холмуродова, Абдураҳмон Мирзоев, Табаррук Шокирова ва дигарон низ доир ба тақсимоти ноадолатонаи замини наздиҳавлигӣ, баҳси замин ва саҳми он суолҳо пешниҳод карданд.

Дигар масъалаҳое зиёданд, ки мардумро ба ташвиш овардааст. Сохтмон ва таъмири биноҳои мактабу муассисаҳои томактабӣ аз ҷумлаи онҳост. Сокинони деҳаи Арғуи Ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланд Юсуф Баротов ва Муқум Асадов пешниҳод карданд, ки бинои мактаби деҳа ҳанӯз соли 1993 оғоз ёфта, бо мурури замон боздошта шудааст. Раиси Ҷамоати деҳоти Пошкент Абдурашид Миркаримов ҳангоми гузориш дар бораи вазъи ҷамоат гуфт, ки дар деҳаи Суркат бинои мактаби деҳа ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Дар ин маврид ёдовар шудан лозим аст, ки бунёди бинои дабиристонро солҳои шӯравӣ оғоз кардаанд. Раиси вилоят ба масъулин супориш дод, ки ҳолати бинои нотамомро омӯзанд, вале раиси ҷамоатро эроди ҷиддӣ гирифт, чаро ташаббус нишон намедиҳанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки касе иқдом кунад, ҳатман дастгирӣ хоҳад ёфт. Дар деҳаи Яккабоғ бо дастгирии соҳибкорзан Савринисо Олимова бунгоҳи тиббӣ, дорухона ва майдончаи варзишӣ сохта мешаванд. Мақомоти маҳаллиро зарур аст, ки соҳибкорро дастгирӣ намояд ва аҳолӣ барои тезтар ва бо сифати баланд буд шудани иншоотҳо ҳаттал-имкон кӯмак расонад.

Ҷоизадори мусобиқаи Осиё оид ба гӯштини тарзи римӣ Муродҷон Тӯйчиев дар маъракаи қабул бо усули "Равзанаи ягона" гуфт, ки дар деҳаи Яккабоғ бо маблағгузории аҳли оилаи онҳо толори варзиш бунёд шуда буд. Бо маблағгузории ҷавонони деҳаи Гули Зард, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, имсол сохтмони майдони футболро оғоз карданд. Ҷавонмардони деҳаи Суркат ҳам қафо монданӣ нестанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ маблағгузорӣ карданду бо масрафи 21000 сомонӣ синфхонаҳои мактаби таҳсилоти умумии № 43 тахтафарш карда шуданд.

Шаҳрванд Наргис Ёқубова - сокини маҳаллаи Кешбофи шаҳраки Курушкада ба тақозои тақдир дар ҳавлии падараш зиндагӣ мекунад. Вай ҳарчанд соҳиби ду фарзанд аст, мехоҳад, соҳиби ягон касби замонавӣ шавад. Пешниҳод кард, ки дар Маркази таълимии шаҳри Истаравшан нозукиҳои компутерро омӯзад. Сардори Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилоят Рустамҷон Fиёсов ба роҳбари бахши шаҳрии агентӣ супориш дод, ки Наргис Ёқубоваро ба рӯйхати шунавандагони курси омӯзиши компутерӣ ворид намояд . Ҳатто, тавсия дод, ки давоми моҳҳои таҳсил ба ӯ идрорпулӣ муқаррар карда шавад. Умеда Искандарова - сокини деҳаи Боғи Калони Ҷамоати деҳоти Гули Сурх ҳам мехоҳад, дар курси кӯтоҳмуддат компутерро омӯзад.

Ҳангоми мулоқот ба Раиси вилоят шаҳрванд Гулбаҳор Мустафоқулова шахсан муроҷиат кард. Аввалан, гуфт, ки соле қабл вай бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Истаравшан дохил шуд, ки барои ин сипосгузор аст. Дар бахши омории беморхонаи ноҳиявӣ кор мекунад. Мутаассифона, шароити зиндагиаш чандон хуб нест. Зеро се фарзанд дораду дар манзили истиқоматии иҷоравӣ ҳаёт ба сар мебарад. "Агар дар чунин шароит ва синну сол таҳсилро идома дода истода бошед, қанд занед, - гуфт Қоҳир Расулзода - нафаре, ки новобаста ба синну сол илм меомӯзад, ҳунар ёд мегирад, мо ҳамеша дастгирӣ мекунем". Ва ба роҳбарияти шаҳри Истаравшан, шӯъбаҳои дахлдори сохтор-ҳои вилоятӣ дастур дод, ки ҷавонзанро ҳаматарафа кӯмак расонанд ва барои кору таҳсилаш шароити мусоид фароҳам оваранд.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қарзи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст. Аммо дар шаҳру ноҳияи Истаравшан қариб ҳар сол Фармони Сардори давлат дар бораи ба сафи Артиши миллӣ роҳӣ кардани ҷавонон бо душворӣ иҷро мешавад. Сабаби асосии сари вақт таъмин нашудани нақшаи даъватро Раиси вилоят аз фаъолияти нокифояи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳо, масъулини кумитаи маҳаллаҳо, ташкили ғайриқаноатбахши машғулиятҳои фанни дифоъи ҳарбӣ дар макотиби таҳсилоти умумӣ, дарки масъулияти волидон маънидод кард. Ҳарчанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" дар кишвар чанд сол инҷониб амал мекунад, на ҳама калонсолон эҳсос кардаанд, ки онро иҷро кардан зарур аст.

Дар санаи 18-уми апрел Ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ нақшаи даъвати ҷавононро таъмин карда, аз Раиси вилоят қадр карда шуда бошад, дар Ҷамоати деҳоти Пошкент акси ин ҳолат рух дод. Дар ин ҷамоат ҳамагӣ 26,7 фоизи нақшаи даъват таъмин шудаасту халос. Маълум, ки роҳбарияти ҷамоат, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолон байни аҳолӣ корҳои тарғиботу ташвиқотро вусъат намебахшанд. Ҷамоати деҳоти Зарҳалол (раисаш Обидҷон Умаров) ҳам дар ин ҷода пешсаф нест. Иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон то рӯзи мулоқот ҳамагӣ 51 фисад таъмин шудааст. Ҳол он ки бо супориши Сардори давлат нақшаи даъвати баҳорона бояд то 1-уми майи соли равон иҷро карда шавад. Назар ба иттилои раиси Ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланд Хуршед Аҳмадов, дар қаламрави ҷамоат бештар аз 8800 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Аммо дар роҳӣ кардани ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ҷамоат аз поён мавқеи аввалро ишғол мекунад.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода гуфт, ки дар қатори дигар масъ-алаҳои муҳим таъмини иҷрои Фармони Президенти кишвар дар бораи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи асосии роҳбарияти шаҳр ва ҷамоати деҳот бояд бошад. Дар мулоқот зани оташқалб, сокини деҳаи Арғу Луқмоной Насриддинова ҳозиринро даъват намуд, ки фарзандашонро ба хизмати ҳарбӣ фиристонанд. "Чаҳор писарам қарзи фарзандиашро дар назди Ватан - Модар иҷро карда омад. Се рӯз пеш писари охиринамро гуселонидам, - гуфт вай. - Ба замони орому осоишта шукргузорӣ карда, мову шумо бояд дар таъмини иҷрои фармони Сардори давлат саҳмгузор бошем… "

Дар мулоқот бо бошандагони ҷамоатҳои деҳоти Пошкент, Зарҳалол, Қалъаи Баланд, Ҷавкандак ва Чорбоғ, ки қариб 1500 нафар ҳузур доштанд, Раиси вилоят соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳру ноҳияи Истаравшанро таҳлил намуда, дар қатори дастовардҳои зиёд камбудию нуқсонҳои зиёдро ошкор кард. Барои муайян кардани мавқеи шаҳрдорон ва муаммоҳои бошандагони шаҳру ноҳияи Истаравшан қабл аз вохӯрии кунунӣ омӯзиши афкори умум гузаронида шуд. Раиси вилоят таъкид намуд, ки бештар аз 1400 нафар пурсида шуданд ва муқаррар гардид, ки муаммоҳои асосии аҳолӣ дар ҷамоатҳо таъмирталаб будани роҳҳои маҳаллӣ, танқисии оби ошомиданӣ ва полезӣ, дар сатҳи паст қарор доштани сифати корҳои таълиму тарбия ва фарогирии хонандагон ба зинаи сеюми таҳсил, норасоии мутахассисони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, забонҳои хориҷиву русӣ дар мактабҳои ноҳия буда, дар баъзе Ҷамоатҳо мардум аз фаъолияти депутатҳояшон норизогӣ баён карданд. Масалан, дар ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланд аз 120 нафари пурсидашудагон 68 нафар ё 57 фисад, ҳатто, ному насаби вакилонашонро дар ҷамоати деҳот намедонанд. Сокинони Ҷамоати деҳоти Ҷавкандақ бошанд, аз набудани нуқтаи доруфурӯшӣ, мағоза, дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бунгоҳи тиббии деҳаи Қалъачаи Бакавул, тақсимоти ноадолатонаи заминҳои кишоварзӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Муроҷиати шаҳрвандон ва муносибати роҳбарони зинаҳои гуногун нисбати ариза, шикоят ва пешниҳоди аҳолӣ яке аз масъ-алаҳои мубрами рӯз буда, Раиси вилоят изҳори қаноатмандӣ кард, ки назар ба солҳои қаблӣ ба роҳбарони шӯъбаю раёсатҳои вилоятӣ миқдори ками мардум шикоят пеш оварданд. Маълум аст, ки дар ҷамоат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шӯъбаю сохторҳои он бештару беҳтар бо аҳолӣ кор кардаанд. Вале на дар ҳар ҷамоат чунин гузориши корро мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, таҳлилҳо собит намуданд, ки ба роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланд дар се моҳи соли равон 17 нафар муроҷиат кардаанд. Мутаассифона, 47 фисади он (8 адад) то ҳол ҳалношуда боқӣ мондааст. Ба ғайр аз ин, пурсидашудагон иброз доштанд, ки роҳбарони ҷамоатҳо ва вакилон аз мардум дуранд, муроҷиати шаҳрвандон на ҳама вақт мусбат баррасӣ мегардад.

Ҷудо кардани замин барои сохтмони мактаб ва коргоҳҳои хурд, таъминот бо оби полезӣ ва ошомиданӣ, кам будани ҳаҷми нафақа, таъмир ва сохтмони бинои мактаб, муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, таъминот бо ҷои корӣ, расондани кӯмаки моддӣ, рушду нумӯи варзиш, таъмири роҳҳои маҳаллӣ - рӯйхати нопурраи масъалаҳое ҳастанд, ки бошандагони ҷамоатҳо ба роҳбарияти мақомоти дахлдори вилоят муроҷиат карданд.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода роҳбарияти шӯъбаву сохторҳои вилоятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшанро водор намуд, ки барои ҳалли масъалаҳое, ки дар муроҷиати шаҳрвандон ифода ёфтааст, парвандаи назоратӣ тартиб дода, ҳалли масъалаҳоро зери назорат гиранд. Қоҳир Расулзода, ҳамчунин, барои дарёфти роҳи ҳалли муаммоҳои аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Карим ШАРИФ
Хуҷанд-Истаравшан-Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh