Мубориза бар муқобили ифротгароӣ - омили субот дар кишвар!
- Details
- Published on Thursday, 16 January 2025 08:36
Ҷаҳон аз рух додани ҳодисаҳои террористӣ имрӯз худро дар канор ҳис намекунад. Бетараф будан ё нодида гирифтан нисбат ба ингуна ҳодисаҳо метавонад дар оянда ба оқибатҳои нохуб оварда расонад, ҳаёти орому осоиштаи мардуми сайёраро новобаста аз қитъаю минтақа куллан зери хатар гузорад.
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони пурзӯр намудани муборизаи беамон алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар саросари ҷаҳон, бахусус дар минтақаи Осиё мебошад.
Мақомоти корҳои дохилӣ яке аз субъектони пешбари муборизабаранда бар зидди ин зуҳуроти номатлуб фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар таъмини тартибот, ҳифзи моликият ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши назаррас дорад.
Ба ғайр аз дар доираи чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ошкор намудани ҳаракатҳои ғаразолуди баъзе аз афроди гумроҳзада, яке аз усулҳои натиҷабахш дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд пурзӯр кардани корҳои тарғиботӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии ҷавонон вобаста ба хавфу хатари экстремизму терроризм аст, ки ҳамин усули корбарӣ имкон медиҳад, шаҳрвандон огоҳии бештар пайдо намоянд.
Ҷавонони гурӯҳи «Авангард» аз қишри фаъоли ҷомеа ҳастанд, ки ҳамсолони худро ба роҳи илмомӯзӣ, тарзи ҳаёти солим ва мудофиа аз арзишҳои милливу худшиносӣ талқин ва то андозае дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу равияҳои хусусияти экстремистӣ - террористидошта саҳм мегиранд.
Дар ин марҳала ба мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд муяссар шуд, ки дар замири афроди гумроҳзада дарки хатогӣ ва интихоби роҳи дуруст дар зиндагиро бедор ва онҳоро ба оянда хушбин намояд. Барои ба ҳаёти осоишта баргардонидани ҷавонони гумроҳзада, пайравони равияҳои хусусияти ифротидошта мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо истифода аз ҳамингуна усулҳои сабукидиҳанда натиҷаҳои назаррасро ба даст овардааст, ки метавон ин тадбирро роҳи пешгирӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон унвон кард.
Бо роҳи гузаронидани суҳбату вохӯриҳои боварибахш бо падару модарон ва наздикони аъзои иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва равияҳои динии хусусияти экстремистидошта якчанд афроди бо ҳамин ҷурм гумонбар бо изҳори пушаймонӣ аз дохил ва хориҷи кишвар ба Ватан баргашта, ихтиёран ба ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҳозир шуда, бо ариза муроҷиат намуданд.
Ҳамаи ихтиёриёни ҳозиршуда бо татбиқи моддаҳои 72 ва 84, эъзоҳи моддаҳои 307 иловаҳои 1, 2 ва 3, 401 ил. 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуданд.
Давоми соли 2020 бошад, ҳамин усули корбарӣ идома ёфта истодааст.
Чунончӣ, кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ашт ҷустуҷӯшаванда шаҳрванд Аббосов Насрулло Абдуллоевич, соли таваллудаш 1970, сокини деҳаи Сарои ҷамоати деҳоти Понғози ҳамин ноҳияро, ки дар асоси моддаи 307 иловаи 3 КҶ барои пайравӣ ба равияи динӣ - экстремистии “Салафия нисбаташ моҳи майи соли 2017 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, расман дар кофтуков қарор дошт, ба Ватан баргардониданд. Давоми ду соли охир бо мақсади ҷалб нагардидан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ гумонбаршуда Н.Аббосов ба муҳоҷират рӯй оварда буд. Падари ӯ тавсия ва даъвати кормандони милитсияро пазируфта, фарзандашро аз мулки ғарибӣ баргардонид.
Ба ҳамин монанд, дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба кормандони ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муяссар шуд, ки ҷустуҷӯшаванда Дадоҷони Муҳаммад, сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияро, ки давоми соли 2016 ҷинояти дар моддаи 307 иловаи 3 КҶ фаъолият дар ташкилоти экстремистӣ содир намуда, дар хориҷа паноҳ мебурд, ба Ватан баргардонанд.
Мусаллам аст, ки амалҳои террористӣ пеш аз ҳама ҳаёти орому осоиштаи моро халалдор месозад. Амалҳои террористии дар ин ё он гӯшаи олам содиршуда ҳушдорамон медиҳад, ки нисбат ба ин тамоюл бетараф набошем, ба душманони миллат, ба фурӯхташудагони ғояҳои ифротгароӣ муқовимат намоем, то ин ки давлатамон осоишта бошад ва мардумаш зиндагии арзандаро пеш баранд.
Бахтиёр МАМАДОВ,
сардори шуъбачаи ШКҶ
Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, майори милитсия