Сиёсат «муҳаббат»-и ҳоҷӣ Акбарро ба дин афзудааст

Пас аз нашри мақолаи «Тоҷикистон пири тариқат дорад?» (8 феврали соли 2013) дар сомонаи Радиои Озодӣ, ки дар он аз ҳастии маҳфилҳои суфия дар Тоҷикистон, намояндагони он ва нақши пирони тариқат сухан меравад, оид ба мавҷудияти ин маҳфилҳо ва намояндагону пирони тариқат дар Тоҷикистон миёни мутаваҷҷеҳони ин масоил баҳсҳо доир мешаванд. Аз ҷумла Акбар Тўраҷонзода дар масъала назари худро иброз дошта, ҳатто бо таҳқир нафарони ба сомонаи Радиои Озодӣ воридшавандаро «Салафиҳо ва атеистҳо!» хондааст.

Банда пас аз мутолиаи мақолаи «Шарҳи Тўраҷонзода роҷеъ ба «ҳалқаҳои зикр» дар сомонаи Радиои Озодӣ (12.04.2013) хулосабарорӣ кардам, ки ин ҳама иддаои ҷаноби Тўраҷонзода маншаи сиёсӣ доранд, зеро ў ихтилофот ба суфизмро кори дасти салафиҳо медонад, вале бо ишора ба Ҳукумати кунунӣ менависад, ки: «Ҳафтуним миллион мардум дар роҳи ихтиёри шумо ҳастанд, аз ҳамонҳо косманавту олим, духтуру муҳандис, раққосу хонанда тайёр карда, мамлакатро ривоҷ диҳед». Агар ғарази сиёсӣ намешуд ва ў ин матлабро ҳамчун донишманди соҳаи Ислом менавишт, ҳаргиз хусумати шахсӣ ва ғарази сиёсии хешро дарҷ намекард ва исломро бо сиёсат қиёс намедод. Чунки баҳс танҳо сари мавҷудияти маҳфилҳои ирфонӣ аст, вале дар шарҳи хеш ҷаноби Ҳоҷӣ Акбар ба «маҷбуран» ба таълим фаро гирифтану норасоии ҷойҳои корӣ ва дигар камбудиҳои ҳукумат мепардозад, ки ин як маризии табобатнашаванда дар ақидарониҳои ў мебошад.

Бо мутолиаи навиштаҳои қозии собиқ муайян кардани ба кадом дину мазҳаб ё равия пайравӣ кардани ў душвор аст, чун гоҳо аз шиаву суфӣ ва гоҳо аз суннату ҳанафӣ пуштибонӣ мекунад. Аз ин бармеояд, ки ў танҳо ҳадафи дар атрофи худ, бо чӣ роҳе набошад, дар ниқоби ислом ҷалб кардани мардум ва ба ин васила ба сарват ё қудрат расидан аст. Агар вай ҳадафи ҳимояи дини мубини Исломро медошт, мардуми тоҷик, ки 99 фоиз мусулмон асту аз оғоз ба мазҳаби Имоми Аъзам пайравӣ мекунанд, дар ин самт коре анҷом медод, на аз равияҳои, ба қавли худи ў, дар шимоли Африқову Халиҷи Форс, Ҳиҷозу Қафқоз, Афғонистону Эрон ва Покистону Бангладеш ройиҷбуда пуштибонӣ намуда, онро ба мардум тарғиб мекард.

Дини мубини Ислом, ки чандин аср аст, мо онро дар мазҳаби Ҳанафия пайравӣ мекунем, аз ҳама ҷиҳат ҷавобгўи тамоми аркони ин дин ва ҳадисҳои Пайғамбару (с) оятҳои Каломи Раббонист. Зарур нест, ки барои манфиатҳои шахсии худ онро ба равияҳои дигар табдил доду мардумро гумроҳ намуд, зеро аз оғози пайдоиши Ислом бармеояд, ки тамоми равияҳои мавҷуда дар натиҷаи ғаразҳои ашхоси алоҳида ва гурўҳҳои қудратхоҳ ташкил шудаанд, ки ҳадафи аслии ҳамаи онҳо дар ниқоби Ислом ба худ ҷалб кардани мардум ва аз эшон ба таври густурда ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои хеш истифода кардан аст. Ҷаноби Тўраҷонзода, ки ин таҷрибаро солҳои навадуми асри гузашта истифода карда, миллати тоҷикро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида буд, бори дигар бо супориши хоҷаҳои хориҷии худ, ки имсол соли интихоботи президентӣ аст, мехоҳад, вазъро тезутунд кунад. Вагарна, чӣ зарурат аст, ки дини мубини Исломро ба ҳазору як равия тақсимбандӣ куниву бо назардошти вазъ рўзе аз ину рўзе аз он сўйиистифода кунӣ?

Ин ҳама тафриқаандозӣ ва фитнагароиҳо танҳо ба хотири худро ба хоҷаҳо хуш нишон додану сарват ё қудрат ба даст овардан аст, на ба хотири манфиати халқу миллат, вале баҳона номи халқ асту бас. Фаромўш набояд кард, ки миллати тоҷик то ҳол он рафтору кирдору гуфтори Ҳоҷӣ Акбар ва ёронашро дар солҳои навадум фаромўш накардааст ва таърих низ онро фаромўш нахоҳад кард, зеро он ҳама бадбахтиҳову парешониҳо, бародаркушиву саргардониҳо ва ҳоказо маҳз дар натиҷаи гумроҳ кардани мардум дар ниқоби Ислом ва ба равияҳову маҳалҳо кашидани онҳо сурат гирифта буд. Бахусус, он ҳама ақидарониҳои қозии собиқ тавассути ВАО ва амри маъруфҳои онҳо дар миёни аҳолии авом мардумро ба гумроҳӣ бурда, миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун бародаркуш нишон додаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки чанде пеш Тўраҷонзода аз Ошўро пуштибонӣ мекард ва баргузории онро мутобиқ ба дини мубини Ислом медонист, ҳол он ки ташкили Ошўро танҳо дар мазҳаби Шиа мавҷуд аст. Имрўз бошад, ў аз маҳфилҳои орифона ҷонибдорӣ намудаву онро ташвиқ мекунад. Аз ин бармеояд, ки Ҳоҷӣ Акбар ба ҳар гурўҳе, ки дар ҷомеа пайдо мешавад, новобаста аз дину мазҳабаш, ба хотири ҷайби эшон ба худ ва сўйиистифода кардан аз эшон, онҳоро ҷонибдорӣ ва тарғиб мекунад. Ў дар кадом масъала набошад, хоҳ риш асту хоҳ ҳиҷоб, хоҳ шиаву хоҳ суфизм бояд ақидаи худро гўяду ба ин васила тавассути ВАО аз будани худ дарак диҳад ё ба кишварҳову гурўҳҳои алоҳида худро муаррифӣ кунад, то аз ў дар амалишавии ҳадафҳои ғаразнокашон истифода кунанд. Вагарна, дар навиштаҳои ў ба ҷуз худхоҳиву танқиди Ҳукумат чизе беш дарёфт намудан мушкил аст. Агар ў мусулмони комил мебуд, то ҳол нисбат ба рақибони солҳои навади худ – Ҳукумати кунунӣ кина намегирифт, чунки кина дар дини мубини Ислом амали ғайришаръӣ ва нобахшиданист. Бояд гуфт, ки ҳамин Акбари Тўраҷонзода солҳои навад бо ҳамин гуфтаҳо мардумро ба ҷанг андохт ва боз имрўз сар кардааст. Вай то андозае ҳасудхўр аст, ки ҳатто хонандагони сомонаи Озодиро атеист номидааст, ҳол он ки дар Тоҷикис-тони имрўза қариб, ки тамоман атеист нест, бахусус, ҷавонон, аксаран истифодабарандагони интернет ба шумор мераванд. Бо такя ба кадом далелу кадом ҳуқуқ ў мардумро атеист мегўяд? Чаро ў ҳуқуқ доштааст, дар дилхоҳ мавзўъ ақида мерондаасту дигарҳо, ки чизе гўянд, атеист ё дуогўи Ҷаноб будаанд?

Ин ҳама гувоҳи нотавонии ўст ва табиист, ки шахси нотавон нисбат ба тавоно бадбин аст. Тўраҷонзода ҳам аз гунаи ҳамин ашхос мебошад. Барои ҳамин, дур будан аз атрофи ў ва тиҳӣ будан аз ақидаҳои ў ба ҳар як шахси мўъмину мусулмон ва ватанпарасту ҳақҷў амри зарурӣ ва ҳатто, воҷиб ҳам ҳаст, зеро шахсе, ки нисбат ба каси дигар, ҳатто ба як давлату миллат бадбин аст, барои манфиатҳои шахсию гурўҳӣ ба сари он бадбахтиовар аст, аз рўи Ислом ҳам бо ў муносибат роиҷ нест.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки дигар миллати тоҷик ба ақидаҳои дар хориҷ бо ҳадафҳои ғаразнок тарҳрезишуда дода намешавад. Ин миллат як бор фирефтаи барномаҳои манфиатхоҳонаи ба ном «исломиҳо» шуд, дигар шудан ҳам намехоҳад, зеро соҳибистиқлолӣ ва фазои озоду ороми ин кишвар аз муқаддасоти азизтарин барои ҳар як фарди ҷомеаи кунунии Тоҷикистон мебошад. 99 фоизи ҷомеаи Тоҷикистон мусулмон ва аз шариату аркони дини мубини Ислом огоҳ аст ва ба «амри маъруф» ва дискҳои он, ки дар байни аҳолӣ паҳн мегарданд, ниёз надоранд, вале вой бар ҳоли касоне, ки ҳар гуна хурофотро ба номи дин анҷом медиҳанд.

Маврид ба зикр аст, ки маҳз сиёсат «муҳаббат»-и Акбари Тўраҷонзодаро ба Ислом зиёд мекунад, зеро, ба ақидаи ў, бо истифода аз ниқоби Ислом дар шуури мардум таъсир гузоштан осонтар асту ба ҳадаф расидан зудтар. Ҳаргиз! Ҳарчанд насли наву ҷавонони миллати тоҷик даҳшатҳои солҳои навадуми асри гузаштаро надидаанд, вале аз паёмадҳои имрўзаи аз ниқоби Ислом истифода кардани давлатҳову гурўҳҳои алоҳида ба хубӣ огоҳанд ва фазои орому осоиштаи кишварро бо ақидаҳои носолиму ваъдаҳои пучи шахсони зери таъсири аҷнабиён ноором дидан намехоҳанд. Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол бо ҳама бурду бохташ ватани аҷдодӣ ва макони амну суботи ин ҷомеа аст ва ояндаи насли наву ҷавон маҳз аз суботи кунунӣ вобаста аст.

Назири Қудрат

Add comment


Security code
Refresh