Паём раҳнамои мост

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти роҳбарии Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ҷаласаи корӣ барпо гардид. Дар бораи вазифаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шўъбаю сохтор ва раёсатҳои он дар асоси Паёми Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки Паёми Сардори давлат ба мардуми кишвар барои солҳои минбаъда чун раҳнамо бошад.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар ин бора сухан карда, зикр намуд, ки Паёми Сардори давлат нисбат ба паёмҳои солҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар он Президенти ҷумҳурӣ дар бораи фаъолияташон дар ҳафт соли ахир ҳисобот дода, дар хусуси нақшаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои то соли 2020-ум муайян карда шуданд. Дар ин давра Тоҷикистон ба шабакаи ягонаи энергетикӣ соҳиб гардида, бо пешниҳоди Сардори давлати тоҷикон иди Наврўз сатҳи байналмилалӣ гирифт. Пешвои қарни ХХI эътироф гардидани Эмомалӣ Раҳмон аз рўйдодҳои муҳими солҳои ахир маҳсуб мешавад. Гуфта шуд, ки ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо баҳри расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин қадами устуворӣ мебошад.

- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, - гуфт Раиси вилоят, - вазифаҳои минбаъдаи Тоҷикистонро муқаррар намуд ва яке аз онҳо паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ мебошад. Аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани ҷумҳурӣ масъалаи доғи рўз аст. Соли рафта мавриди истифода қарор ёфтани нақби «Шаҳристон» воқеаи фараҳбахш буд. Бо вуҷуди ин дар бобати таъмиру тармими роҳҳои автомобилгард, минҷумла, роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта, нақшаҳои зиёд бояд амалӣ карда шаванд. Вусъат бахшидан ба азнавсозии роҳи Айнӣ - Панҷакент яке аз масъалаҳои асосӣ маҳсуб мешавад.

Қоҳир Расулзода дар бораи вазифаи сарпарастон ва роҳбарони шўъбаю сохтор ва раёсату ташкилотҳои вилоятӣ дар бобати вусъати соҳаи иқтисодиёт, инкишофи бахши хусусӣ, таъминот бо ҷойи кор, пардохти саривақтии маошу нафақа таваққуф намуд.

Тазаккур бояд дод, ки дар асоси Паёми имсолаи Сардори давлат аз моҳи сентябри соли равон баланд бардоштани маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ ва нафақа дар назар аст. Раиси вилоят масъулинро вазифадор намуд, ки ба кор андохтани корхонаҳои хурду миёна, ки дар қаламрави вилоят назардошт шудааст, ҳатман иҷро гардад. Зеро, аз рўи ҳисобукитоби пешакӣ барои пардохти маоши кормандони буҷавӣ бо назардошти афзуншавӣ бештар аз 15 миллион сомонии иловагӣ зарур мешавад. Дар ин ҷода роҳбарияти Раёсати андози вилоят ва нозироти андози шаҳру навоҳӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд. Чора бояд андешид, ки бақияи қарзи андоз ҳатталимкон кам карда шавад. Яке аз сабабҳои иҷро нагардидани нақшаи қисми даромади баъзе намудҳои андозро Раиси вилоят аз баланд будани сатҳи иқтисодии пинҳонӣ маънидод кард.

Гуфта шуд, ки чӣ хел коргоҳи хусусӣ бар зарари худ фаъолият мекунад. Чунин тарзи корбариро танҳо гурехтан аз андозсупорӣ ҳисобидан мумкин аст. Соли рафта буҷети вилоят бештар аз 36 фисад боло рафт. Ин рақам аз он гувоҳӣ медиҳад, ки агар ҳама роҳбарони ташкилоту муассисаҳо вазифа-ашонро бечунучаро иҷро кунанд, нақшаи қисми даромади буҷет таъмин мегардаду ҳалли муаммоҳои мардум осон мешавад. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» на ҳамаи коргоҳҳо фаъолият мекунанд. Қоҳир Расулзода роҳбарияти МОИ-ро вазифадор намуд, ки баҳри ба кор даровардани корхонаҳо тадбир андешад ва онҳо бояд дар ғанӣ гардонидани буҷет саҳмгузор бошанд.

Раиси вилоят диққати ҳозиринро ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, сармоягузорӣ, муаммоҳои соҳаи энергетика, касбомўзии калонсолон ва ғайра нигаронид. «Дар соҳаи кишоварзӣ зарур аст, - гуфт Раиси вилоят, - ба холӣ намондани ягон ваҷаб замин, аз ҳар қитъа бардоштани камаш ду ҳосил, вусъати зотпарварӣ, ҳарчӣ бештар ба даст овардани меваи хушк ва коркарду содир намудани он тадбирҳои мушаххас андешида шаванд». Дар бобати коркарди мева сухан ронда, Қоҳир Расулзода супориши Сардори давлатро дар бораи аз ғўраи зардолу тайёр кардани консерва таъкид кард.

Назар ба иттилои мутахассисон, ин намуди консерва ба касалии диабети қанд манфиатовар буда, дар хориҷи кишвар ҳам харидори зиёд дорад. Чандест, ки дар қаламрави вилоят коркарди пўст ба роҳ монда шудааст. Аммо фабрикаи пойафзолдўзӣ бояду шояд фаъолият намекунад. Он ҳамагӣ 2000 ҷуфт пойафзол дўхтааст, ки қобили қабул нест. Роҳбарияти коргоҳ бояд барои ворид кардани технологияи навтарин ва аз маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ дўхтани пойафзолро ба роҳ монад.

- Бо ҳидояти Сардори давлат, - гуфт Раиси вилоят, - гузаштан ба сарулибоси ягонаи мактабӣ дар маркази диққат қарор гирад. Назар ба гуфти масъулин агар сарулибос аз матои истеҳсоли маҳаллӣ дар коргоҳҳои дохилӣ дўхта шаванд, ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам арзиш беҳтар аст. Дар қаламрави вилоят бештар аз 485 ҳазор нафар толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва гимназияю литсейҳо ҳастанд. Баробари таъминоти мактаббачаҳо бо либоси шинаму зебо садҳо ҷойи кор ташкил кардан мумкин аст. Раиси вилоят дар ин ҷода аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳи дастгирӣ кардани оилаҳои камбизоатро таъкид кард. Идораи телевизион ва радиои вилоят, роҳбарони нашрияҳои вилоятӣ супориш гирифтанд, ки мақсаду ҳадафҳои гузариш ба сарулибоси ягонаи мактабиро ба аҳолӣ фаҳмонанд.

Бо супоришу ҳидоятҳои Сардори давлат, ки дар Паёми имсола зикр шудаанд, ҳамчунин дар асоси вазифагузорҳои ишон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони шўъбаю сохторҳои онро зарур аст, ки дар таъмини иҷрои Барномаҳои давлатӣ, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳмгузор бошанд. Раиси вилоят таваҷҷўҳи ҳозиринро ба маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ нигаронд. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии

Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва расму оинҳои мардумӣ» ва «Дар бораи забони давлатӣ» қаноатбахш нест. Раиси вилоят таваҷҷўҳи ҳозиринро ба вусъати омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти кишвар нигаронида, масъулинро вазифадор кард, ки корҳои тарғиботу ташвиқотро беш аз пеш ба роҳ монанд. Дар ин бобат васоити ахбори омма, бахусус, идораи телевизион ва радиои вилоят, рўзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда» ва «Суғд ҳақиқати» фаъолтар бошанд.

Хабарнигори «ҲС»

Add comment


Security code
Refresh