Хиёнаткорон бояд пушаймон шаванд, худро маломат кунанд
- Details
- Published on Thursday, 20 March 2025 15:10
Филми мустанади Хиёнат, ки дар телевизионҳо намоиш дода шуда истодааст, ин ҳақиқати ҳол аст.
Хиёнати ҲНИ ва маблағгузоронаш дар ин филм аз забони шоҳидони ҳол, ки дар солҳои ҷанг ҳамроҳи онҳо буданду баъд пушаймон шуданд, возиҳу равшан омадааст.
Бо далелҳои раднопазир дар ин филм омадааст, ки аз дасти ин хоинони миллат хуни ҳазорон нафар ба ғайри ҳақ рехт, ки ин ҳам ҳақиқати ҳол аст.
Вақто, ки ин аъмоли разилонаро аз номи ислом карданду хуни мардумро рехтанд, албатта дар назди Худо гунаҳкор шуданд, афсӯс то имрӯз чанд тан боқимондаҳои наҳзатиён бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ барои ризқи ҳароми худ Ватан, миллат, ҳатто, мазҳаби худро мефурӯшанд .
Ин хоинон бояд ин филмро бинанд, хулоса бароранд, аз Худои таъоло, аз халқу миллати Тоҷик бахшиш пурсанд ва нафси худро маломат кунанд.
ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА,
Раиси Шӯрои уламои дини вилоят