Худшиносии миллӣ ва ватанпарастиро омӯзем

Чанд рӯз қабл тавассути оинаи нилгун Паёми навбатии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо карда, бори дигар ҳисси ватанпарварию адолатпешагии Сардори давлатамон, хирадмандию таҳаммулпазирии он касро дарк намудам.

Дар оғози Паёми хеш Роҳбари давлат аз дастовардҳои соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт ёдовар шуда, дар баробари он нисбати муаммоҳои мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо ақидаҳои хешро иброз доштанд.

Дар ҳақиқат, ҳар як инсони боимон ва беғараз бояд ифтихор намояд, ки дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти имрӯзаи мо, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар дигаргуниҳои куллӣ бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳҳои рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст.

Нодида гирифтани амалишавии ҳадафҳои асосии стратегии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зина ба зина ҳал гардидани дигар мушкилоти мавҷудаи сокинони мамлакат ва рӯз аз рӯз ободу зебо гардидани минтақаҳои гуногуни давлати тоҷиконро танҳо душманони дохилию хориҷии кишвари мо ба худ раво диданашон мумкин аст. Ҳамчун шоҳиди бевоситаи воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта суханони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро бобати он ки дар он солҳои барои мардуми тоҷик даҳшатбор хатари аз байн рафтани давлат вуҷуд дошту имкониятҳои молиявии мамлакат хеле ночиз буданд, пурра тасдиқ менамоям.

Танҳо тавассути сиёсати оқилонаи пешгирифтаи Роҳбари тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи тақдирсози ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии мамлакат интихоб гардида буд ва хиради азалии мардуми тоҷик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои ороми сиёсӣ барқарор гардида, пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ, ки он низ чуноне Президент борҳо таъкид намуданд, таҳмилӣ буд, гирифта шуд.

Шукрона аз он бояд кунем, ки имрӯз давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ҷиҳати рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат менамояд.

Хурсандиовар он аст, ки дар Паёми имсолаи Президенти кишвар низ давом додани ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, аз ҷумла, аз 1 сентябри соли равон аз 20 то 30 фоиз зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ дар назар дошта шудааст. Мунтазам зиёдшавии музди меҳнат ва дигар хароҷотҳои буҷети давлатӣ, алалхусус ба соҳаҳои иҷтимоӣ, далели раванди иҷтимоӣ доштани сиёсати давлату ҳукумат буда, аз рушди бонизоми иқтисодиёти мамлакат шаҳодат медиҳад.

Дар ҳақиқат, солҳои охир роҳбарияти ҷумҳурӣ ба масъалаи самаранок истифодабарии потенсиалҳои истеҳ-солӣ, таъсис додани корхонаҳои хурду бузург, дастгирии рушди соҳибкорӣ дар мамлакат эътибори ҷиддӣ дода истодаанд, ки доир ба онҳо дар таҳлилҳои ниҳоят дақиқи дар Паёми Президент зикргардида хеле муфассал баён карда шудааст.

Аз ҷумла, чуноне ки Президенти кишвар таъкид доштанд, ҳангоми таҳияи Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии молиявии рушди бонизоми соҳибкорӣ эътибори махсус дода шуда, барои ин тадбирҳо додани 240 имтиёзҳои андозӣ муқаррар гардидааст, ки коҳишёбии даромадҳои буҷети давлатӣ аз ин ҳисоб дар соли равон 3,6 млрд сомониро ташкил диҳад ҳам, он баҳри бунёд намудани заминаҳои устувори молиявии буҷети давлатӣ дар оянда мусоидат хоҳад намуд.

Дар Паём хеле бамаврид қайд гардид, ки баъзе моддаҳои Кодекси нави андоз низ такмил доданро тақозо дорад. Аз ҷумла, дар муқаррароти тартиби фаъолият бо соҳибкории хурд дар асоси патент хуб мебуд, сартарошони дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст фаъолият дошта ва баъзе дигар соҳибкорони даромадашон на он қадар зиёдбуда муваққатан илова карда шаванд, зеро гузариши онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси Шаҳодатнома дар ҳолате, ки нархи хизматрасониашон нисбатан паст аст, алҳол боиси баъзе мушкилиҳо шуда истодааст.

Роҳбари давлат дар Паёми имсолаи хеш ба масъалаи такмил додани сиёсати буҷету андоз баҳри рушди минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ, таҳия ва тасдиқи барномаҳои дигаргун-созиҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои мамлакат эътибори махсус дода, дастур доданд, ки ваколат ва масъулияти мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ин самтҳо зиёд карда шавад ва амалигардонии чунин тадбирҳо хеле самарабахш хоҳад буд.

Дар ҳақиқат, ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ ва ободонии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, баррасии арзу дархостҳои шаҳрвандон бевосита аз фаъолияти кормандони мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобас-тагӣ дорад, аз ин лиҳоз, хуб мебуд, агар қонунгузориҳои дар ин самтҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ такмил дода шуда, ҳуқуқҳои идоракунии молиявию буҷетии ин мақомотҳо васеътар гардонида шавад.

Дар баробари ин, дар тамоми сатҳҳои ҳокимият, алалхусус дар раванди таҳия ва тасдиқи буҷетҳои давлатию маҳаллӣ ҳарчӣ бештар таклифу пешниҳодҳои мушаххаси шаҳрвандон ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ ба инобат гирифта шавад, ки он ба шаффофияти буҷет ва самаранок истифодабарии захираҳои молиявии он мусоидат намуда, ҷиҳати ҳарчӣ тезтар фаъол гардонидани рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мамлакат манфиатнок мебошад.

Дастурҳои Сардори давлат нисбати пурзӯр намудани назорат оиди истифодаи мақсадноки захираҳои молиявӣ, алалхусус грантҳо ва дигар кӯмакҳои молиявии ташкилотҳои байналхалқӣ, ҷилавгирӣ намудан аз тамоми зуҳуроти коррупсионӣ дар ҷомеа, таъмини иҷрои талаботи қонунҳои амалкунанда дар ҳамаи сатҳҳо ва аз тарафи кулли сокинони кишвар, пешгирӣ намудани таъсири манфии бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти мамлакат хеле саривақтӣ ва муҳим мебошанд.

Давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамон вақт шоистаи обрӯю нуфузи баланд мегардад, ки иқтисодиёти рушдкардаистода ва захираҳои моддию зеҳнии ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯро дошта бошад. Беҳуда нест, ки Сарвари давлати мо ҳамеша ба масъалаҳои худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҳар фарди ҷомеа, тарбияи кадрҳои бомасъулияту лаёқатнок эътибори махсус доданро таъкид менамоянд, зеро равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳар яки моро ба имтиҳонҳои ҷиддии ҳаёт рӯ ба рӯ карданаш мумкин аст.

Дар ҳолате ки мардуми мо аз раванди корҳои ободонию созандагии дар кишвар амалишудаистода бештар воқиф мегарданд, сиёсати пешгирифтаи дохилию хориҷии давлату ҳукуматро дуруст дарк мекунанд, ба ҳодисаҳои дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ба вуқӯъомадаистода дурандешона баҳо медиҳанд ва баҳри рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ватани хеш бевосита саҳмгузор мешаванд, оромии комили сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар таъмин хоҳад гардид.

Вагарна, чуноне ки дар Паёми Президент ба тариқи ошкоро зикр гардид, хоҷагони хориҷии баъзе ашхоси мансабталош ё худ дигар гурӯҳҳои ғаразнок ҳаракат мекунанд, дар манотиқи давлати мо боз нооромиҳоро ба амал оранд, вале онҳо бояд дарк кунанд, ки мардуми оддии кишвар тарафдори сулҳу оромӣ буда, хоҳони зиндагии осудаҳолона мебошанд.

Ҷиҳати фарқкунандаи Паёми имсолаи Президент боз дар он буд, ки Сардори давлат бори дигар таваҷҷӯҳи сокинони ҷумҳуриро ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, роҳ надодан ба тамоми зуҳуроти зиёдаравиҳо ва исрофкориҳо ҳангоми гузаронидани тӯю маросимҳо ҷалб намуда, ба кулли мардуми кишвар тавсия доданд, ки ба ҷои хароҷотҳои бесамар ба беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии оилаи худ, тарбияи фарзандон, бунёд намудани хонаҳои истиқоматии замонавию харидории асбобу анҷоми зарурии рӯзғор эътибор диҳанд.

Ин насиҳатҳои падарона ва дурбинонаи Сарвари давлат ба куллан беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст, аз ин лиҳоз ҳамаи моро зарур аст, ки ҳарчи зудтар аз паси амалигардонии он шавем.

Дар маҷмӯъ, Паёми имсолаи Президенти мамлакат ҳар як сокини кишварро ҳушдор медиҳад, ки худшиносии миллӣ ва ватанпарастиро шиори доимии хеш қарор дода, баҳри ободию устувории давлати соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузоранд ва нагузорем, ки ягон қувваи носолиму ғаразнок теша ба решаи пойдории ваҳдати миллию рушди иқтисодии давлати мо занад.

Карамулло ОДИЛОВ,
сардори раёсати молияи ноҳияи Спитамен, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии молияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh