Шиносоӣ бо ҷараёни насби таҷҳизоти нав

Нимаи аввали санаи 16 майи соли 2013-ум Раиси вилоят Қоҳир Расулзода барои шиносоӣ бо ҷараёни насби таҷҳизоти нав дар корхонаи «Текстилсити» ва «Нассоҷи Хуҷанд» ба ҶСК «Абрешим» ташриф овард. Раиси вилоят нахуст аз корхонаи «Нассоҷи Хуҷанд» дидан карда, бо раванди кор ва насби таҷҳизоти нав дар ин коргоҳ шинос шуд.

 

Корхонаи ресандагӣ дорои дастгоҳҳои шонакунӣ, ҳаллоҷӣ, пилтаресиву ресандагӣ буда, 300 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шудааст. Дар сурати фаъолияти пуррааш дар моҳи июн боз 1100 нафар бо ҷои кор таъмин мешаванд. Ин корхона дар заминаи ҶДММ «Текстилсити» соли рафта ба фаъолият оғоз карда буд. Дар назар аст, ки дар як сол ба миқдори 2 ҳазору 500 - 3 ҳазор тонна ришта истеҳсол мегардад. Пас аз насби пурраи таҷҳизот коргоҳи бофандагӣ низ ба фаъолияти густурда оғоз мекунад ва теъдоди коргарон низ меафзояд.

Раиси вилоят, ҳамчунин аз коргоҳи либосдўзии ин шаҳраки саноатӣ боздид ба амал овард. Дар коргоҳи либосдўзӣ 100 нафар зан бо кор машғул буда, маоши миёнаи онҳо 600 сомонӣ мебошад. Дар ин ҷо либосҳо барои мактаббачаҳо ва қисмҳои ҳарбӣ, ҳамчунин сарулибоси маъмулӣ аз матои истеҳсоли корхонаҳои “Текстилсити” ва “Нассоҷи Хуҷанд” бо сифати баланд дўхта мешаванд. Соли гузашта коргарони коргоҳи мазкур тариқи шартнома ба мактабиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров либосҳои мактабӣ омода карданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, имсол низ барои мактабиёни ноҳияи Зафаробод либос дўхта мешавад. Миқдори умумии истеҳсоли либос дар як сол 200 ҳазор адад буда, он ба бозори дохилӣ бароварда мешавад.

Раиси вилоят ба шахсони масъули коргоҳ тавсия дод, ки барои пайдо кардани мавқеъ дар бозор либосҳоро бо нархи дастрас пешниҳод намоянд.

Зикр гардид, ки фаъолияти пурраи корхонаҳои ҶСК «Абрешим» дар моҳи июн ба нақша гирифта шудааст. Имконияти ҶСК «Абрешим» пас аз насби таҷҳизоти нав фарох мегардад ва 3 ҳазор коргарро бо кор таъмин карда метавонад. Ба масъулони соҳа супориш дода шуд, ки дар мўҳлати муайяншуда корҳои васлу насбро ба анҷом расонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh