Ҳалли масъалаи баҳсталаб

Рўзи шанбе, 4 май дар осоишгоҳи «Зумрадшоҳ»-и шаҳри Исфара музокироти ҳайъатҳои вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон сурат гирифт. Ҳайъати Тоҷикистонро Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва ҷониби Қирғизистонро намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Ҷениш Раззоқов сарварҷ намуданд.

Ҳамчунин дар музокироти дутарафа раҳбарони мақомоти интизомии сатҳи вилоятӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллии шаҳри Исфара ва ноҳияи Ботканд иштирок доштанд. Муноқишае, ки дар санаи 27 апрели соли ҷорӣ миёни тоҷикону қирғизҳо дар паи сохтмони роҳ дар минтақаи баҳсталаб аз ҷониби қирғизҳо дар Ҷамоати деҳоти Ворух рух дода буд ва дарёфти роҳи ҳалли ин масъала аз мавзўи асосии гуфтушуниди тарафҳо қарор дода шуд.

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода вохўриро ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон аз муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ бархурдоранд ва ҳамаи масъалаҳои баҳсталаб танҳо дар заминаи қарордодҳои давлатии ба тасвибрасидаи ҳарду ҷониб ҳал карда мешаванд.

«Моро лозим аст, аз такрори чунин ҳодисаҳо пешгирӣ намоем. Аз ин сабаб муноқишаи марзӣ мавзўи асосии мулоқоти мо хоҳад буд», - таъкид дошт Қоҳир Расулзода.

Намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Ҷениш Раззоқов низ дар суханронии худ муносибати дўстонаи тўли қарнҳо вуҷуддоштаи тоҷикону қирғизҳоро қайд карда, зикр намуд, ки ҳамаи масъалаҳо дар доираи қонун ва музокираи тарафҳо ҳалли худро хоҳанд ёфт.

Ҳамчунин роҳбарони сохторҳои интизомии ҷонибҳо дар бораи корҳои анҷомёфта дар бобати омўзиши сабаб ва ҳолатҳои рух додани низоъ ахбороти муфассал манзур намуда, дар бораи ташкили гурўҳи махсус, ки назорати минтақаҳои ҳаммарзро ба ўҳда хоҳад гирифт, ба мувофиқа расиданд.

Дар анҷоми мулоқот Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷениш Раззоқов оид ба таъмини амнияти сокинони наздимарзӣ созишномаро ба имзо расонданд.

Ҷонибҳо қайд намуданд, ки созишномаи мазкур дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расида, амнияти сокинони наздисарҳадиро таъмин месозад. Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон тўли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту халос. Ин ду кишвар муносиботи хуби ҳамсоягӣ доранд ва вуруди бевизаи сокинони ҳар ду кишвар побарҷо аст.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh