Ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромӯш намешавад

Имрӯз дар хиёбони назди муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ воқеъ дар мавзеи Панxшанбеи маркази вилоят бо иштироки Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба ифтихори солгарди 68-уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маросими тантанавии гулчанбаргузорӣ ва гузашти расмии низомӣ баргузор гардид.

 

Ба ин муносибат дар майдон роҳбарияти маrомоти иxроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, собиқадорони ҷангу меҳнат, xанговарони байналмилал, иштирокчиёни барrарорсозии сохти конститутсионӣ дар кишвар ва бартарафкунии фалокати Нерӯгоҳи атомии Чернобил, аҳли ҷамоатчигии шаҳру вилоят ҳузур доштанд. Ҳамчунин дар майдон афсарону аскарони ҷузъу томҳои низомии гарнизони вилояти Суғд ба таври идона саф ороста буданд.

Нахуст Раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо маrсади гиромидошти қурбониёни xанг дар пояи муҷассамаи шаҳидони Xанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 гулчанбар гузошта, хотираи онҳоро пос дошт.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар суханронии табрикотии хеш ҳозирин ва кулли сокинони вилоятро ба муносибати 68-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик намуда, изҳор дошт, ки намояндагони миллати шарафманди тоҷик низ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ корномаҳои барҷастаи қаҳрамониву мардонагӣ нишон дода, собит намуданд, ки онҳо воқеан меросбарони Рустами Достон, Спитамену Муқаннаъ, Маҳмуди Торобиву Темурмалик, Восеъву Ҷӯра Зокиров ҳастанд ва барои дифоъ аз хоку оби диёри азизи хеш омодаи ҳама гуна ҷонсупориҳо ва корномаҳои диловарона мебошанд.

«Тайи чанд соли охир аз худ корномаҳои ҷовидона нишон додани чандин нафар сарбозони тоҷик, аз ҷумла чандин нафар фидоиёни роҳи осоиштагӣ ва таҳкими сулҳу субот дар воқеаҳои соли 2012 дар шаҳри Хоруғ, қаҳрамонии фарзандони диловари вилоят дар дифоъи марзи Ватан аз убури қочоқбарони афғон ва монанди ин маҳз маҳсули ҳамин илҳомбахшии корномаҳои падару бобоёни мо дар айёми ҷанг ва садоқат ба ормонҳои олии ватандорӣ ба шумор меравад», – таъкид намуд Раиси вилоят Қоҳир Расулзода.

Сипас низомиёни қисми ҳарбии гарнизони Суғд саф ороста, бо қадамзании мутантан эҳтироми худро нисбати қаҳрамониҳои ҷанговарони шуҷоъ нишон доданд.

Ҳамзамон ҷомеаҳои меҳнатии ташкилоту муассисаҳои вилоятиву шаҳрӣ, омӯзгорону толибилмони макотиби оливу миёнаи касбӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва дигарон ба пояи муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг гулҳои тару тоза гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 300 ҳазор нафар ҷанговарони тоҷикистонӣ иштирок намуда, 60 ҳазор нафари онҳо аз фронт барнагаштаанд. Дар rаламрави собиқ Иттифоқи Шӯравӣ бошад, 27 миллион нафар шаҳрвандон ҷонашонро баҳри озодию осоиштагии мамлакат нисор карда буданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh